Мутеулло Наҷмиддинов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 5:
 
== Зиндагинома ==
(12. 09. 1927 деҳаи Варзик, ноҳияи Чусти Вилояти Намангон - 2.03.2002 Душанбе), Аъзои КПСС аз соли 1959. Аз оилаи мударрис. Солҳои охири ҷанг дар сохтмони ГЭС-и Фарҳод кор карда, роҳбарии бригадаи комсомолону ҷавононро ба ӯҳда дошт. Аз соли 1945 муаллим ва ғоибхон буд. Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи Владимир Илич Ле­нин, Душанбе (1949-1954) ва Мактаби олии партиявии назди КМ КПСС-ро дар Москва тамом кард (1965). Ҳодими адабӣ ва мудири шӯъбаи газетаи «Тоҷикистони Советӣ», муҳаррири газетаи «Комсомоли Тоҷикистон» [http://javonon.tj/news/culture/turdial-boyboboev-avonon-az-khud-bekhud-shudaand/], мудири шуъбаи адабиёти бадеии нашриёти «Ирфон» ва дертар дар Сарредаксияи илмии ЭСТ (Душанбе) кор кард. Солҳои дар нашриёт кор карданаш пурсамар буданд. Китобҳои ӯ «Одамони сарбаланд», «Дарё маҷрои нав меҷӯяд», «Суруди одамони наҷиб», «Меҳри замин», «Пайраҳаи шинос», «Одамон ва соҳилҳо», «Ширмоҳ» пайиҳам аз чоп баромадаанд, ки таҷассумгари созандагию ободкориянд<ref>Р.Махсумзод, "Вассофи мардони майдон" - Д, 11.02.2011
</ref>.
Махсусан, қиссаҳои «Дарё маҷрои нав меҷӯяд» ва «Ширмоҳ» аз ҷониби мунаққидону хонандагон баҳои баланд гирифтаанд ва дар тарҷумаи Лев Қандинов («Река ищет новое русло»)[https://search.rsl.ru/ru/record/01007179078]дар Душанбею Маскав ба забони русӣ чоп шудаанд. Инчунин, асарҳои нависанда ба забонҳои руминӣ, украинӣ, эстонӣ, ӯзбекӣ, қазоқиву қирғизӣ ба табъ расидаанд[http://n.ziyouz.com/books/jahon_nasri/Muteullo%20Najmiddinov.%20Tog'larda%20yangragan%20qo'shiq%20(qissa).pdf].
 
Аз соли 1979 ҳодими редаксияи газетаи «Тоҷикистони Советӣ» [[https://ravshanimakhsumzod.wordpress.com/2011/04/11/%D0%B2%D0%B0%D1%81%D1%81%D0%BE%D1%84%D0%B8-%D0%BC%D0%B0%D1%80%D0%B4%D0%BE%D0%BD%D0%B8-%D0%BC%D0%B0%D0%B9%D0%B4%D0%BE%D0%BD-2/]]. Солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар Саридораи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик мудири шуъба, чанд соли охир то ба нафақа баромадан, сармуҳаррири бахши драматургияи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ будааст.
Чанде аз навиштаҳои К. Волф, С. Зарян, Ю. Ритхеу, Ш. Рашидов ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.[http://www.tvt.tj/ravobiti-adabiyu-farkhangi-rukni-mukhimi-takhkimi-dustii-tochikon-va-uzbekon]