Вазн: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Вазн (физика)
 
Сатри 3:
Вазни ҷисм р миқдоран ба қувваи вазнинии ба он таъсиркунанда баробар аст: р = mg, m – массаи ҷисм, g – шитоби афтиши озод. Азбаски масса дар шароити муқаррарӣ бузургии доимист, В. ба қимати g вобаста мебошад. Тағйир ёфтани арзи ҷуғрофиёӣ ва баландии мавқеи ҷисм аз с. б. қимати g-ро тағйир медиҳад, аз ин сабаб қимати В. низ тағйир меёбад. Қимати g ва В. ба шитобе, ки дар натиҷаи дар гирди меҳвари худ давр задани Замин ба вуҷуд меояд, вобаста аст. Бинобар ин, В.-и ҷисм дар истиво (экватор) нисбат ба қутб 1/288 бор камтар аст. Дар миқёси хурд дар назди сатҳи Замин қимати g-ро доимӣ ва В.-и ҷисмро ба массаи он мутаносиб қабул кардан мумкин аст, ки инро ҳангоми бар кашидани массаи ҷисм дар тарозуҳои фишангдор истифода мебаранд. В.-ро бо тарозуҳои фанарӣ (пружинӣ) чен мекунанд. В. ва масса бузургиҳои физикии гуногунанд; В.-ро бо воҳидҳои қувва (Н, кгқ, тқ), массаро бо воҳидҳои масса (кг, г, т) чен мекунанд. Ба ҷисмҳое, ки ба моеъ ё газ ғӯтонда шудаанд, ғайр аз қувваи вазнинӣ қувваи Архимед ҳам таъсир мекунад (нигар Қонуни Архимед), бинобар ин тарозуҳои фанарӣ В.-и ҷисмро дар ҳаво нисбат бо вакуум камтар нишон медиҳанд. Ҷисме, ки дар лифт сокин аст, ҳангоми бо лифт бо шитоби w амудӣ ҳаракат кардан ба фарши ӯ бо қувваи F = m (w±g) таъсир мекунад (аломати ҷамъ ҳангоми ба боло ва аломати тарҳ ҳангоми ба поён ҳаракат кардан), ки ин мувофиқан ба зиёдшавӣ ё камшавии В. муодил аст. Ҳангоми афтиши озоди лифт (w = g) бевазнӣ ба вуҷуд меояд; чунин ҳолат ба ҳар як ҷисм, ки дар майдони ҷозиба озод ва пешраванда ҳаракат мекунад, хос аст (ракета, радиф ва ғ.).
== Сарчашма ==
* {{ЭМТ|Вазн Вабо(физика)|3|муаллиф= }}
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Вазн"