Тоҷикфилм: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 17:
 
== Эҳё ва рушд ==
Аз нимаи дуюми солҳои 50, марҳалаи дигари рушди кинои тоҷик оғоз меёбад. Дар марҳилаи солҳои 50 — 70 таҳиягар [[Кимёгаров Бенсион Ариевич|Борис Кимёгаров]] яке аз пешсафони кинематографияи тоҷик шинохта шуд. Ӯ дилбохтаи тоҷикон ва фарҳанги онон буд. Хушбахтона, дар кинои тоҷик маҳз ба ҳамин шахсият таърих ва саодати эҷодӣ имконияти бештаре додааст, ки ба мавзӯҳои муҳими ҳуввияти мардуми тоҷик камар бандад. Дар хотираи таърихии халқ эҳё кардани симои Рӯдакии бузург — филми [[Қисмати шоир (филм)|«Қисмати шоир»]] (барандаи ҷоизаи аввал дар Кинофестивали байналмилалии Қоҳира, [[соли 1959]]), тавоноии маънавии шеър ва ҳикмати Абулқосим [[Фирдавсӣ]] — филмҳои [[Коваи оҳангар (филм)|«Коваи оҳангар»]] ([[соли 1961]]), «Достони Рустам» (соли 1970), «Рустам ва Сӯҳроб» (соли 1971), «Достони Сиёвуш» (соли 1976); ба экран овардани классикаи муосири тоҷик — [[Дохунда (филм)|«Дохунда»]] ([[соли 1956]]), [[Ҳасани аробакаш (филм)|«Ҳасани аробакаш»]] ([[соли 1965]]), [[Одам пусташро иваз мекунад (филм)|«Одам пӯсташро иваз мекунад»]] [[1978]]—[[1979]] аз ҷумлаи комёбиҳои беназири кинои тоҷик дар офаридани филмҳои бадеӣ ба шумор мераванд. Сохтани филмҳои «Тоҷикистон» (соли 1945) бо ҳамкории Л. Степанова (соҳиби медали биринҷӣ ва Грамотаи Фахрии Кинофестивали байналмилалии Венетсия, соли 1946), «Дар кӯҳҳои Помир» (соли 1946), «Водии миллионерҳо» (соли 1974), «Қувваи бузург» (соли 1948), «Дар Помир» (соли 1952), «Водии Вахш» (соли 1954), «Сарзамини ҷавонӣ» (соли 1950), «Тоҷикистони Советӣ» (нахустин филми ранга, соли 1951; Мукофоти давлатии СССР, соли 1952), «Иди халқи тоҷик» (соли 1955), «Одамони кишвари офтобрӯя» (соли 1957), «Ассалом, Тоҷикистон» (соли 1960), «Чаҳор суруд дар васфи Тоҷикистон» (соли 1964), «Садриддин Айнӣ» (соли 1949), «Сарояндаи Ватан» (соли 1968), «Садриддин Айнӣ» (соли 1978), ки воқеан кинои тоҷикро соҳиби аввалин ҷоизаҳои байналмиллалӣбайналмилалӣ гардонда буданд (хусусан филмҳо дар бораи нависандаи бузург Садриддин Айнӣ, ки ба шарофати онҳо ӯ барои наслҳои оянда зинда мондааст) ба соҳаи дигари фаъолияти кинои тоҷик — ба офаридани филмҳои мустанад бунёд гузошт ва он тадриҷан инкишоф ёфт. Бо ин ҳама Кимёгаров асолати ахлоқи ҳамидаи тоҷикон — меросбарони бойтарин фарҳанги маънавии мардуми эронинажодро баланд бардошт ва моро ба фарогирии навоварона, оммавӣ ва умумихалқии арзишҳо ва сарчашмаҳои маънавии гузаштаамон раҳнамун сохт.<ref name="ReferenceA">Энциклопедия кино Таджикистана. Краткая история кино Таджикистана — Душанбе, 2012, с.6-38</ref>
 
[[Кимёгаров Бенсион Ариевич|Борис Кимёгаров]] нахустин коргардоне буд, ки бо чунин қадрдонӣ ва эҳтиром ба мероси бойи халқҳои эронӣ рӯй овард ва аввалин шуда ин меросро дар марҳилаи нави таърихӣ ба шакли ҳунари нав — кино дубора ба арзишҳои тамаддуни ҷаҳонӣ табдил дод.
Сатри 34:
* [[Валерий Аҳадов]] — «Дарвеши ланг» (соли 1986), «Асрори оила» (соли 1983);
* [[Елизавета Кимёгарова]] — «Қиссаҳои Муки кӯчак» (соли 1983)
ба саҳифаи таърихи кинои тоҷик ҳамчун филмҳои беҳтарини давраи шӯравӣ ворид шудаанд. Дар ин радиф гуфтан лозим аст, ки Евгений МотилеМотил, ки дар ҷаҳон бо филми «Офтоби дурахшони биёбон» машҳур аст, фаъолияти касбии худро дар «Тоҷикфилм» шурӯъ кардааст. Филме, ки ӯ таҳти унвони «Бачаҳои Помир» (соли 1963) ба навор гирифтааст, бо худ давраи нави гуяндагиро ҳам дар самти «забони филм» ва ҳам дар маҷмӯъ эстетикаи кинои тоҷик оғоз намуд.
 
== Солҳои 80 ва аввали 90 ==