Биопсия: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 3:
биопсия имкон медиҳад, ки тағйироти нонамоёни организм муайян ва дар асоси он хусусиятҳои беморӣ (мас., илтиҳоб, омос ва ғ.) бармаҳал ошкор карда шаванд. Биопсия дар соҳаҳои гуногуни тиб, мас., ҷарроҳӣ, урология, онкология, гематология, гастроэнтерология, иммунология ва ғ. кор фармуда мешавад. Барои биопсия қариб аз ҳама узвҳо бофта гирифтан мумкин аст. Бофтаро бо роҳи ҷарроҳӣ, сӯзанхалӣ ва аспиратсия мегиранд. Биопсияи аспиратсиявӣ дар ташхиси трахея ва бронхҳо истифода мешавад (бо ёрии сӯзан ё ягон асбоби махсус мӯҳтавои организмро мегиранд). Биопсияро бо роҳи «тарошида» гирифтани сатҳи бофта низ мегузаронанд. Ин гуна усули биопсия дар мавриди муоинаи луобпарда ва гарданаи бачадон корбаст мешавад. Биопсияи оҷил (экспресс-биопсия) низ мавҷуд аст. Онро дар вақти амалиёти ҷарроҳӣ ба кор мебаранд. Имкониятҳои биопсия бинобар ривоҷи техникаи эндоскопӣ (ниг. Эндоскопия), ки барои бевосита гирифтани парчаҳои луобпардаи меъда, рӯда, бронхҳо, пешобдон ва ғ. шароити мусоид фароҳам меорад, зиёд гаштанд. Биопсия дар муассисаҳои тиббӣ ба ҷо оварда мешавад. Ҳангоми биопсия ба қоидаҳои тозагӣ қатъӣ риоя менамоянд. Бофтаи аз организм гирифтаро барои ташхис омода месозанд.
 
== Биоспия дар Тоҷикистон ==
Дар Тоҷикистон дар кори татбиқи биопсияи ҷигар саҳми олимони Институти гастроэнтерология назаррас мебошад…
Дар Тоҷикистон дар кори татбиқи биопсияи ҷигар саҳми олимони Институти гастроэнтерология назаррас мебошад. Кормандони институт зери роҳбарии акад. АИ ҶТ Ҳ. Ҳ. Мансуров дар ИҶШС яке аз аввалинҳо шуда ба ин амал даст заданд. Онҳо дар робита ба Б. «Атласи таҳқиқи гистологии ҷигар»-ро ба табъ расондаанд.
 
Ад.: Мансуров Х.Х. Биопсия печени. Д., 1964; Ҳамон. Атлас гистологических исследований печени. Д., 1964; Пушкарь Д. Ю. Диагностические возможности биопсии простаты // Урология, 2002, № 6; Русаков И. Г. (ва диг.). Биопсия предстательной железы. М., 2004; Пушкарь Д. Ю., Говоров А. В. Биопсия предстательной железы. М., 2010.                              
 
                                                                               ''Ҳ. Мансуров.''
 
== Эзоҳ ==