Латифа: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
гурӯҳбандӣ
навсозӣ
Сатри 1:
'''Латифа''' (шухӣ, мутоиба, сухани бозарофат, сухане, ки дорои мазмуни амиқ ва нозук аст) — дар фолклор ва адабиёти хаттии тоҷик аз қадим чун жанри мустақил ва маъмули насри бадеӣ вуҷуд дошт ва ҳоло низ дар авҷи инкишоф мебошад. Дар латифа ҳодисаҳои муайян не, балки як лаҳзаи хурди воқеаи мухтасар ишора меёбад. яъне латифа танҳо як лаҳзаро дар бар гирифта, дар он инкишофи воқеа ва характиристикаи қаҳрамонон дида намешавад. Латифа аксаран бе муқаддимаву хотима ва бе тайёрии махсус, бадохатан гуфта мешавад.
 
Дар байни мардуми тоҷик ҳикояҳои кӯтоҳе ҳастанд, ки ширину латиф ва ҳаҷвомез буда, дар ҳар як нишасту маҳфил, маъракаҳо, баъзан кӯчаву бозор ва дигар мавзеъҳо байни дӯстону ҳамкорон барои хушҳол намудани табъу хотир гуфтаву шунида мешаванд. Ин ҳикояи хурдҳаҷми эпикиро латифа меноманд, ки дар шароити имрӯза яке аз жанрҳои фаъол буда, нисбат ба жанрҳои дигари насри шифоҳӣ, масалан афсонаву қисса, корбурди бештаре дорад. Дар латифа қариб ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёт ва воқеаҳои рӯзгор ба тарзи бадеӣ ва бо оҳанги ҳаҷвомез инъикос меёбанд. Ҳатто хурдтарин ҷузъиёте, ки дар зиндагии мардум аҳамияту арзише дорад, ё худ лавҳаву лаҳзаҳои гуногуне, ки дар муносибати ҳаррӯзаи одамон мушоҳида мешаванд, дар мазмуни латифаҳо
Қахрамонони асосии латифаҳои тоҷикӣ [[Абдураҳмони Мушфиқӣ|Мулло Мушфиқи]], Насриддин Афанди ([[Афандӣ]]) мебошанд. Силсилаи бузурги латифаҳои халкии тоҷики аз номи ин ё он маҳал (махаллати, ширини, румони, дарвози, хуфи, каротегини ва г.) гуфта мешаванд. Вале дар адабиёти хаттӣ номи персонаж ва қаҳрамонони зиёди ҳачви аз кабили Бахлул, Абунувос, Хуҷа, Талхакро дучор мекунем, ки баъдтар бо номи Хоҷа Насриддин ([[Афандӣ]]) иваз шудаанд.
бозтоб мегарданд.<ref>Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 21. – 280 с. </ref>
Қахрамонони асосии латифаҳои тоҷикӣ [[Абдураҳмони Мушфиқӣ|Мулло Мушфиқи]], Насриддин Афанди ([[Афандӣ]]) мебошанд. Силсилаи бузурги латифаҳои халкии тоҷики аз номи ин ё он маҳал (махаллати, ширини, румони, дарвози, хуфи, каротегини ва г.) гуфта мешаванд. Вале дар адабиёти хаттӣ номи персонаж ва қаҳрамонони зиёди ҳачви аз кабили Бахлул, Абунувос, Хуҷа, Талхакро дучор мекунем, ки баъдтар бо номи Хоҷа Насриддин ([[Афандӣ]]) иваз шудаанд.<ref>Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ — Душанбе: «Аржанг» 2016, — С. 12</ref><ref>http://www.pitfi.tj/files/txt/Fehristi_MFG_tj.pdf ПИТФИ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ]</ref>
 
