Худо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 7:
 
 
'''ЯгонаЯГОНА ХудоХУДО'''
 
"Танҳо як Худо ҳаст". Танҳо як Худо буда метавонад.
Сатри 115:
дорад.
 
''''''ОдамОДАМ ваВА ҲаввоҲАВВО''''''''' '''
 
Аввалин мард ва зане ки дар замин зиндагӣ мекарданд,
Сатри 259:
писанд меояд. Барои он ки Худо шуморо қабул кунад, шумо
бояд интихоби дуруст намоед.
 
'''
''''''ҲАЗРАТИ НУҲ''''''
Ҳазрати Нӯҳ'''
 
Ҳазрати Нӯҳ чандин садсолаҳо баъд аз Қобилу Ҳобил
Сатри 419:
дар бораи Он Касе ки шуморо иваз карда метавонад ва
мехоҳад инро ба ӯҳда гирад, хоҳед хонд.
 
'''ҲАЗРАТИ МУСО '''
 
Мусо яке аз роҳбарони ҳайратовар ва бемислу монанди
замонҳо буд. Вай бештар аз миллион нафар одамро дар
муддати чил сол роҳнамоӣ кард. Дар замони мо бо роҳи биѐбон
бурдани ин қадар одамон дараҷаи олии беақлӣ ҳисобида
мешуд. Вале Мусо ин вазифаи гӯѐ ҳалнашавандаро бо
муваффақият иҷро кард. Биѐед ба рӯзгори ин роҳбари бузург як
назар андозем.
Мусо дар Миср зода шудааст. Падару модари ӯ дар замони
ҳукмронии фиръавни* Миср ғуломони исроилӣ буданд. Ҳамин
фиръавн фармон баровард, ки ҳамаи писарони навзоди ғуломон
дарҳол баъди зода шудан нобуд карда шаванд. Вақте ки Мусо
зода шуд, модари ӯ аз тарси ҷони кӯдаки навзод ӯро се моҳ дар
хонаи худ пинҳон кард. Ва рӯзе ки дигар илоҷи пинҳон кардани
Мусоро надошт, модар сабади хурдеро бофта, ба он қатрон**
молид ва дар он кӯдакро ҷой кард. Вай ин сабадро ба лаби дарѐ
бурд ва ба рӯи об гузошт. Баъди муддате духтари фиръавн ба
лаби дарѐ рафт ва сабадеро дид, ки рӯи об шино мекард. Ӯ
сабадро гирифта дар он Мусои навзодро дид. Духтари фиръавн
бо нияти ғамхорӣ ба кӯдак аз пайи кофтукови доя шуд ва
фармуд, ки ӯро ба дарбор биѐранд.
Мусо ба воя расид ва дар ин муддат тамоми донишҳои
Мисрро аз худ кард ва бо ақли расои худ аз дигарон фарқ
мекард. Ӯ дар дарбори фиръавн зиндагӣ мекард, аммо
медонист, ки мисрӣ нест. Боре ҳангоми сайру гашт ӯ мисриеро
дид, ки ғуломи исроилиро мезад. Мусо ба хашм омад, зеро худи
ӯ низ исроилӣ буд. "Ва ба ҳар тараф назар андохт ва чун дид, ки
касе нест, он мисриро кушт". Фиръавн аз ин ҳодиса хабардор
шуда, хост Мусоро кушад. Аммо Мусо роҳи биѐбонро пеш
гирифт ва дар он ҷо чил сол зиндагӣ намуд.
Боре, ҳангоми гӯсфандчаронӣ Мусо буттаеро дид, ки дар
оташи ғайриоддӣ месӯхт. Оташ аланга мезад, аммо он хорбутта
намесӯхт. Чун Мусо барои дидан ба он наздиктар омад, овозе
* Фиръавн - подшоҳи Миср
**Қатрон - моддаи равғанмонанди сиѐҳ19
ба гӯши ӯ расид:
"Мусо! Мусо!"
Мусо ҷавоб дод: "Лаббай".
Худо аз байни бутта ба ӯ муроҷиат кард ва гуфт: "Ба ин ҷо
наздик наой: кафшҳоятро аз пойҳоят бикаш, зеро маконе ки ту
дар он истодаӣ, замини пок аст". Худованд ба Мусо гуфт, ки
нолаҳои ғуломонро дар Миср шунид ва онҳоро раҳо кардан
мехоҳад. Худо ба Мусо рӯй оварда гуфт: "Ман туро назди
