Рӯзноманигорӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 1:
'''ЖурналистикаРӯзноманигорӣ''', '''журналистика''' (франс. journal – рӯзнома, jor – рӯз; асоси лот. diuria – рӯзбайъ) – ниҳоди махсуси иҷтимоӣ, сиёсӣ ва эҷодие, ки вазифаи асосиаш ҷамъ овардан, омода кардан ва пахши ахбори иҷтимоӣ тавассути воситаҳои ахбори омма (матбуот, радио, ТВ, интернет, кино ва ғайра) аст. Зери мафҳуми Журналистика ҳамчунин маҷмӯи фаъолияти ҳамаи субъектҳои ин соҳа – касбҳои гуногун, фанҳои илмиро низ мефаҳманд.
== Таърих ==
Журналистика, аслан бо пайдоиши матбуот ба вуҷуд омадааст, аммо то ба вуҷуд омадани нашрияҳо иттилоърасонӣ дар шакли ҷорчигӣ, қаландарӣ ва воизӣ вуҷуд дошт. Ин шаклҳои журналистикаи «тожурналистӣ» ҳануз дар Юнон ва Рими қадим маъмул буд. Ихтирои дастгоҳи чопӣ, ки аз ҷониби Э. Гутенберг ба амал омад, боиси ташаккули иртиботи оммавии хаттӣ, интишори нашрияҳо ва чопи китоб гардид, ки дар ташаккули журналистика ҳамчун омили муҳим замина гузоштанд. Аввалин рӯзномаву маҷаллаҳо дар кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққикардаи Аврупо (Олмон-1609, Англия-1622, Франсия-1631) ба вуҷуд омадаанд. Ин нашрияҳо бештар равияи илмӣ доштанд ва дар онҳо имкониятҳои матбуоти даврӣ, минҷумла иттилоърасонӣ ва тарғиб дар сатҳи паст қарор дошт. Инқилоби буржуазии Аврупо ба инкишофи сифативу миқдории Ж. такон бахшид. Дар журналистика муносибатҳои бозорӣ ба вуҷуд омад, ки ба дигаргун шудани нақш ва мавқеи журналистика дар ҷомеа мусоидат кард. Дар журналистикаи Ғарб мавқеи фаъоли иҷтимоӣ ва озодии сухан хусусияти хос гардид.