Решашиносӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: Решашиносӣ ({{lang-fa|ریشه‌شناسی}}), '''этимоло́гия''' ({{lang-grc|ἐτυμολογία}} аз {{lang-grc2|ἔτυμον}} — ҳақиқа...
 
No edit summary
Сатри 1:
'''Решашиносӣ''' ({{lang-fa|ریشه‌شناسی}}), '''этимоло́гия''' ({{lang-grc|ἐτυμολογία}} аз {{lang-grc2|ἔτυμον}} — ҳақиқат, маънои аслии вожа ва {{lang-grc2|[[логос|λόγος]]}} — омӯзиш) — як соҳаи [[забоншиносӣ]], ки таърихи пайдоиши [[калима]]ҳо, сохти мабдаъӣ, ваҷҳи тасмия ва робитаи маънавии онҳоро меомузад.
 
Ин истилоҳро файласуфони давраи атиқа тақр. 2 ҳаз. сол пеш ҷорӣ намудаанд. Э. тавассутп методи муқоисавӣ-таърихӣ алоқаҳои морфемаҳо ва калимаҳоро муайян менамояд. Э.-и забонҳои дар асоси методи муқоисавӣ-таърихӣ омухташуда (ҳиндуевропоӣ, финнуугорӣ ва ғ.) бештар инкишоф ёфтааст; Э. ба маънои дигараш натиҷаи тадқиқот оид ба таърихи пайдоиши калима мебошад. Мас., муайян кардани алоқаи калимаҳои бохтан ва бозидан, равзани тоҷикӣ ва rucok-и яғнобӣ, алоқаи калима ва морфемаҳои «пи», «пид», (шир, равған, ғизо, озуқа) ва калимаҳои «пистон», «пиёба», «фарбеҳ» ва ғ. Дар тадқиқоти этимологӣ тағйироти фонетикӣ ва морфологии калимаҳо (мас., ҷойивазкунии овозҳо — «канор» — «карой», «пардез — «шаҳрез» (дар забони паҳлавӣ — pahrec), «таспидан» — «тапсидан»), аз калимаҳои забонҳои гуногун сохта шуданн як калимаи мураккаб («чойхоначӣ», аз калимаи хитоии «чой», тоҷикӣ — «хона» ва суффикси калимасозӣ туркй — «чӣ») ва ғ. ба назар гирифта мешаванд. Ба воситаи Э. решаи ягонаи калимаро дар ягон оилаи забонҳо пайдо кардан мумкин аст. Мас., калимаи «таппак», «тапидан», «тафта», «тафтон», «тафсон», «таб», «това» ва «топить»-и русӣ аз як решаанд. Тағйироти гуногуни фонетикӣ ва морфологиро ба назар гирифта Э.-и калимаҳои гуногун аз ҷумли «ангишт» (литвонӣ—anglis, санксрит — angarah, русӣ — «уголь»), «кярм» (дар забонҳои помирӣ—cirm, русӣ «червь», чехй —сегу), «корд», «курта», «калтак» (русӣ — «кроить», «кройка», «край», «окраина», «короткий», «черта», «чертить», калимаҳои юнонию лотинии «кризис», «критика», «декрет», «секрет» ва ғ., ки маънои ибтидоиашон «буридан», «реза кардан», «пора кардан» мебошад) па ғ. дарёфтан мумкин аст.