фиръавн мефиристам, то ки халқи Ман, фарзандони Исроилро
аз Миср берун оварӣ".
Ва Мусо ба Худо гуфт: "Ман кистам, ки назди фиръавн
равам ва халқи Исроилро аз Миср берун оварам?"
Худо ба ӯ ҷавоб дод: "Ман бо ту хоҳам буд".
Мусо ба Худо итоат кард ва ба фиръавн муроҷиат кард, то
ки ғуломонро озод кунад. Фиръавн Мусоро масхара кард ва
гуфт, ки исроилиѐн дар Миср мемонанд.
Пас аз он Худо ба Миср ҷазо фиристод, зеро ки фиръавн
якравӣ мекард ва аз Миср баромадани ғуломон, халқи
Исроилро намемонд. Тамоми обҳои Миср ба хун табдил
ѐфтанд. Миллионҳо қурбоққаҳо, пашшаҳои хокӣ, магасҳо ва
малахҳо замини Мисрро пур карданд. Ҳайвонмурӣ сар шуд.
Одамон аз пучаку яра азоб мекашиданд. Торикӣ замину
замонро ба дами худ кашид ва жолаи ниҳоят калон мамлакатро
хароб кард. Ҳамаи ин балоҳоро ба Миср Худо равон кард,
чунки фиръавн ғуломони исроилиро нигоҳ медошт.
Мусо такроран назди фиръавн омада, ба ӯ гуфт, ки боз як
ҷазои дигар бар сари мардуми ту меояд, барои он ки ту Худоро
гӯш намекунӣ. Имшаб писари аввали ҳар як оила мемирад.
Мусо ба ғуломон гуфт, ки онҳо ба болодарӣ ва
паҳлудариҳои хонаҳояшон хуни барра моланд. Танҳо дар ин
маврид онҳо дар бехатарӣ хоҳанд буд. Худо ба хонаҳое ки ба
паҳлудариҳояшон хун молидагӣ буд, зарба назад, вале дар
тамоми дигар хонаҳое ки нишона вуҷуд надошт, писарони
аввал мурданд. Худованд гуфта буд: "Ва хунро дида, аз пеши
шумо мегузарам". Он шаб дар сарзамини Миср бисѐр одамон
мурданд. Аммо исроилиѐн, ки ба болодарӣ ва паҳлудариҳои
хонаҳояшонро хун молида буданд, аз ғазаби Худо халосӣ20
ѐфтанд.
Шуморо ҳукми марг интизор аст. "Зеро ки сазои гуноҳ марг
аст". Ҳамчун гуноҳкор шумо бояд бимиред ва оқибатро дур аз
Худо гузаронед. Аммо Худо аз ҷазои Худ ба шумо роҳи наҷот
пешбинӣ кардааст. Мисли он ғуломон, шумо бояд дилу ҳастии
худро ба хун олуда кунед, то Худо гуфта тавонад: "Ва хунро
дида, аз пеши шумо мегузарам".
Ин амалро чӣ гуна бояд анҷом дод ва барои он чӣ хел хун
лозим аст? Омӯзиши худро давом диҳед ва шумо ба ин савол
ҷавоб меѐбед.
 
'''ҲАЗРАТИ ДОВУД'''
 
Ҳазрати Довуд мусиқанавози бузург буд ва эҷоди
сурудро дӯст медошт. Ҳамчунин барбат* навохтан ва
хондани сурудҳои худ ба ӯ маъқул буд. Баъзе аз сурудҳои
эҷодкардаи ӯ ба мо аз ҳаѐт ва таассуроти ӯ ҳикоят мекунанд.
Боре дар шаби равшан, вақте Довуд рамаи гӯсфандони
падарашро мечаронд, осмони беканор бо ситораҳои
дурахшони он диққати ӯро ҷалб карданд. Ӯ ба осмон ва
милт-милти ситораҳо назар андохта, чунин суруд эҷод кард:
"Худовандо, Худои мо! Чӣ қадар боҳашамат аст номи Ту
дар тамоми замин! Шукӯҳи Ту бар осмонҳо паҳн гаштааст...
Вақте ки ба осмони Ту, ки амали ангуштони Туст,
менигарам ва ба моҳ ва ситорагоне ки Ту офаридӣ, – пас
чист инсон, ки ӯро ѐд кунӣ ва фарзанди одам, ки ӯро бозҷӯӣ
намоӣ?"
 
