Гӯрғулӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Removed redirect to Гӯрғулӣ (эпос)
Барчасб: тағйири масир ҳазф шуд
No edit summary
Сатри 6:
 
Гӯрғулӣ тибқи анъанаҳои падарсолорӣ якчанд зан дорад, асосиашон Ширмоҳ ва Ағаюнус буда, ҳардуяшон аз ҷинси парӣ мебошанд. Дар баъзе версияҳо Ширмоҳ ва Ағаюнус як персонажанд. Гӯрғулӣ дар аксари нусхаҳо бефарзанд тасвир шудааст. Аммо ӯ се писархонд дорад: Аваз, Ҳасан ва Шодмон. Дар варианти гӯрғулисаро Одина Шакар, бобои Гӯрғулӣ Хоҷа Аҳрор аст ва падари марҳумаш Султони Кибор. Прототипи ин Хоҷа Аҳрор яке аз шахсони маъруфи таърихӣ, намояндаи бузурги силсилаи нақшбандияи тасаввуф Хоҷа Насируддин Абдуллоҳ маъруф ба Хоҷа Аҳрорӣ Валӣ (1404—1490) мебошад. Чун дар дигар вариантҳои тоҷикӣ Гӯрғулӣ хоҳарзодаи Аҳмади туркман аст, бо рабт додани қаҳрамони асар ба як шахси маъруфи таърихӣ, Одина Шакар ва баъзе гӯяндагони дигар кӯшиши милликунонӣ ва воқеинамоии эпоси «Гӯрғулӣ»-ро кардаанд.
 
Симои Гӯрғулии тоҷикӣ аз образҳои Кёроғлуи туркиву озарӣ, Гороғлии туркманӣ ва аз Гӯрӯғлии ӯзбекӣ тафовут дорад. Дар эпоси туркию озарӣ Кёроғлу шахси шӯрапуште мебошад, ки ба ғоратгарӣ машғул аст. Азбаски ӯ ҳокимону сарватмандонро ғорат карда, манфиати мардуми бенаворо ҳимоя мекард, камбағалон ӯро дар сурудҳояшон васф мекарданд. Гороғлии туркманҳо сардори қабила буда, баъзан ба ғоратгарию роҳзанӣ машғул мешавад. Гӯрӯғлии эпоси ӯзбекӣ як андоза ба симои Гӯрғулии тоҷикӣ монанд мебошад. Дар версияи тоҷикӣ Гӯрғулӣ шоҳ аст ва дар маркази эпоси тоҷикӣ Аваз ҳамчун ҷаҳонпаҳлавон фаъолият мекунад.<ref>Гӯрғулӣ/Д. Раҳимов. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷилди I (А-М).- Душанбе, 2015. — 668 с.{{ref-tg}} ISBN 978-99947-33-79-8</ref>
 
== Эзоҳ ==