Шуҳрат Ашуров: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
ислоҳ
Сатри 30:
'''Шӯҳрат Ашӯров'''– композитор (оҳангсоз), узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (2006).
== Зиндагинома ==
Шӯҳрат Бердиевич Ашӯров [[18 июн]]и соли [[1962]] дар ноҳияи Москва (ҳозира – Ҳамадонӣ)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1984 факултаи маданӣ-маърифатии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро бо баҳои аъло хатм намудааст. Дар давраи таҳсил ба санъати навиштани асарҳои мусиқӣ мароқи калон зоҳир намуда, ба таври факултативӣ дар синфи композитсия аз [[Ёқуб А.Сабзанов]] ва Д.[[Дамир Дӯстмуҳаммадов]] таълим мегирад.
Баъди хатми Донишкада барои коромӯзӣ ба Омӯзишгоҳи мусиқии назди Консерваторияи давлатии Москва ба номи П.И.Чайковский (1984-1986) ба синфи К.К. Баташов дохил мегардад. Дар Омӯзишгоҳ доираи васеи жанрҳо композитори ҷавонро шавқманд гардонданд. Дар байни асарҳои ин давра – асарҳои хори а’capella «Боғи мо» ба шеъри М.Турсунзода (дар тарҷумаи В.Виноградова) ва «Прощальный вальс» ба шеъри Л.Пятаков, асарҳои камеравӣ барои фортепиано, скрипка офаридаи ӯ ҷолиб буданд.Аз соли 1989 таҳсил дар факултаи дирижёрии хори Академияи мусиқии Россия ба номи Гнесинҳо, баъди хатми он Шӯҳрат Ашӯров ба шӯъбаи назариявӣ-композитории ҳамин мактаби олӣ (1993) ба синфи профессор Н.И. Пейко, сипас – В.В. Пянков дохил мешавад.
Ҳангоми таҳсил дар Академия сабки инфиродии ӯ ташаккул меёбад. Шаҳодати ҷустуҷӯҳои фаъолонаи эҷодии композитор дар жанри камеравӣ эҷоди Квинтети фортепианоӣ (1990) ва Соната барои гобой ва фортепиано (1991) гардид.Солҳои 90-ум асарҳои нисбатан беҳтари Ш.Ашӯров, аз ҷумла Квартети фортепианоӣ (1992) ва 4 романс ба рубоиёти Хайём (дар тарҷумаи В.Соколов) офарида шудаанд. Дар ҳамин солҳо Ш.Ашӯров инчунин сурудҳои халқиро барои овоз ва фортепиано такмил дода, якчанд сурудҳои хубро эҷод кардааст.