Бузургӣ ва зебоии офаридаҳои Худо Довудро ба ҳайрат
меовард. Ӯ наметавонист фаҳмад, ки чӣ гуна Офаридгори
ин сайѐраи бузургу он осмони беканор ба одамизод ин
қадар эътибор медиҳад. Ба ҳама кори одамизод шавқ
доштани Худо, ин Офаридгори моҳу ситорагон, Довудро ба
ҳайрат оварда буд.
 
Боз Довуд дар бораи Чӯпони Бузурги худ навиштааст.
Довуд мегуфт, ки Чӯпони Бузурги ӯ ба вай зиндагии
хушбахтона ҳадя кардааст. "Худованд Чӯпони ман аст: ба
ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ нахоҳам шуд. Дар чарогоҳҳои сералаф маро
мехобонад, сӯи обҳои ором маро мебарад, ҷонамро қувват
мебахшад, ба хотири номи Худ маро ба роҳҳои адолат
равона мекунад...".
 
Барбат – асбоби мусиқии торнок22
Дар ҳамон суруд Довуд дар бораи марги нек низ сухан
меронад, "Дар водии сояи марг роҳ равам ҳам, аз бадӣ
наметарсам, чунки Ту бо ман ҳастӣ; асо ва чӯбдасти Ту
маро тасалло медиҳад".
 
Ӯ ин суруди худро бо умед ба оқибати хушбахтона
хотима медиҳад. "Пас, некӯӣ ва меҳрубонӣ тамоми айѐми
умрам бо ман ҳамроҳӣ хоҳанд кард ва ман муддати дуру
дароз дар хонаи Худованд сокин хоҳам буд".
Пеши назари Довуд манзараи дилрабое намоѐн
мегашт. Вай ҳаѐти бобаракатеро аз сар мегузаронд ва
медонист, ки марги муборак насиби ӯ мешавад ва ҳаѐти
бобаракати пас аз маргро интизор буд. Оѐ пеши назари
шумо ҳам чунин манзара намудор мешавад? Чунин манзара
метавонад пеши чашмони шумо ҳам аѐн шавад, ба шарте ки
шумо низ мисли Довуд ба Худованд рӯ оварда, аз Ӯ хоҳиш
кунед, ки гуноҳҳоятонро бахшад. Ҳазрати Довуд ба Худо
нидо карда мегуфт: "Маро аз гуноҳҳоям шустушӯ намо ва аз
хатоҳоям пок кун".
 
Довуд дар таронаҳои худ оиди одаме ки гирифтори
азобу дарди пеш аз марг аст, дар бораи оне ки бар ӯ
механданд, бераҳмона азоб медиҳанд ва дашному ҳақорат
мекунанд, бисѐр гуфтааст. Ӯ чунин мегӯяд:
"Ҳар кӣ маро бинад, дашномам медиҳад".
"Ҳамаи устухонҳоям фурӯ рехтааст".
"Онҳое ки бесабаб ба ман нафрат доранд, аз мӯйҳои
сарам зиѐд шудаанд".
"Азобҳои марг маро фаро гирифтааст".
"Занҷирҳои дӯзах маро печонидаанд".
"Ба тангӣ ва ғаму ғусса дучор шудаам".
"Ҳамаи устухонҳоямро шумурда мешавад".
"Сару либоси маро дар миѐни худ тақсим мекунанд ва
бар пероҳани (курта) ман қуръа мепартоянд".
"Валекин ман кирм ҳастам ва на одамизод, нанги23
мардумон ҳастам ва нафратзадаи қавм (халқ)".
"Зеро ки сагон маро иҳота карданд".
"Дастҳо ва пойҳоямро маҷрӯҳ карданд".
"Ман беҳол ва бемадор шудаам".
"Ва дар ташнагиам маро сирко нӯшониданд".
 
