Аҳуромаздо: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
Шухрат Саъдиев (баҳс | ҳисса) илова |
Шухрат Саъдиев (баҳс | ҳисса) навсозӣ |
||
Сатри 4:
== Вожашиносӣ ==
Дар Авесто ва катибаҳои
Аксари бахшҳои Авесто ба шакли муколамаи Аҳура Маздо ва [[Зардушт]] сохта шудаанд. Масалан, яшти якуми бахши «[[Яштҳо]]», ки «Ҳурмузд — яшт» ном дорад, бо ҷумлаи «Зардушт аз Аҳура Маздо пурсид» оғоз меёбад. Дар банди 7 омадааст: {{аввали иқтибос}}«Он гоҳ Аҳура Маздо гуфт: Эй Зардушти ашаван! Якум: Манам сарчашмаи донишу огоҳӣ. Дувум: Манам бахшандаи галаву рама. Сеюм: Манам тавоно. Чорум: Манам беҳтарин Аша. Панҷум: Манам нишони ҳамаи диҳишҳои неки ашанажоди маздоофарида. Шашум: Манам хирад. Ҳафтум: Манам доноӣ. Ҳаштум: Манам хирадманд. Нуҳум: Манам доно».{{охири иқтибос|сарчашма=}} Дар ҳамин
Дар замони [[Ҳахоманишиён]] Аҳура Маздо мартабаву мақоми баланде дошт. Дар ҳар як катибаи мансуб ба шоҳони ҳахоманишӣ, масалан, [[Катибаи Бесутун]] аз шоҳ Доро, катибаҳои Хашиёршо, Ардашер ва дигар аз Аҳура Маздо чун Худои ёрирасон дар анҷом додани ин ё он амале зикр шудааст (ба хости Аҳура Маздо ман подшоҳ шудам, ба хости Аҳура Маздо ман ин шоҳро шикаст додам ва ӯ ба ман хироҷ месупорад, бо ёрии Аҳура Маздо иҷрои ин кор ба ман муяссар гардид ва ғайра). Ин мазмун дар як катиба аз «Нақши Рустам» чунин омадааст: «Бузург аст Аҳура Маздо. Ӯ ин заминро офаридааст, ӯ он осмонро офаридааст, ӯ мардумро офаридааст, ӯ ҳамаи васоили хуширо барои мардум офаридааст, ӯ Дориюшро подшоҳ сохт, ягона подшоҳи ҳама, ҳукмфармои кишварҳо». Дар сангнавиштаҳои Ҳахоманишиён низ Аҳура Маздо офарандаи мардум ва васоили хушӣ барои онон, бахшандаи подшоҳӣ ба ин ё он намояндаи хонадони [[Ҳахоманишиён]] ёд шудааст. Номи Аҳура Маздо дар осори файласуфон ва таърихнависони Юнон — Афлотун, Арасту ва дигарон ба назар мерасад. Дар осори динӣ, адабӣ ва таърихии мардуми эронинажод Аҳура Маздо муродифи сайёраи Муштарӣ мебошад. Дар тақвими зардуштӣ, тақвимҳои портӣ, суғдӣ, хоразмӣ, ки аз он манша гирифтаанд, рӯзи якуми ҳар моҳ Ҳурмуз (Ҳурмузд) ном дорад. :::: Сари соли нав Ҳурмузи Фарвадин,
Line 29 ⟶ 31:
* بهارمهرداد. أساطیر ایران. تهران، ۱۳۵۲ هـ. ش؛
* یاهقی محمد جعفر. فرهنگ أساطیر و إشارات داستانی در أدبیات فارسی. تهران، ۱۳۷۵ هـ. ش
== Сарчашма ==
|