Қаламфур: Тафовут байни таҳрирҳо
→Хосияти шифоӣ
Шухрат Саъдиев (баҳс | ҳисса) (→Хосияти шифоӣ: илова) |
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ |
||
== Хосияти шифоӣ ==
Қаламфур гиёҳи доруист. Бино ба маълумоти [[Абӯалӣ Сино|Абӯалии Сино]] қаламфур давои иштиҳоовар, пешоброн буда, кори дилу меъдаро тақвият мебахшад, оруғ ва дамиши шикамро рафъ менамояд. Бо ақидаи муаллифи «Муҳити Аъзам» [[Муҳаммад Аъзамхон]] (асри 19) қаламфур ҳазмкунандаи таом буда, рутубати димоғу меъдаро мебарад, бодро меронад, барои назла ва сурфа муфид аст.Қаламфур сабзиши мӯйро метезонад Табибони қадим истеъмоли қаламфурро барои бемориҳои [[Меъда|меъдаву]] [[рӯда]], [[ҷигар]] ва [[гурда]] зараровар ҳисобидаанд.
Табибони халқӣ қаламфурро ба сифати давои арақовар ва иштиҳокушо кор мефармоянд. Қаламфури тару тозаро ба [[хасмол]], думбал ва ҷои дардманди мушакҳо мебанданд. Дар мавриди набудани қаламфури тар хушки онро кӯфта, бо оби гарм меомезанд ва ба ҷойҳои дардманди буғумҳо мемоланд.
|