Томирис: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 12:
Малика Томирис Курушро бо ҳила аз дунболи худ ба тангнои кӯҳ кашид, ки пешакӣ дар камарҳои он сарбозони худро ба камин нишонда буд. Томирис дар ин ҷо қӯшуни 200 000-нафараи форсро ҳамроҳи подшоҳашон маҳв намуд. Малика амр кард, ки сари буридаи Курушро ба машки бо хуни одамӣ пуркардашуда андозанд ва худ бо чунин суханон бераҳмии ӯро маҳкум намуд: «Инак сер шав аз хуне, ки ту ҳамеша ташнаи он будӣ ва ҳеҷ гоҳ аз он сер намешудӣ».(Юстин, I, 8, 1-13).<ref>Б.Ғ. Ғафуров Тоҷикон. Китоби 1. — Душанбе, 2008, — с. 81</ref>
 
=== Ҳикояти ГеродотҲеродот ===
: Ҳикояти ГеродотҲеродот (а, 205—214) боз ҳам муфассалтар аст. Аз он маълум мешавад, ки [[Куруши Кабир|Куруш]] аввал ба воситаи фиристодагони махсуси Томирис ба малика заношӯ шуданро пешниҳод карда будааст. «Лекин Томирис, менависад ГеродотҲеродот, — на хостгори вай, балки хостгори салтанати массагетҳо будани Курушро пай бурда, ин пешниҳодро рад намуд» (I, 205).Писари Томирисро Спаргапис меномиданд вай кушта нашуда, балки асир афтода, худашро кушта будааст. Доир ба муҳорибаи массагетҳо ва қӯшуни ҳахоманишӣ чунин нақл карда мешавад: «… Ин муҳориба аз тамоми задухӯрдҳое, ки баробариҳо иштирок доштаанд, шадидтар. Аз рӯи шунидам, вай ин тариқа рӯй додааст: аввал ҳарду қӯшун аз масофаи дуртар истода ба якдигар аз камон тир паррондаанд, сонӣ, вақте ки тири камон тамом шудааст, ба ҷанги тан ба тан гузашта найзаву шамшерзанӣ кардаанд. Қӯшунҳо муддати дуру дароз ба ҳам муқобил истода, ҳеҷ яке аз тарафҳо ба гурез рӯ наниҳодааст. Ниҳоят, массагетҳо ғалаба ба даст овардаанд. Бештарин қисмати қӯшуни форс дар майдони ҷанг нобуд гардида, худи Куруш ҳам кушта шудааст» (ГеродотҲеродот, I, 214). Страбон ба (IX,8,5) ин ахбор чунин як маълумоти хеле муҳимро илова менамояд, ки дар вақти ин ҷанг душманони бодиянишини [[Куруши Кабир|Куруши II]] (ӯ онҳоро сакоӣ меномад) қӯшуни ҳахоманиширо ду бор шикаст доданд.<ref>Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон. Китоби I—II. — Душанбе, :Ирфон, 2008, с. 81 82С. 81—82</ref>
 
Ин муҳорибаи таърихӣ ва бохти [[Куруши Кабир]] соли 530 пеш аз милод рӯй додааст. Дигар дар бораи Томирис иттилооти аниқ нест.