Андорра: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
→‎Иқтисод: викисозӣ
Сатри 95:
Асоси иқтисодиёти Андорраро соҳаи туризм (80%-и ММД, 10 млн сайёҳ дар як сол (2010), тиҷорат ва муомилоти бонкӣ ташкил медиҳад. Сайёҳонро бештар табиати зебо, имконияти васеи ба варзиши лижаронӣ машғул шудан, чашмаҳои гарми табобатӣ ва минералӣ, тиҷорати аз ҳамаи намудҳои андоз озод ба худ ҷалб кардааст. Андорра маркази молиявии байналмилалӣ буда, пардохти андози имтиёздор барои равнақи фаъолияти гуногунҷабҳаи молиявӣ мусоид аст. Соҳаи муҳими иқтисодиёти мамлакат парваришу коркарди тамоку аст. Дар ин ҷо асосан ба истеҳсоли маҳсулоти тамоку (сигарет) ва мебел муваффақ гаштаанд. Инчунин корхонаҳои саноати сабук, истеҳсоли панир ва обҳои минералиро ба роҳ мондаанд.
 
Дар Андорра ҳунарҳои қадимаи мардумӣ, анъанаҳои косибӣ, инчунин филизгудозии бадеӣ, кандакорӣ дар чӯбу санг, истеҳсоли дастии ороишоти занона ва армуғонҳо то ҳол боқӣ мондаанд. Аз сабаби нарасидани замини кишт истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ кам ба назар мерасад. Аҳолии деҳаҳои кӯҳистон ба парвариши чорво ва қисми хеле ками онҳо ба парвариши картошка, ангур ва зироати дигар машғуланд.
 
== Нақлиёт ==