Бехмева: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
[[Акс:Carrot.jpg|thumb|[[Сабзӣ]]]]
'''Бехмева''' — бехи баъзе [[рустаниҳо]], ки аз сабаби серобу сершираву серғизо буданашон парвариш карда мешаванд.
[[Акс:Beet it (295804450).jpg|thumb|[[Лаблабӯ]]]]
'''Бехмева'''  — бехи баъзе [[рустаниҳо]], ки аз сабаби серобу сершираву серғизо буданашон парвариш карда мешаванд.
 
Рустаниҳои бехмева, одатан, яксола (шалғамча), дусола (шалғам, турб, сабзӣ, ҷаъфарӣ, карафс, коснӣ ва ғ.) ва бисёрсола (қатрон — қатран) мешаванд. Аз рӯйи мавриди истифода ба ду гурӯҳашон ҷудо мекунанд: хӯрокӣ ва хӯрокии чорво (лаблабуи говак, каҳрабошалғам, шалғами хӯроки чорво) ва техникӣ (лаблабуи қанд, коснӣ). Рушду инкишофи рустаниҳои бехмеваи яксола дар як давраи нашв ба охир мерасад. Аксари рустаниҳои бехмеваи дусола соли аввал тӯдабарг ва бехмева ҳосил карда, соли дуюм баргу поя мебароранд ва гул карда тухм мебанданд. Шакли бехмева хеле гуногун (дарозрӯя, лӯнда, махрутшакл, халтамонанд, тухмшакл ва ғ.), мағзашон сафед, зард, сабзтоб, сурх, сурхча ва бунафш аст. Рустаниҳои бехмева рушноидӯст мебошанд. Онҳо дар хокҳои сернаму ҳосилхез хуб месабзанд. Дар Тоҷикистон қариб ҳама намуди рустаниҳои бехмеваро кишт мекунанд. Нисбатан кӯтоҳ будани давраи нашв (70–10070-100 рӯз) ва сармобардории рустаниҳои бехмева имкон медиҳанд, ки дар шароити Тоҷикистон аз як замин соле ду маротиба ҳосил гирифта шавад. Таркиби бехмева аз 20–2520-25 % моддаҳои хушк, аз ҷумла қанд, намакҳои ишқорӣ (барои мубодилаи витаминҳои С, В, В2, Р, РР, К, Е, Н заруранд) ва каротин иборат аст. Бехмеваро дар ҳолати тару тоза ва пухта истеъмол мекунанд. Онро хушконидан ва консервонидан ҳам мумкин аст. Лаблабуи қанд ашёи хоми саноати қанд мебошад. Меваву баргу пояи бехмеваҳоро барои хӯроки чорво истифода мебаранд.
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
== Адабиёт ==
* Сабзавоткорӣ дар Тоҷикистон. Д., 1972;
* Файзиев Ҳ. С. Дастури сабзавоткор. Д., 1983;
* Файзиев Ҳ. С. Парвариш ва нигоҳ доштани сабзавот. Д., 1986;
* Бекиев Ш.  Г.  Овощные культуры мира. Энциклопедия огородничества. М., 1998.
 
== Сарчашма ==
* {{ЭМТ|Бехмева|2|муаллиф= }}
 
[[Гурӯҳ:Бехмеваҳо| ]]