Николай Басов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
илова, ислоҳ
ислоҳ
Сатри 29:
 
== Зиндагинома ==
Николай Геннадиевич Басов баъди хатми Инистути инженерию физика (1950) дар Иниститути физикаи Академияи илмҳоилмҳои ИҶШС кор мекунадмекард (аз с. 1972 директор). Профессор Иниститути инженерию физикаи Маскав (1963), сармуҳаррири маҷҳои «Наука», «Квант», «Квантовая электроника», «Природа» (1967), раиси Раёсати ҷамъияти умумииттифоқии «Знание» (1978–1990) буд.
== Фаъолияти илмӣ ==
Бо ҳамкории А.М. Прохоров усули нави бо ёрии системаҳои квантӣ ҳосил кардани лапишҳои электромагнитиро ба вуҷуд овард ва аввалин генератори молекулавӣ (мазер)-ро бо дастаи молекулаҳои аммиак сохт (1954). Якҷоя бо Ю.М. Попов ва Б.М. Вуд ақидаи татбиқи нимноқилҳоро дар генераторҳои ҳудуди оптикӣ (лазерҳо) пешниҳод намуд, усули сохтани лазерҳои нимноқилиро такмил дод. Басов оид ба лазерҳои пуриқтидори газӣ ва кимиёӣ таҳқиқот анҷом дода, лазерҳои фторию ҳидрогенӣ, йодӣ ва эксимериро сохт. Як қатор корҳои илмии Басов ба масъалаҳои паҳншавӣ ва таъсири мутақобили импулсҳои лазерӣ бо модда, истифодаи лазерҳо барои идора кардани синтези термоядроӣ, усулҳои лазерии гармкунии плазма, равандҳои тезонидани реаксияҳои кимиёӣ бо афканишоти лазерӣ, асосҳои физикавии ташкил додани стандартҳои квантии басомад, истифодаи лазерҳо дар оптикаи электронӣ ва ба оптикаи ғайрихаттӣ бахшида шудаанд.