Озод Исломов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Олим |ном = Озод Исломов |тасвир = |номи аслӣ = Исломов Озод Азимович |бар...
(бе тафовут)

Нусха 05:49, 19 марти 2019

Озод Исломов (Исломов Озод Азимович; 16 ноябри 1955, шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд) — олим, профессор (2007), номзади илмҳои педагогӣ (1994), доктори илмҳои педагогӣ (2003), аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Озод Исломов
Исломов Озод Азимович
Зодгоҳ шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагог
Ҷойҳои кор Муассисаи давлатии таълимӣ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои педагогӣ,(2003)
Унвонҳои илмӣ профессор (2007)
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Ҷоизаҳо Аълочии маориф ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома

Исломов Озод Азимович – 16 ноябри соли 1955 дар ш. Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) дар оилаи коргар ба дунӣё омадааст. Соли 1973 баъди хатми мактаби миёнаи №12 ш. Хуҷанд ба Донишгоҳи давлатии педагогии ш. Ленинобод, факулӣтети физика шӯъбаи нақшакашӣ, расмкашӣ ва таълими меҳнат дохил шуда онро соли 1978 бо баҳоҳои хубу аъло хатм намудааст. Солҳои 1978 – 1989 дар мактаби миёнаи №28 – и н. Б. Ғафуров ба ҳайси муаллими фанни нақшакашӣ ва расм ва аз соли 1989 то инҷониб дар кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълими Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров фаъолият мебарад. Аз соли 2003 то 2007 муовини декани факултети санъати тасвирӣ ва технология оид ба илм, солҳои 2007 – 2015 декани факултети номбурда ва аз соли 2015 то кунун дар вазифаи мудири кафедраи нақшакашӣ геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим фаъолият мебарад.

Фаъолияти илмӣ

Аз соли 1992 дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии педагогии ш. Москва таҳсил намуда корҳои илмии худро дар мавзӯи “Бозиҳои дидактикӣ чун воситаи активонии раванди таълимӣ” ҷамъбаст намуда дар ДДПМ (МПГУ им. Ленина) рисолаи номзадии худро дифоъ намудааст. Соли 2003 бошад рисолаи докториро дар худи ҳамон донишгоҳ дар мавзӯи “Назария ва амалияи ташаккули муносибати эҷодии муаллимони оянда дар фаъолияти графикӣ” ҳимоя намудааст. Фаъолияти илмии методии ӯ ба масоили соҳаи педагогика ва методикаи таълими фанҳои графикӣ равона шудааст. Ба ӯ аввалин маротиба дар таърихи илм муяссар гардид, ки оиди бисӣёррӯяҳои мунтазам тахқиқот бурда тасвири онҳоро иҷро намояд. Оиди назарияи сояҳо, перспектива ва инчунин ҳалли мисолҳои проексиони корҳоро анҷом диҳад. Ичунин фаъолияти илмии ӯ ба соҳаҳои педагогика ва методикаи фанҳои математика, геометрия ва ғайра нигарон буда маҳз дар заминаи ин тахқиқоту пажӯҳишот зери роҳбарии ӯ беш аз 15 нафар унвонҷӯён рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуданд.

Осори илмӣ

Профессор Озод Исломов муаллифи бештар аз 200 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 15 монография, 10 китобҳои дарсӣ, тавсияҳои методӣ мебошад.

Китобҳо (Монографияҳо)

  1. Занимательные задачи по проекционному черчению (китоби дарсӣ). Нури маърифат: Худжанд, 2018
  2. Дизайни муҳити атроф. (китоби дарсӣ) /Исломов О.А. Нури маърифат:Хуҷанд, 2018
  3. Тавсияњо оиди кор бо барномаи графикии Adobe Potohop. (дастури методӣ). / Исломов О.А., Мирзобоев З.З. Нури маърифат Хуҷанд, 2018.
  4. Методикаи таълими санъати тасвирӣ. / Нури маърифат. Хуҷанд, 2018.
  5. Дипломные работы по начертатель-ной геометрии и КГ. Методическое пособие. - Худжанд Из – во «Ношир» 2017. 28 стр.
  6. Особенности проф. педагог. подго-товки будущих учителей к анализу и синтезу педагогической деятельности. Методическое пособие. - Худжанд. Из – во «Ношир» 2017. 46 стр.
  7. Организация мониторинга качества знаний Методическое пособие. - Худжанд. Из – во «Ношир» 2017. 36, стр.
  8. Особенности подготовки будущих учителей к реализации функции образования. Методическое пособие. - Худжанд. Из – во «Ношир» 2017. 36 стр.
  9. Роль значение надежных сказок в воспитании младших школьников. Методическое пособие. - Худжанд. Из – во «Ношир» 2017. -26 стр.
  10. Краткая характеристика творчество средневековых персо. таджиксиких ученых энцеклепедистов. Методическое пособие. - Худжанд. 2017.16 стр.
  11. Роль и место учителя в системе компютерной грамотности. Методическое пособие. - Худжанд. Из – во «Ношир» 2017
  12. Роль и место начертательной геометрии в ВУЗ-ах Республики Таджикистана. Методическое пособие. - Худжанд. Из – во «Ношир» 2017. 43 стр.
  13. Марҳилаҳои тасвир. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2017. 116 с.

Мукофотҳо ва ҷоизаҳо

  • Аълочии маориф ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пайвандҳо