Шуҳрат Ашуров: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
Шухрат Саъдиев (баҳс | ҳисса) ислоҳ |
Шухрат Саъдиев (баҳс | ҳисса) навсозӣ |
||
Сатри 28:
|вебгоҳ =
}}
'''
== Зиндагинома ==
Баъди хатми Донишкада барои коромӯзӣ ба Омӯзишгоҳи мусиқии назди Консерваторияи давлатии Москва ба номи П.И.Чайковский (1984-1986) ба синфи К.К. Баташов дохил мегардад. Дар Омӯзишгоҳ доираи васеи жанрҳо композитори ҷавонро шавқманд гардонданд. Дар байни асарҳои ин давра – асарҳои хори а’capella «Боғи мо» ба шеъри М.Турсунзода (дар тарҷумаи В.Виноградова) ва «Прощальный вальс» ба шеъри Л.Пятаков, асарҳои камеравӣ барои фортепиано, скрипка офаридаи ӯ ҷолиб буданд.Аз соли 1989 таҳсил дар факултаи дирижёрии хори Академияи мусиқии Россия ба номи Гнесинҳо, баъди хатми он Шӯҳрат Ашӯров ба шӯъбаи назариявӣ-композитории ҳамин мактаби олӣ (1993) ба синфи профессор Н.И. Пейко, сипас – В.В. Пянков дохил мешавад.
Ҳангоми таҳсил дар Академия сабки инфиродии ӯ ташаккул меёбад. Шаҳодати ҷустуҷӯҳои фаъолонаи эҷодии композитор дар жанри камеравӣ эҷоди Квинтети фортепианоӣ (1990) ва Соната барои гобой ва фортепиано (1991) гардид. Солҳои 90-ум асарҳои нисбатан беҳтари Ш.
Талош баҳри инъикоси рӯҳияи халқ композиторро ба эҷоди сюитаи чорқисма ҷалб кард (иҷрои аввал – 7 октябри соли 1997 дар толори консертии ба номи П.И.Чайковский).Дарстоварди бузурги Ш.Ашӯров дар солҳои 90-ум – эҷоди Консерт барои виолончел ва оркестри калони симфонӣ буд. Хушоҳангӣ,гуногунлаҳнӣ, ғановати тобишҳо, ивазшавии ин тобишҳо дар ин асар ба авҷи камолот расонда шудаанд. Соли 1998 Шӯҳрат Ашӯров барои «Рақси шарқӣ» барои думбра ва созҳои халқии русӣ ба унвони фахрии дорандаи ҷоизаи фестивали байналмилалии «Мир друзей Москвы» мушарраф гардид. Ин асар тамошобинонро бо синтези Шарқ ва Ғарб ҷалб намуд, ки дар он оҳанги тоҷикиро ба тарзи романси русӣ оркестри созҳои халқӣ таҳри роҳбарии Ҳунарманди Халқии Россия профессор Н.Н. Калинин иҷро намуд.
Ш.Ашӯров дар баробари навиштан ба фаъолияти омӯзгорӣ низ бомуваффақият машғул мегардад. Масалан, солҳои 1992-1995 вай дар кафедраи дирижёрии хор дар Донишкадаи давлатии маданияти шаҳри Москва (ҳоло МГУКИ) ва соли 1996 хониши партитураҳои симфонии Коллеҷи мусиқии ба номи Алфред Шнитке таълим медиҳад. Композитор Ш.Ашӯров дорои қобилияти хуби ташкилотчигӣ мебошад. Ин махсусан дар солҳои 1998-2006, ҳангоме ки вай ба ҳайси директори Оркестри давлатии симфонии Москваи назди Ҳукумати Москва фаъолият менамуд, зоҳир гардид.
Дар ин давра
Шуҳрат Ашуров дар натиҷаи фоҷеа, садамаи нақлиёт, декабри соли 2016 вафот кардааст.<ref>[http://news.tj/ru/news/tajikistan/society/20170501/izbran-novii-glava-soyuza-kompozitorov-tadzhikistana Избран новый глава Союза композиторов Таджикистана]</ref>
== Эҷодиёт ==
Эҷодиёти нависандагии ӯ низ бомуваффақият идома меёбад. Ӯро кайҳо боз эҷодиёти Ҷалолиддини Балхӣ ҷалб намудааст. Аз ин рӯ вай бо рӯҳбаландӣ барои эҷоди мусиқӣ ба филми Нурулло Собир «Давлати Ҷалоли ишқ» (2008) шурӯъ менамояд.
Сатри 71:
===Мусиқӣ барои театр ва кино===
* 2008 – «Давлати Ҷалоли ишқ». Тоҷикфилм. Режиссёр Нурулло Собир.
* 2002 – «Мираж». Пйеса В. Каустнас. Режиссёр Андрей Салей.<ref>Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон: Маълумотнома.
==Пайвандҳои беруна==
<references/>
[[Гурӯҳ:Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ]]
[[Гурӯҳ:Оҳангсозони Тоҷикистон]]
|