Тасаввуф: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 1:
'''Тасаввуф''' ({{lang-ar|التصوف}} — ''пашм, пашмина''), '''сӯфия''' — ҷараёни фалсафию ирфониеро гӯянд, ки мақсаду маромаш бо роҳи кашфу завқ дарк намудани [[Одам дар ислом|Одаму]] Олам мебошщмебошад. Он аввал дар шакли як ҷараёни [[Бидъат|бидъатомез]] дар ахди хулафои рошидия ва [[Хилофати Умавиён|умавия]] дар [[Ироқ|Ироқу]] [[Сурия]] пайдо шуда, сонӣ аз [[Хуросон|Хуросону]] Мовароуинаҳр[[Фарорӯд|Мовароуннаҳр]] сар карда то қисми шимолу ғарбии [[Африқо]] ва [[Индонезия]] густариш ёфтааст.
 
== Таърих ==
Тасаввуф дар заминаи эътирози иҷтимоӣ дар асри 8 пайдо шудааст. Ин эътироз аввал дар шакли гӯшаи узлат интихоб намудани зоҳидон зоҳир шуда, мақсади асосиаш барқарор намудани адлу инсоф, таҷдиди саодати муслимин ва наҷоти шахс аз беадолатиҳои иҷтимоӣ буд. Сонӣ он ба расму одоби гурӯҳи зоҳидон табдил ёфг, ки бештар ба фақру сабр, қаноату риёзат ва таҳаммулу таваккул машғул шуда, тариқаи хоси амали ахлоқиро ба вуҷуд овард. Минбаъд зимни ошноии зоҳидон он муҳити рангини аҳдӣ ба баҳсу наҳси маъорифи таълимию ақоиди илмӣ ҷиҳатҳои завқию назарии тасаввуф такмил ёфт ва ҳар қадаре ки тавассути зинаҳои меъроҷии назарӣ боло мерафт, ҳамон қадар тафовути зоҳидони ахди аввали ислому сӯфиён ё худ соликоия роҳи тариқат меафзуд.
 
Муаррихи тасаввуфи асрҳои миёна Ибни Ҷавзӣ дар «Талбиси иблис» ном асараш исми зиёда аз чил нафар зоҳидони ахди аввали исломро овардааст. Андаке баъдтар Ҳасани Басрӣ сарватмандиро манбаи асосии шар пиндошта, сабру гуруснагӣ ва накӯкориро тарғиб намуд ва ҳамасри ӯ [[Иброҳими Адҳам]] масъалаи дарки ҳақиқатро ба миён гузошт. Робияи Адвия дар тасаввуф роҳи ифрот паймуда, ғояи асосии тасаввуфи ошиқонаро баён намуд, ки Абӯбакри Шиблию Мансури Ҳаллоҷ, Абӯсаиди Абулхайру Шамси Табрезӣ ва дигарон шеваи ӯро идома дода, дар тасаввуф бо номи аҳли муҳаббат маълуму машҳур шуданд. Намояндаи дигари тасаввуф дар асри 9 Зуннуни Мисрӣ, ки Абдурраҳмони Ҷомӣ ӯро раиси сӯфиён номидааст, ба таваккул аҳамияти махсус дода, маърифати ваҷҳи илоҳиро ба воситаи муроқибаю мушоҳида талқин намудааст. Муосирони ӯ Боязиди Бистомӣ ва Ҷунайди Бағдодӣ масъалаи тавҳиди тасаввуфро ба миён гузошта, дар тадқиқи мақомоти тасаввуф, махсусан дар фано ва бақо кӯшиши зиёде намуданд ва равияҳои «асҳоби саҳв» ва «асҳоби сукр»-ро дар тасаввуф ба вуҷуд оварданд. Ҷунайди Бағдодӣ умуман ҳамчун мазҳари каломи тасаввуфи мӯътадилона машҳур аст, ки ин равияи ӯро минбаъд [[Абуҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ|Абӯҳомиди Ғазолӣ]] идома дода, масъалаи каломро бо тасаввуф биомехт ва ба тасаввуфи мӯътадилона асоси мустақили назарие бахшид.
 
Баъди Ҷунайди Бағдодӣ аввал Ҳакими Тирмизӣ дар боби вилоят мақоми авлиёро бартар аз анбиё дониста, мавриди ғавғою ҳамлаи фақеҳон қарор гирифт, баъд Абулҳасаии Нурӣ масъалаи ишқи ирфониро тараннум намуд, ки авҷи парвози фикри ҳар дуи онҳо дар суханони «аналҳақ»-и Мансури Ҳаллоҷ баён шуд ва достони марги нофарҷоми ӯ бурзӯртарин саргузашти соликони тариқатро ифода мекард. Баъди Мансури Ҳаллоҷ то асри 11 Абулҳасани ХарақонйХарақонӣ, Абӯсаиди Абулхайр намояндгони тасаввуфи ифротӣ ба шумор мерафтанд ва Чуллобии Ҳаҷвгарию Аюулқосими Қӯшайрӣ ҳамчун муаррихони тасаввуф ба навиштани шарҳи ҳоли орифони машҳур ва таҳқиқи рукнҳои асосии тасаввуф пардохта буданд.
 
Намояндагони тасаввуфи асрҳои 10—11 Абӯалии Даққоқ, Абулфаали Сарахсӣ, Абдурраҳмони Суламӣ, Абӯисҳоқи Козгарунӣ, Айнулҷузоти Ҳамадонӣ, Абулмаҷид Саноӣ, Аҳмади Ҷомӣ ва дигарон буданд, ки баъзеашон ба таҳқиқи афкори ирфонӣ машғул шуда, ба инкишофи минбаъдаи тасаввуф замина гузоштанд ва баъзеи дигарашон афкори ирфониро ба назм ворид карда, онро аввал бо истифодаи истилоҳоти ғанни тасаввуфӣ ва баъд бо мазмуну мувдариҷаи тозаи ғоявӣ ба пояи баланди инкишоф расониданд. Дар натиҷаи истилои салҷуқиён, муғулҳо ва темуриён шароити мусоиде барои инкишофи тасаввуф ба вуҷуд омад ва дар ҳамин замина силсилаҳои гуногуни он пайдо шуданд.