Рӯзноманигории шаҳрвандӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
{{бидуни пайванд|сана=30 апрели 2019}}
===== Рӯзноманигории шаҳрвандӣ =====
{{викисозӣ}}
'''Рӯзноманигории шаҳрвандӣ''' — ин як намуди [[рӯзноманигорӣ]] ё худ намуди алтернативии он мебошад, ки бо роҳи шабакаҳои интернетӣ ва технологияҳои нави рақамӣ васеъ паҳн шудааст, ки маънои корбарии муаллифони мутахассиси ин соҳа набударо дорад.
Асоси рӯзноманигории шаҳрвандӣ дар он мебошад, ки шаҳрвандони одӣ метавонанд дар ҷамъ, таҳқиқ ва паҳни маълумоту хабарҳо фаъолона иштирок намоянд.
Рӯзноманигории шаҳрвандӣ ба ғайр аз равшан намудани воқеаҳои ба вуқӯъ пайваста, аммо аз назари воситаи ахбори омма ғоиб монда, боз дигар масъалаҳои муҳимро боз ҳам дақиқтару аниқтар ҳаллу фасл намуда метавонанд.
Асоси паҳншавии рӯзноманигории шаҳрвандиро воситаҳои нави технологӣ ташкил медиҳанд, ки имрӯзҳо барои истифодабарандагон механизми иҷтимоии паҳн кардани маълумот, ёфтани маълумотҳои лозима ва ҷалби омма ба масъалаҳои аниқ осонтар гардидааст.
 
Рӯзноманигори озод Марк Гласер мегӯяд, ки худи мафҳуми рӯзноманигории шаҳрвандӣ дар он аст, ки одамон бе тайёрии махсус дар соҳаи рӯзноманигорӣ метавонанд аз асбобҳои муосири технологӣ ва интернет технологияҳо барои сохтан ва паҳн намудани маълумот истифода баранд. Ин метавонад фикри шахсии шаҳрванди одӣ оид ба ягон масъалаи муҳими оммавӣ бошад, ки онро бо акси аз ҷойи воқеа гирифта тасдиқ намудааст.
Рӯзноманигории шаҳрвандиро аз рӯзноманигории ҷамъиятӣ ва рӯзноманигории умумӣ бояд фарқ намуд, зеро бо ин намудҳои рӯзноманигорӣ танҳо рӯзноманигорони касбӣ корбарӣ карда метавонанд. Аз он ҷумла онро аз рӯзноманигории иҷтимоӣ ва рӯзноманигории якҷоя низ бояд фарқ кард. Чунки дар рӯзноманигории якҷоя ҳам рӯзноманигорони касбӣ ва ҳам рӯзноманигорони ғайрикасбӣ корбарӣ менамоянд. Дар рӯзноманигории иҷтимоӣ бошад ин рӯзноманигорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ кор мекунанд.
Бисёре аз рӯзноманигорони касбӣ меҳисобанд, ки на ҳама вақт маълумотҳоро дуруст пайваст мекунанд, онҳо ҳамчун рӯзноманигорони ҳақиқӣ намебошанд.
 
Рӯзноманигории шаҳрвандӣ фаъолияти касбӣ ба ҳисоб намеравад. Онро ҳамчун иштироки фаъоли маҷмӯи одамон дар раванди ҷамъкунӣ, тадқиқ ва паҳнкунии хабарҳо ва маълумотҳо ифода намудан мумкин аст. Ба фикри тадқиқотчиёни амрикоӣ мақсади чунин иштироки одамон дар фаъолияти рӯзноманигорӣ таъмин кардани одамон бо маълумотҳои озод, лозима, боваринок, аниқ, пурра ва имрӯза мувофиқи хоҳиши омма мебошад. Чун қоида одамони бо рӯзноманигории шаҳрвандӣ машғулбуда даромад надоранд. Бо хабарҳои онҳо соҳибони интернет-порталҳо, ки дар онҳо гузоришҳои «Рӯзноманигорони шаҳрвандӣ» гузошта мешаванд, даромад дошта метавонанд. Худи рӯзноманигорони шаҳрвандӣ бошанд, танҳо аз шӯҳрату мақомашон фахр мекунанд.
Рӯзноманигории шаҳрвандӣ - ин хабар аз шахси якум ва гузориш бо «чашмони шоҳид» мебошад. Чунин хосияти рӯзноманигории шаҳрвандӣ хусусияти аслии ҷамъоварии маводи таҳиянашударо ифода мекунад.
 