Бо ин гуфтаҳо Ҳазрати Довуд киро дар назар дошт? Ин
ҳама гуфтор ба худи ӯ дахл надорад, чунки ин ҳодисаҳо бо ӯ
руй надодаанд. Довуд ин суханҳоро дар бораи Касе мегӯяд,
ки барои гуноҳҳои мо мемирад. Омӯзиши мавзӯъҳои ин
китобро давом додан гиред ва шумо дар бораи Оне ки барои
бахшида шудани гуноҳҳоятон ҷонашро фидо кард, бештар
хоҳед фаҳмид.
 
'''ҲАЗРАТИ ИСОИ МАСЕҲ'''''''''
 
Дар ҳафт боби аввал мо бо бисѐр ҳақиқатҳои муҳим
шиносоӣ пайдо кардем. Биѐед аз нав ба онҳо рӯ меоварем ва
ба таври мухтасар чанде аз онҳоро такрор мекунем.
 
Боби якум - Ягона Худо
Дар ин боб мо диққати шуморо ба он ҷалб намудем, ки
Худои ҳақиқӣ ин замину осмонро офарид. Ҳамчунин мо
чанде аз хислатҳои асосии Худовандро аз назар гузарондем.
Худо бахшанда аст ва аз ин сабаб ба мо ҳамдардӣ мекунад.
 
Боби дуюм - Одам ва Ҳавво
Дар боби дуюм мо аз Одаму Ҳавво ҳикоят кардем ва
дидем, ки онҳо аз хоҳишу талаби Худо саркашӣ намуда,
гуноҳ карданд. Ҳамчунин мо дидем, ки барои пӯшонидани
лучии онҳо Худо либос офарид. Барои ин ҳайвони бегуноҳе
кушта шуда буд.
 
Боби сеюм - Қобил ва Ҳобил
Ин боб ба мо огоҳӣ медиҳад, ки мо бояд ба Худо
қурбонии мувофиқро пеш оварем, то Ӯ моро қабул кунад.
Ин қурбонӣ набояд мисли қурбонии Қобил бошад (амалҳои
худи ӯ), зеро Худо онро қабул намекунад. Қурбонии мо
бояд чун қурбонии Ҳобил (қурбонии хунӣ) бошад. "Бе
рехтани хун бахшоиш нест".
 
Боби чорум - Ҳазрати Нӯҳ
Киштӣ барои Ҳазрати Нӯҳ паноҳгоҳ аз ҷазои Худо буд.
Мо бояд аз ҷазои Худо барои гуноҳҳо паноҳгоҳ дошта
бошем.
 
Боби панҷум - Ҳазрати Иброҳим
Аз ҳикоя дар бораи Иброҳим мо фаҳмидем, ки ҳангоми
қурбонӣ гӯсфанд писари ӯро иваз кард. Барои мо ҳам
ивазкунанда лозим аст.25
 
Боби шашум - Ҳазрати Мусо
Аз ин боб мо донистем, ки халқи Исроил, ки дар Миср
ғулом буд, аз ҷазои даҳшатноки марг барканор монд.
Исроилиѐн ба болодарии хонаҳояшон хун молиданд. Барои
наҷот аз ҷазои Худо мо ҳам бояд аз хун истифода барем.
 
Боби ҳафтум - Ҳазрати Довуд
Довуд дар бораи касе гуфта буд, ки барои гуноҳҳои ӯ
азоб хоҳад кашид.
Агар мо хоҳем, ки Худо моро қабул кунад, бояд касеро
ѐбем, ки ҳамаи шартҳои зеринро иҷро карда метавонад.
Ин шахсият бояд мисли либоси Одаму Ҳавво, ки аз
пӯсти ҳайвони қурбонӣ сохтанд, барои мо рӯпӯшӣ
бараҳнагӣ бошад.
 
Ин шахсият бояд чун қурбоние бошад, ки Ҳобил ба Худо
пеш овард.
 
