Паймон (шоир): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х мукофот ҶОИЗА нест, replaced: Ҳамсара → завҷа using AWB
Сатри 1:

{{Адиб
|ном = Паймон
Line 36 ⟶ 35:

== Фаъолияти корӣ ==
Паймон пас аз хатми донишгоҳ ба назди падару модар баргашта, дар мактабҳои миёнаи деҳоти Моҷарм ва Синтоб аз фанҳои забону адабиёти тоҷик ва забони форсӣ дарс медиҳад. Соли 1982, пас аз он ки очерки ӯ таҳти унвони «Панди падар» дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») ба табъ мерасад, аз сӯйи мудирияти рӯзнома ба кор даъват мешавад. Ҳамин тавр, баробари хотима ёфтани соли таҳсили 1981—1982 бо фотиҳаи падар роҳи Тошкандро пеш мегирад ва баъд аз суҳбату шиносоӣ бо сармуҳаррири рӯзнома Шавкат Ниёзов ба кори рӯзноманигорӣ мепардозад. Аз соли 1986 инҷониб мудири бахши фарҳанги «Овози тоҷик» аст. Ӯ хонаводаи обод ва фарзандони солеҳ дорад. Ҳамсарашзавҷаш Идигул, писаронаш Хусраву Манучеҳр, духтараш Муниса ва наберагон ғамхорию меҳрубониҳои худро барояш дареғ намедоранд.

== Фаъолияти эҷодӣ ==
Line 46 ⟶ 45:
''Ба боғи ёди ёрон мушк безад,
''Хаёли хотири ошуфтаи мо…''{{охири иқтибос}}

=== Шеър ===
Line 70 ⟶ 68:
Ҳарчанд хасми обхури ман зиёд буд.

Ҷонсахтии мудоми ту дар гирудорҳо,

Ибрат ба рағми ҷумла маро дар ҷиҳод буд.

Аз он ки ту намурдаӣ, ман низ зиндаам,

Дар қабзаи ҳиҷои ту овардаам паноҳ.

Оре, фақат ту будаӣ дар ҳифзи ҷони ман,

Алҳақ, фақат ту будаӣ манро паноҳгоҳ…

Оваҳ, забони модарии шаҳдрези ман,

Дар даҳр ҳеҷ ганҷ маро аз ту беш нест.

Андар намози панҷгаҳи ман дуои туст,

З-он рӯ, ки беҳтарам зи ту пайванду хеш нест…

Кам мешавам барои туву кам намешавам,

Ғам мекашам барои туву мекунам ҳузур.

Умрам ҳама фидои камолу фари ту бод,

Ай манбаи сурури ман, ай маншаи ғурур.

=== Ғазал ===

Омад бари ман омад, он симбадан имшаб,

То бишканадам тавба, он тавбашикан имшаб.

Шайдову хумор омад, ҷоме ба канор омад,

Гӯйӣ, ба шикор омад, он сайдфикан имшаб.

Бебок бари мо шуд, ҷону ҷигари мо шуд,

Шамъу қамари мо шуд, он ёри ҳасан имшаб.

Биншаст чи мастона, дар баст ба бегона,

Чун маст, чу девона, он ҳури фитан имшаб.

Озодаву зебо буд, аз кишвари рӯъё буд,

То субҳ чӣ гӯё буд, он тӯтисухан имшаб.

Ғамро ҳама барҳам зад, дамро ҳама дарҳам зад,

Дилро ҳама марҳам зад, он норзақан имшаб.

Чун олиҳаи армон, сар то қадами Паймон,

Line 115 ⟶ 113:
Чун рӯди равон умри равон мегузарад.

Бар кори замона доман афшону биё,

К-ингуна расидасту чунон мегузарад.

Ин даҳр сириштаи савобу гунаҳ аст,

Яъне ба рухе сафед, рӯе сияҳ аст.

Ҳам манзили ғам, ҳам ошёни фараҳ аст,

Гаҳ дасти кушод, гоҳ мушти гираҳ аст.

Суде набувад баъди гунаҳ оҳ кашем,

Line 133 ⟶ 131:
== Адабиёт ==
{{сут|2}}
* Тӯйназар, Б. Мурғи ҳақгӯйи Паймон: эссе / «Овози тоҷик», 26 .04.2000.

* Ҳамроев, Ҷ. Раҳшиноси қадамгоҳи шеър: мақола / «Овози тоҷик», 18.12.2002.

* Олимов, С. Шеъри имрӯзи форсӣ дар Ӯзбекистон: мақола / «Овози тоҷик», 28.08.2004.

* Тӯйназар, Б. Дар олами шеър саргардон аст: мақола / «Овози тоҷик», 23.02.2005.

* Умруллоев, Х. Аз лутфи шеъри Паймон: мақола / «Овози тоҷик», 10.11.2007.

* Ҳасанзод, А. Идомагари суннати ниёгон: мақола / «Ховар», 01.02 −15.02. 2009.

* Маҳмуд, Ф. Дар чаман дӯш сабо бӯйи ту савдо мекард: мақола / «Овози тоҷик», 25.02.2009.

* Тӯйназар, Б. Табъи худодод: мақола / «Овози тоҷик», 22.09.2012.

* Қурбоналиева, М. Паймон — шоири замон: мақола / «Ховар», 16.04 −13.04.2013.

* Қӯзиев, Д. Вохӯрии хотирмон: мақола / «Овози тоҷик», 22.05.2013.

* Боқӣ, Т. Дар сина баҳори пойдоре дорад: мақола / «Овози Самарқанд», 18.02.2015.

* Боқӣ, Т. Чакидаҳо аз рӯзгори Паймон: мақола / «Овози тоҷик», 21.02.2015.

* Раҳмон, Ӯ. Зодгоҳ — ватан андар ватан: мақола / «Овози тоҷик», 17.06.2015.
* Маҳмуд, Ф. Роҷеъ ба сӯгномаи Паймон: мақола / «Овози тоҷик», 01.07 — 15.07.2015.

* Ҳамроев, Ҷ. Асрори шеъри шоир: китоби илмӣ-пажӯҳишӣ андар шиносондани Паймон ва осори ӯ/ Тошканд: Paradigma, 2017.

{{охири сут}}