Аммо имрӯзҳо бисёре аз нашрияҳои инфарматсионӣ аз принсипҳои объективӣ дур рафта истодаанд ва ба ибрози фикрҳои худ оғоз кардаанд. Сабаби асосии ин он мебошад, ки матнҳои зинда, ки ягон чизро ифода мекунанд дар мобайни одамон бисёртар машҳур ҳастанд. Аз ҳамин сабаб барои захира намудани мутолиакунандагон баъзе аз рӯзноманигорон ин роҳро идома медиҳанд.
Нақш дар ҷомеа: Имрӯз шаҳрвандони одӣ дар равшанкунии воқеаҳо нақши бисёр муҳимро мебозанд. Бо шарофати тарақ
 
== Нақш дар ҷомеа ==
Нақш дар ҷомеа: Имрӯз шаҳрвандони одӣ дар равшанкунии воқеаҳо нақши бисёр муҳимро мебозанд. Бо шарофати тарақ
қиёти рӯзноманигории шаҳрвандӣ одамон иштирокчии фаъол дар ҷамъкунӣ, тадқиқот ва паҳншавии маълумотҳои муҳим барои мардум гардиданд.
Соли 2006 дар интернет ҳамагӣ 3 миллион блогҳо буданд, аммо соли 2013 бошад ин рақам ба 152 миллион расид. Бо баробари пурзӯршавии фаъолнокии шаҳрвандон дар фазои интернетӣ, тадқиқотчиён мегӯянд, ки сол аз сол таъсири ВАО-и анъанавӣ кам шуда истодааст. Зеро 71%-и амрикоиҳо аз синни 18 то 29-сола сарчашмаи асоси маълумотро дар интернет мебинанд. Ҳамчунин, одамони бисёре мегӯянд, ки ҳамаи хабарҳои навро аз Facebook мегиранд.
Line 37 ⟶ 44:
Пас аз пайдошавии Дарвозаи ҷаҳонӣ ҳар як шахс имконияти сохтани муҳтавои дастрас дар Интернет пайдо намуд. Аллакай соли 1999 гуруҳи фаъолон шабакаи маълумотии Indymedia-ро ташкил мекунанд, ки асоси онро принсипҳои рӯзноманигории шаҳрвандӣ ташкил медиҳад. Пайдоиши ин захира бо мубодилаҳо бар зидди СҶТ (Созмони Ҷамъиятии Тиҷорат) дар Сиэтл, ки дар ВАО (воситаҳои ахбори омма) на он қадар равшан карда шуд, алоқаманд аст. Вақте ки ВАО-и анъанавӣ натавонистанд ин масъаларо он қадар аниқ ҳал намуда, нишон диҳанд, ба онҳо захираҳои паҳнкунӣ лозим шуд. Пайдошавии ин сомона ба дигарон намуна шуд ва дигар сомонаҳои маълумотии шаҳрвандони оддӣ дар шабакаҳо ба пайдошавӣ оғоз карданд.
Воқеаи дигаре, ки ба тараққиёти рӯзноманигории шаҳрвандӣ асос гузошт. Масалан, воқеаи 11 сентябр тақвиятдиҳандаи ин мебошад. Агар пеш аз ин одамон дар блогҳои худ дар бораи фикрашон оиди ягон воқеа нависанд, баъд аз рух додани ин амали террористии 11 сентябр шаҳрвандони зиёд фаъолона бо маълумотҳои нави худ мубодилаи иттилоотӣ менамуданд. Шоҳидон маълумотҳои худро паҳн менамуданд. Барои пурра ва аниқ кардани маълумотҳояшон аз аксҳо ва наворҳои сабт кардаашон истифода мебурданд.
Яке аз воситаҳои машҳуртарини рӯзноманигории шаҳрвандӣ ин «блог» мебошад. Блог – ин сомона мебошад. Асоси он аз захираҳои доимӣ иборат мебошад, ки аз матн, расм ё иттилооти электронӣ иборат аст.</big> <big><small>Big text</small></big>
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}