Бадахшон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 182:
Ҷуғрофидони асри 10 Муқаддасӣ роҷеъ ба Бадахшон, хусусан маъданҳову сангҳои гаронбаҳои он маълумоти муфиде ироа намудааст. Ӯ навиштааст: {{аввали иқтибос}}«Бадахшон то кишвари туркон тӯл кашида, дар қисми болои Тахористон воқеъ гаштааст. Дар он кони гавҳаре, ки ба ёқут монанд мебошад (лаъл), мавҷуд аст, ки ғайри он диг. дар ҳеч ҷой чунин кон вуҷуд надорад. Дар он ҷо работи Фозил ва як қалъаи аҷибе, ки аз они Зубайда (зани халифаи аббосӣ Ҳоруннуррашид) мебошад, мавҷуданд. Дар он ҷо конҳои лоҷвард, булӯр, санги бозаҳр (подзаҳр), санги фатила (пилтасанг, асбест) мавҷуд мебошанд. Охирӣ (яъне асбест) чизест ба бардӣ (папирус) монанд, дар оташ намесӯзад. Онро дар равған андохта мегиронанд ва он мисли пилта сӯхтан мегирад ва кам намегардад. Онро дар оташи сӯзон соате мепартоянд ва он ба ҳолати аввалияш бармегардад. Аз он дастархонҳо мебофанд. Чун дастархонҳо чиркин гаштанд ва хостанд онҳоро бишӯянд, он дастархонҳоро дар (оташи) танӯр меандозанд. Пас аз ин онҳо ба мисли ҳолати аввалӣ баргашта, пок мешаванд. Боз санги дигаре (дар Бадахшон) вуҷуд дорад, ки чун онро дар хонаи торик гузоранд, аз худ нур афканда, чизҳои наздикашро равшан месозад».{{охири иқтибос|сарчашма=Муқаддасӣ}}
 
Бадахшон на фақат бо конҳои [[лаъл]]у [[лоҷвард]], балки бо конҳои маъданҳои зиёди дигар аз қабили [[тилотилло]], [[нуқра]], [[оҳан]], [[қӯрғошим]], [[руҳ]], [[волфрам]], [[сурб]], [[молибден]], [[булӯри кӯҳӣ]], [[асбест]], [[мис]], [[беҷода]] (гранат) ва сангҳои диг. гуногуни гаронбаҳо ва нодир — шпиндел, яшм, талқ, навъҳои гуногуни санги мармар, гранит машҳур буда, конҳои мазкур дар тӯли таърих фаъол буданд. Маҳз ҳамин сарватҳои зеризаминӣ Бадахшонро дар олами он замон машҳур гардонида, сайёҳону ҳаводорон аз кишварҳои мухталиф барои ба даст овардани он ба ин сарзамин сафар мекарданд. Бино ба иттилооти маъхазҳо дар асрҳои 11-12 дар саросари кишвар истихроҷи маъданҳои нодир авҷ гирифта буд. Танҳо дар Кӯҳи Лаъл олимон 500 мавзеи қадимии истихроҷи лаълро кашф кардаанд.
 
Бадахшон на фақат бо конҳои лаълу лоҷвард, балки бо обҳои маъданию шифобахш низ маълуму машҳур мебошад. Дар ҳудуди Бадахшони Тоҷикистон беш аз 60 чашмаи[[чашма]]и оби гарм ва обҳои сарди маъданӣ мавҷуданд, ки танҳо як қисми онҳо барои табобати[[табобат]]и беморон мавриди истифода қарор гирифтаанд. Таркиби ин обҳо аз гази карбон, азот, обҳои ширини нӯшокӣ, обҳои маъдании дорои таркиботи гуногуни кимиёӣ бештар дар ҷан. ғарби Помир дучор мешаванд. Дар қисмати ҷан. шарқ — дар [[Мурғоб]] −2− 2, [[Ишкошим]] − −2222, [[Ванҷ]] — 5, [[Роштқалъа]] — 6, [[Шуғнон]] — 3 манбаи оби чашма вуҷуд доранд.
 
== Дин ==