Рӯзноманигорӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 4:
Дар Русия аввалин рӯзнома «Ведомости» аст, ки соли 1702 бо дастгирии Пётри 1 таъсис шудааст. Махсусияти журналистикаи русро дар асрҳои 19-20 маҷаллаҳои адабии ғафс («Отечественные записки», «Современник», «Новый мир», «Звезда», «Дружба народов»), ташкил медиҳанд, ки ҳамчун минбари ҷамъиятӣ барои музокираи масъалаҳои мубрами сиёсиву иҷтимоӣ истифода мешуданд. Нависандагону шоирони рус ҳам журналист ва ҳам муҳаррирони ин нашрияҳо буданд (Н.М. Карамзин, А. С. Пушкин, Н.А. Некрасов, М.Е. Салтиков-Щедрин, Ф.М. Достоевский, А.П. Чехов, М. Горкий). Дар муқоиса ба Ғарб журналистикаи рус зери фишори маҳдудиятҳои сензуравӣ ташаккул ёфтааст.
 
== Жанрҳои рӯзноманигорӣ ==
== Жанрҳо ==
Жанр дар рӯзноманигорӣ – намуди маводи публитсистӣ, шакли ташкил ва инъикоси воқеият, ки маҷмӯи аломатҳои сохториву композитсиониро фарогир аст. Дар [[журналистика]] баъзе онро шаклҳои муайяни инъикоси воқеият тавсиф намоянд, гурӯҳи дигар тартиби маънавии нисбатан устуворро омили асосии ташкили жанр меҳисобанд.
Шаклҳои гуногун ва мухталифи инъикоси воқеа, ҳолату рӯйдод, ҷараён ва вазъият, ки аз ҷиҳати аломат, хусусият ва сохт унсурҳои умумӣ, такроршаванда ва хоса доранд, жанр номида мешавад. Дар назарияи журналистикаи муосир чун қоида ба сифати аломатҳои асосии жанрсоз предмети инъикос, мақсади инъикос ва усули инъикос низ шинохта мешавад. Ин омилҳо дар ҷараёни ташкили жанр низ беаҳамият нестанд. Ҳар гуна зуҳуроти табиӣ ва иҷтимоӣ, ки барои инсон аҳамият дорад, метавонад предмети инъикос қарор гирад. Аммо танҳо предмети инъикос омили жанрсоз буда наметавонад. Дар инъикоси предмет муносибати муаллиф нақши муҳимро иҷро мекунад. Муносибати муаллиф ба предмети инъикос боиси рангорангии жанрҳо ва муайян шудани мушаххасоти онҳо мегардад.