Рафаэл Толмасов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Пайвандҳои беруна: clean up, replaced: <references/> → {{эзоҳ}} using AWB
навсозӣ
Сатри 1:
'''Рафаэл Толмасов''' – сарояндаи яҳудитабори [[Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ]]. [[Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон]]
<ref>[http://operabalet.tj/ Cомонаи театр]</ref>
==Пайвандҳои беруна==
{{эзоҳ}}
 
== Зиндагинома ==
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]
Рафаэл Михайлович Толмасов 24 феврали соли 1923 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Овозаш баритони лирикӣ-драматикӣ аст. Артисти Халқии РСС Тоҷикистон (с.1968). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945). Фарзанди сароянда, навозанда ва оҳангсози яҳудии Тоҷикистон Михаил Толмасов мебошад.
Солҳои 1934-1936 дар Комбинати мусиқӣ-бадеии шащри Душанбе таҳсил намуда, Техникуми театрии ба номи А. Лоҳутии ш. Тошканд (с.1939) ва Студияи опера ва сайқали ҳунари актёрии назди Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айниро (таҳти сарпарастӣ ва устодии Е. И. Прокофйев, с.1940) хатм кардааст.
Ў аз хурдсолӣ ба санъати мусиқӣ дилбастагӣ дошта, аввалҳо бештар дойра менавохт, баъдтар ба санъати сарояндагӣ рағбат пайдо кард ва дар 10-солагиаш бори нахуст дар спектакли мусиқӣ-драмавии «Наҷот» (оҳангсоз М. Толибов, либреттои М. Бегаев) баромад кардааст. Рафаэл Толмасов аз соли 1940 то кўчиданаш ба Исроил (солҳои 90-и асри XX) дар саҳнаи [[Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ]] ҳунарнамоӣ намуд.
== Эҷодиёт ==
Оғози ҳунарнамоии расмӣ ва мустақилонааш арияи Нозим аз операи «Шўриши Восеъ»-и С. Баласанян (с.1940) мебошад. Вай дар давоми фаъолияти эҷодиаш бештар аз 80 партияро аз операҳои машҳури рус, хориҷа ва миллии тоҷик иҷро карда, санъати баланд ва ҳунари беназирашро ҷилва дод. Як қатор симоҳои офаридаи ў аз тарафи мутахассисони санъати мусиқии шўравӣ ва хориҷ баҳои сазовор гирифтаанд. Хусусан нақшҳои Силвио («Масхарабозон»-и Р. Леонкавалло, с.1948), Шарплес («Чио-чио сан»-и Ҷ. Пуччини, с.1948), Елеский Онегин («Моткаи қарамашоқ» ва «Евгений Онегин»-и П. Чайковский, с.1949, с.1950), Валентин («Фауст»-и Ш. Гуно, с.1952), Жермон Амонасро («Травиата» ва «Аида»-и Ҷ. Верди, с.1952, с.1954), Сулаймон («Аршин мол-олон»-и У. Ҳоҷибеков, с.1955), Скарпиа («Тоска»-и Ҷ. Пуччини, с.1955), Яго, граф ди Лун, Ренато («Отелло», «Трубадур» ва «Бал-маскарад»-и Ҷ. Верди, с.1966, с.1972, с.1985) ва монанди инҳо аз беҳтарин офаридаҳои ин ҷанбаи Рафаэл Толмасов мебошанд. Ў махсусан дар ташаккул ва такмили операи миллии тоҷик хизмати босазо карда, беҳтарин анъанаҳои санъати операи рус ва ҷаҳониро барои офариниши арияҳои миллӣ ба кор бурдааст. Нозим, Шаҳрубон («Шўриши Восеъ» ва «Коваи оҳангар»-и С. Баласанян, с.1945), Собир, Тоҳир («Арўс» ва «Тоҳир ва Зўҳро»-и А. Ленский, с.1947), Пўлод («Пўлод ва Гулрў»-и Ш. Сайфиддинов, с.1956), Салим («Домоди номдор»-и С. Урбах, с.1961), Содиқ («Бозгашт»-и Я. Сабзанов, с.1967), Шерак («Афсонаи Шерак»-и С. Ҳамроев, с.1970), Баҳодур («Лаънаткардаи халқ»-и Д. Дўстмуҳаммадов, с.1973), Акбар («Рўдакӣ»-и Ш. Сайфиддинов, с.1976), Раҳимбек, Наврўзбек («Сарбозони халқ» ва «Қишлоқи тиллоӣ»-и Д. Дўстмуҳаммадов, с.1984, с.1986) ва партияҳои амсолашон аз операҳои миллии тоҷикӣ намунаи такомули ин навъи санъати мардуми тоҷиканд.
 
Рафаэл Толмасов ҳамчунин сарояндаи хушовози суруду романсҳои оҳангсозони тоҷик буда, ба 16 забони халқҳои собиқ СССР ва шарқи хориҷӣ месароид. Иштирокчии Даҳаи санъати тоҷик (с.1941) ва Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва (с.1957) буд. Вай дар саҳнаи театрҳои калонтарини Иттифоқи Шуравӣ – Москва, Ленинград, Рига, Минск, Киев, Тошканд, Алма-ато, Фрунзе, Свердловск ва ғайра ҳунарнамоӣ карда, ба Дания, Англия, Фаронса, Италия, Юнон, Туркия, Тунис (с.1961), Афғонистон (с.1962), Булғория, Чехословакия, Венгрия, Руминия (с.1980) сафарҳои эҷодӣ доштааст.
== Мукофот ==
Бо ордени «Нишони Фахрӣ», ордени Шараф (дараҷаи 3), медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.<ref>Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе. – 2004. – Ҷ. 3. – С. 213.</ref>
== Пайвандҳо ==
{{Cite web|url=http://kmt.tj/yode-az-saroyandai-nomdor-rafael-tolmasov|title=Ёде аз сарояндаи номдор Рафаэл Толмасов|author=|website=kmt.tj|date=|publisher= |lang=tg|accessdate=2019-03-11}}
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
[[Гурӯҳ:Овозхонҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Санъаткорони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаи театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ]]