Дар латифаҳои тоҷикӣ персонажҳои маъруф Насриддин Афандӣ, Мушфиқӣ, Кали зирак ва чанде дигар ҳамеша бо рафторҳои хандаовару зарофатҳои намакин камбудиҳои фардӣ ва иҷтимоиро танқид карда, мардумро шоду хурсанд ва ба зиндагӣ дилгарм менамоянд. Тавассути латифаҳо хислату ниҳодҳои хубу бади тоифаҳои мухталифи одамон бозгӯ мешаванд, чунончи: зиракию сухандонӣ, ҳозирҷавобӣ, инчунин хулқу хисоли манфӣ, аз ҷумлаи танбалию муфтхӯрӣ, мардумозорӣ ва содагию ҷоҳилии баъзе инсонҳо мундариҷаи латифаҳоро фаро гирифтаанд.
'''Латифа''', нақли [[Афандӣ]] — Яке маъмултарин жанрҳои насри шифоҳии тоҷик аст, ки мазмуни ҳаҷвӣ ва моҳияти танқидӣ дорад. Латифаҳо бо мақсади саргармӣ, фароғат ва хушҳол кардани мардум гуфта мешаванд. Дар мазмуни аксари латифаҳо камбудиҳои фардию ҷамъиятӣ танқид ва фош карда мешаванд. Дар латифаҳо ду-се нафар персонаж иштрок мекунанд ва муносибати онҳо бештар тавассути муколама сурат мегирад. Қаҳрамони асосии латифаҳои тоҷикӣ Насриддин [[Афандӣ]] ва [[Абдураҳмони Мушфиқӣ|Мушфиқӣ]] мебошанд.<ref>Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ — Душанбе: «Аржанг» 2016, — С. 12</ref><ref>http://www.pitfi.tj/files/txt/Fehristi_MFG_tj.pdf ПИТФИ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ]</ref>
Чунончи: {{аввали иқтибос}}Як рӯз зани Афандӣ ҷомашӯӣ мекард, ки нохост як зоғи сиёҳ омада, аз пеши тағораи вай собуни нисфшударо гирифта, парида меравад.
Зани Афандӣ фарёд зада ба шавҳараш мегӯяд, ки:
;– Шумо чи хел мардак, ки зоғ собуна бардошта рафту шумо чизе нагуфтед?
Афандӣ мегӯяд, ки:
;–Чаро ин қадар дод мегӯӣ, намебинӣ, ки либоси вай аз либоси мо ҳам сиёҳтару чиркинтар?! Мон, ки вай бечора ҳам собунро бурда, либосашро шӯяд!
Сухан дар латифаҳо хеле кӯтоҳу мӯҷаз баён мегардад. Аз саноеъи бадеӣ бештар муболиғаву иғроқ барои дилчаспу хандаовар шудани мазмун ва баъзан таҷнис, тазод ва тавсифҳо барои кушодани моҳияти мундариҷаи латифа кӯмак мерасонанд.
Аз Афандӣ пурсиданд, ки:
;–Чаро одамон ба ҳар тараф мераванд?
Афандӣ гуфтааст:
;–Ҳамаи одамон агар ба як тараф нигоҳ карда раванд, як тарафи замин вазнин шуда, чаппа мешавад-дия.{{охири иқтибос|сарчашма=}}<ref>Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 21. – 280 с. </ref>
 
Латифа аз он жанрҳоест, ки дар муддати нисбатан кӯтоҳ ба вуҷуд меояд. Яъне ҳар ҳодисаи дар рӯзгор рӯйдиҳанда зуд ба интиқод, ҳазлу шӯхӣ ва вокуниши мардум дучор гашта, ниҳоят дар шакли нисбатан бадеӣ ва устувор – қолиби латифа ҷамъбаст мешаванд. Дар бораи шахсони маъруф, санъаткорон, сиёсатмадорон, сарватмандон ва табақаҳои дигари иҷтимоӣ имрӯзҳо намунаҳои нав ба нави латифаҳо эҷод ва паҳн мешаванд, ки аз зиндаву фаъол будани ин жанр гувоҳӣ медиҳанд. Лозим ба зикр аст, ки дар нашрияҳои матбуоти имрӯза, чи ба забони тоҷикӣ ва чи ба забони русӣ, ҳар ҳафта садҳо латифа ба табъ мерасанд, ки баъзеи онҳо намунаҳои мардумӣ ё худ сирф фолклорӣ буда, қисми дигарашон соҳибмуаллифанд. Дар натиҷаи гардишхӯрӣ баъзе намунаҳои латифаҳои дар матбуот чопшуда ба репертуари гӯяндаҳои мардумӣ дохил мешаванд. Яъне дар интиқол ва суфташавии баъзе латифаҳо воситаҳои ахбори омма нақши муҳим доранд. Чунончи, намунаи латифаҳои анъанавиро имрӯзҳо дар шакли намоишӣ (масалан, дар барномаҳои «Лаҳзаҳои гуворо», «Хандинкамон», «Шакарханд», «Шӯхиҳои Аловиддин» ва ғ.), дар шакли барномаҳои радиогӣ ва дар саҳфаҳои матбуоту шабакаи ҷаҳонии Интернет мушоҳида карда метавонем. <ref>Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 21. – 280 с. </ref>
 
== Нигаред ==
* [[Аскиягӯӣ]]
* [[Зарбулмасал]]
* [[Адабиёти тоҷик]]
== Пайвандҳо ==
 
* {{Cite web|url= http://www.pitfi.tj/node/461|title=Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ|author=|website= www.pitfi.tj|date=|publisher= |lang= |accessdate=2019-02-19}}
== Сарчашма ==
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
{{таърих-нопурра}}
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Латифа"