Тасаввуф: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 12:
Охирин намояндагони тасаввуф дар асрҳои миёнаи мутааххир Маҳмуди Шабустарӣ ва муассиси силсилаи неъматуллоҳия Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ (мебошанд ва ин хати идоматро то Ҷомӣ ва Бедил кашидан мумкин аст. Бисёр нуктаҳои таълимоти охириро дар давраи муосир Иқбол идома додааст. Маърифати сӯфия, ки дарки ҳақиқатро ҳадафи худ қарор дода буд, ҷиҳатҳои назарӣ ва амалӣ дошт.
 
=== Қисмати амалии тасаввуф ===
Дар қисмати амалии тасаввуф солик марҳилаи шариатро тай намуда, ба тариқат дохил мешавад ва ба суи ҳақиқат мешитобад. Барои ба чунин шакли маърифат ноил шудан сӯфӣ бояд ахлоқи разилаи худро тарк карда, соҳиби ахлоқи ҳамида шавад; бояд дарк намояд, ки вуҷуди ҳақиқӣ ҳамон вуҷуди ҳақ аст ва ҳамаи махлуқоти олам эътиборӣ буда, сояи (тахайюли) ҳамон ҳақиқатанд. Аз ин рӯ, инсон ҳамчун махлуқ худро бояд аз халқ дур намуда, аз ҷиҳати маънавӣ ба ҳақ наздик кунад ва худшиносии хешро таъмин намояд. Дар «Гулшани роз»-и Маҳмуди Шабустарӣ ба ҳамин мазмун омадааст:
 
Line 22 ⟶ 23:
Бино ба тасаввуф сӯфӣ дар ҷараёни сайри такомули маънавӣ баъди аз худ дур намудани олоишҳои олами моддӣ ва касби сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ барои дарки холиқ қобилият пайдо нарда, ҳиҷоби байии худ (субъекти маърифат) ва худо (объекти маърифат)-ро аз миён мебардорад. Чунин ҳолатро сӯфиён мукошифа меноманд. Баъди бардошта шудани ҳиҷобҳо, агар солик бавосита холиқашро дарк намояд ва огоҳ шавад, ки вуҷуди ӯ ҳамон аҳадиятест, ки солик зуҳури он мебошад, байни онҳо дигар монеае намемонд. Ин ҳолатро дар тасаввуф мушоҳида меноманд. Яъне солик зимни камолоти маънавӣ ҳақиқати реалию куллиеро (ба истилоҳи Ибни Арабӣ вуҷуди мунбаситеро) мушоҳида мекунад, ки саргаҳи он худо (холиқ) аст ва охири он табиат (махлуқ) мебошад. Инсон ҳамчун маҳсули инкишофи табиат ин ду нуктаро бо ҳам пайваста, як вуҷуди куллиеро ташкил медиҳад ва худашро аз ҷиҳатн камолоти маънавӣ ба худо баробар карда, мақоми худро аз дараҷаи пайғамбарӣ ҳам волотар мешуморад. Ҳамин хел ӯ бо чашми дил ҳақиқати реалиро бевосита мебинад, аз худ фонӣ ва ба худ боқӣ шуда, ба дараҷаи муоина ё худ ҳулул мерасад ва ба як чашми худ холиқу ба дигараш тамоми махлуқотро мебинад. Аз ин рӯ, солике, ки ба дараҷаи маърифати комил расидааст, «зулайнайн», яъне соҳиби ду чашм меноманд.
 
Ғояи асосии «ваҳдати вуҷуд» дар таълимоти Мансури Ҳаллоҷ ба вуҷуд омада, онро ЙбниИбни Арабӣ аз ҷиҳати назарӣ асоснок намудааст.
 
Ба қавли Ибни Арабӣ, агар ба сурати хориҷии ҳақиқати ягона бингарем, он «носут» аст ва чун ба ботини он бингарем, он «лоҳут» бувад. Пас на фақат дар инсон, балки дар ниҳоди тамоми мавҷудот ду сифати як мабдаъ воқеъ аст, ки гоҳ онро зоҳиру ботин ва гоҳ ҷавҳару араз меноманд. Аз ин рӯ ҳақиқати азалӣ ба ҳамаи вуҷуд таҷаллӣ мекунад, вале дар инсон он дар комилтарин сурате ҷилвагар мешавад. Би нобар он инсон «мухтасари шариф» ё «кавни ҷомеъ» ё худ «инсони комил» номида мешавад. У олами сағирест, ки дар оинаи вуҷудаш ҳамаи камолоти «олами кабир» мунъакис мегардад. Агар инсон ориф шуда, худро дарк кунад, он мазмуни дарки худоро дорад ва моҳияти ин худошиносӣ худшиносии комили инсон ва барқарор шудани шахсияти ӯ мебошад.