Он бояд моро паноҳгоҳе бошад, чун киштие ки Нӯҳ ва
оилаи ӯро дар паноҳаш гирифт.
Ин шахсият бояд монанди гӯсфанде бошад, ки ҳангоми
қурбонӣ ҷои писари Иброҳимро гирифт.
Ин шахсият бояд бар мо хун молад, то ки мо чун
ғуломони исроилии замони Ҳазрати Мусо аз марг наҷот
ѐбем.
 
Ин шахсият бояд ба ҳамаи пешгӯиҳои Довуд мувофиқат
кунад, яъне чунон ки гуфта шудааст, ба дашному масхара
гирифтораш кунанд, дасту пойҳояшро дар салиб мехкӯб
кунанд.
 
Аммо кӣ метавонад ҷавобгӯи ҳамаи ин шартҳо бошад?
Шумо ин гуна шахсиятро мешиносед? Танҳо як шахсияте
ҳаст, ки ба ҳамаи ин талабот мувофиқат мекунад. Ин шахс
Исои Масеҳ аст. Каси дигареро ѐфтан наметавон, ки ба ин
қолабҳо мувофиқат кунад. Худо мегӯяд: “Ва дар зери осмон
ҳеҷ номи дигаре ба одамон дода нашудааст, то ки ба
воситаи он наҷот ѐбем”.
 
Кай Исои Масеҳ ҳамаи ин пешгӯиҳоро иҷро кард? Кай Ӯ
рӯпӯши бараҳнагӣ ва ивазкунандаи мо буд? Кай Ӯ бар мо26
хун молид? Вақти дар қайди ҳаѐт будани Худ? Не. Ин ҳама
на дар зиндагӣ, балки ҳангоми мурданаш воқеъ шуд. Вақте
Ӯ ҷон дод, барои мо ҳам пӯшиданӣ ва ҳам қурбонӣ шуд.
Вақте Ӯ мурд, барои мо киштӣ ва ивазкунанда шуд. Ӯ хуни
Худро рехт, то ки он барои мо молидании хунӣ шавад.
Танҳо ҳамон вақт, бо марги Худ, Исо он ҳама шартҳоеро, ки
Одам, Ҳобил, Нӯҳ, Иброҳим, Мусо ва Довуд дар бораи онҳо
хабар дода буданд, ба ҷо овард.
 
"Ончунон Масеҳ низ як бор Худро барои бардоштани
гуноҳҳои бисѐр касон қурбонӣ намуд". Хуни Исои Масеҳ,
Писари Ӯ, аз ҳамаи гуноҳҳо пок мекунад.
Марги Исо на шикаст, балки ғалабаи пуршараф буд, зеро
ба одамон сӯи Худо роҳ кушод. Бе марги Исои Масеҳ Худо
шуморо қабул карда наметавонад. Худо талаб мекунад, ки
шумо марги Исои Масеҳро қабул кунед, вагарна абадан
нобуд мегардед.
 
Марги Исои Масеҳ маънои хотимаро надошт. Худо Ӯро
дубора зинда кард. Ин ҳодиса аҷоибтарин ҳодиса дар
таърих буд. Исои Масеҳ аз мурдагон зинда шуда, ба осмон
рафт, то ҳамроҳи Худо бошад.
Акнун шумо бояд Исои Масеҳро чун Ивазкунандаи худ
кабул кунед ва ба Худо муроҷиат карда гӯед: "Худовандо,
ман гунаҳкорам ва мехоҳам, ки Ту маро қабул кунӣ. Ман
медонам, ки ягона роҳ сӯи Ту – ба Исои Масеҳ ҳамчун
Ивазкунандаи худ бовар кардан аст. Ман медонам, ки Ӯ
барои ман мурд ва бар ивази гуноҳҳоям қурбон шуд".
Агар шумо ин суханҳоро аз самими дил ба забон оред,
Худо шуморо қабул мекунад. Ҳангоме ки шумо ин амалро
ба ҷо оваред, дар дилатон ҳаваси зиндагии поку тоза пайдо
мешавад. Дар ин ба шумо Худо мадад мерасонад. Ва агар
шумо Исои Масеҳро қабул накунед, абадан нобуд мешавед.
Оѐ шумо мехоҳед дар ин хусус бисѐртар донед? Пас,
хонишу омӯзиши ин китобро давом диҳед!
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Худо"