216 575
edits
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ |
х (Вироиши 109.68.237.60 (Баҳс) вогардонида шуд ба охирин тағйире, ки Шухрат Саъдиев анҷом дода буд) Барчасб: вогардонӣ |
||
== Хосияти шифоӣ ==
Қаламфур гиёҳи доруист. Бино ба маълумоти [[Абӯалӣ Сино|Абӯалии Сино]] қаламфур давои иштиҳоовар, пешоброн буда, кори дилу меъдаро тақвият мебахшад, оруғ ва дамиши шикамро рафъ менамояд. Бо ақидаи муаллифи «Муҳити Аъзам» [[Муҳаммад Аъзамхон]] (асри 19) қаламфур ҳазмкунандаи таом буда, рутубати димоғу меъдаро мебарад, бодро меронад, барои назла ва сурфа муфид аст.
Табибони халқӣ қаламфурро ба сифати давои арақовар ва иштиҳокушо кор мефармоянд. Қаламфури тару тозаро ба [[хасмол]], думбал ва ҷои дардманди мушакҳо мебанданд. Дар мавриди набудани қаламфури тар хушки онро кӯфта, бо оби гарм меомезанд ва ба ҷойҳои дардманди буғумҳо мемоланд.
|