Фарқият байни намунаҳои "Лашкарсолор"

х
→‎Пешина: илова
х (→‎Пешина: илова)
 
Дар сипоҳи [[Давлати Сомониён|Сомониён]], [[Давлати Ғазнавиён|Ғазнавиён]] ва [[Давлати Салҷуқиён|Салҷуқиён]] фармондеҳи лашкарро «''солори лашкар''» ва «''амири лашкар''» мегуфтанд<ref>{{книга |автор= Ноҷӣ, Муҳаммадризо |заглавие= Фарҳангу тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён |ответственный= |ссылка= |место= Теҳрон |издательство= Амири Кабир |год= 1386 |том= |страниц= 904 |страницы= 252 |isbn= 964-00-1086-3|ref= http://libisbn.ru/Farhang-va-tamaddun-i-Islami-dar-qalamraw-i-Samaniyan--or--cnivishtah-i-Muhammad-Riza-Naji/1/bibgjha}}</ref>. Чунончи, «''солори лашкар''» дар «''Шоҳнома''» борҳо ба кор рафта ва аз бофтор чунин бар меояд, ки он мансабе поинтар аз ''[[сипаҳсолор]]'' буда ва мақоми ҷонишинӣ доштааст, чуноне ки ''генерал-лейтенант'' дар артишҳои урупоӣ муъовини ''генерал-полковник'' будааст:
 
<poem>Чунин гуфт солори лашкар ба шоҳ,
Ки «Фармони ту бартар аз чарху моҳ,
Бад-он сон шавам, к-ам ту фармон диҳӣ,
Ту шоҳи ҷаҳондориву ман раҳӣ».<ref>[https://archive.org/stream/ShahnamaJildEPanjumTajikFarsi/Shahnama%20Jild%20e%20Panjum%20%28Tajik%20Farsi%29_djvu.txt ''Абулқосим Фирдавсӣ''. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 5. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 17]</ref></poem>
 
<poem>Сипаҳро ба солори лашкар супурд,
Бирафту ҷаҳондидагонро бибурд.<ref>[https://archive.org/stream/ShahnamaJildEPanjumTajikFarsi/Shahnama%20Jild%20e%20Panjum%20%28Tajik%20Farsi%29_djvu.txt ''Абулқосим Фирдавсӣ''. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 5. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 376]</ref></poem>