Шоҳнома: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
→‎Таърихи эҷоди "Шоҳнома": Дуруг торикии имон аст...
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 4:
'''Шоҳнома''' ({{lang-fa|شاهنامه}}) - ин достонест, ки [[Фирдавсӣ|Фирдавсиро]] дар олам машҳур кардааст. [[Фирдавсӣ]] зиёда аз сӣ соли ҳаёти худро барои навиштани "Шоҳнома" сарф кардааст.
== Таърихи эҷоди "Шоҳнома" ==
Фирдавсии бузург асари худро дар замоне навишт, ки давлати бузург ва муттамаркази тоҷикон – [[Сомониён]] дар натиҷаи кашмакашиҳои дохилӣ ва таҳдиди аҷнабиёни чодарнишини рў ба рў бв парокандаги ниҳода буд. Вай дар сини 35 солагӣ пас аз он ки ба [[Бухоро]] ва дигар ҷойҳо сафар карда, бар иловаи «Шоҳномаи Абўмансурӣ» дар бораи гузаштаи халқҳои [[Эрон]] маълумоти муфассал ҷамъ овард, ба танзими хамосаи худ «Шоҳнома» шурўъ намуд, Сар то сари он ба ҳимояи чунин давлат ва ягонагии мардум бархоста, далерӣ, озодӣ, садоқат, ватандўстӣ ва қаҳрамонӣ барин волотарин хислатҳои инсониро тарғиб намудааст. Муттаҳидшавии эрониён дар мубориза баҳри мустақилияти давлат барои бартараф намудани низоъҳои феодалӣ ва зулму истибдоди ҳокимони махаллӣ дар Фирдавсӣ фикри офаридани эпопеяи азими «Шоҳнома» - ро ба вуҷуд овард. Сарчашмаи асосии хамосаи Фирдавсиро силсилаи гуфтори саккоӣ суғдӣ дар бораи [[Рустам]]и баҳодур, ки беш аз сеяки достонро дар бар мегирад, инчунин афсонаҳои суғдиву хоразмӣ дар бораи [[Сиёвуш]] ва афсонаи бохтарӣ дар бораи [[Исфандиёр]] фароҳам овардаанд. Аксарияти асотири фасли аввали достон, ки бо афсонаҳои дар Авасто ишораёфта мушобеҳ мебошанд, низ аз манбаҳои осиёимиёнагӣ баромадаанд. Ривоятҳои оид ба давраи сосонӣ (қисмати хурди достон) асосан аз маъхазҳои хаттӣ, ахсусан аз адабиёти паҳлавӣ иқтибос шудааст. Фирдавсӣ маъхазҳо (воқеаномаҳои таърихии сосонии «Хватай - намак» «Шоҳномаи Абӯмансурӣ») ва ривоятҳои даҳонакии халқро аз нав кор карда, тавсифи воқеаҳоро ба тариқи худ шарҳ дод. Вале аз рўзе, ки Фирдавсӣ ба таълиф намудани ин асар камар баста буд, хеле вақт гузашт. Дар ин муддат давлати Сомонӣ аз по афтода, аз ҳомиёни шоир кассе намонда буд. Он гоҳ Фирдавсӣ аз рўи маслиҳати яке аз одамони хайрандеш «Шоҳнома»-ро ба султон Маҳмуди Ғазнавӣ, ки ба сари ҳокимият омада буд, тақдим намуд. Лекин Маҳмуд ин тӯҳфаи шоиронаро рад намуд ва чунон, ки нақл мекунанд, ҳатто шоирро аз сабаби тасвир намудани қаҳрамонон ва подшоҳони пеш аз ислом ба кофири айбдор намуда, бифармуд, ки ба зери пои шутурфил партоянд, намояндаи сулолаи нави ба ҷои Сомониён омадаи турк султон Маҳмуди Ғазнавӣ табиист, ки дар достон, қабл аз ҳама, хавфи сиёсӣ дарёфт, зеро дар ин хамоса муборизаи аҷдоди халқи тоҷик бар зидди Тўрониён (номи қадимаи тоифаҳои бодиянишини шарқиэронӣ), ки дар аҳди ў ҳамчун аҷдоди қавми турк ҳисоб меёфтанд, ситоиш карда мешуд. Ғайр аз ин, Султон Маҳмуд, ки роҳи ба дастовардани пуштибонии хилофати араб ва рўҳониёни мусулмонро меҷуст, ва муқобили васфӣ анъанаҳои қадимаи тоисломи дар «Шоҳнома» ва руҳияи зиддиарабии он бархост. Вале муҳимтарин сабаби муносибати манфии Маҳмуд нисбат ба «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ иборат аз ин буд: Маҳмуд, ки фурӯ нишондани ҳаракатҳои халқро асли мақсади худ қарор дода буд, наметавонист асари моҳиятан халқии шоири гениалиро тақдир намояд. Эҷоди достон,аз рӯи ишоратҳои мухталиф аз 20 то 35 сол буда , таҳрири авалаш дар соли 994 ба итмом расида, таҳрири дуюмаш, ки ин дам пешкаши султон Маҳмуд гашта буд, соли 1010 поён ёфтааст ва то замони мо ҳамин таҳрири дуюм омада расидааст. Мундариҷаву мӯҳтавиёти достон – таърихи Эрон аз оғоз то ба тассаллути араб, ба таъьири дигар – таърихи тоисломии Эрон аст.
 
== "Шоҳнома" ==