Размпардоз: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳ
х →‎Пешина: вироишоти сабкӣ
Сатри 32:
 
== Пешина ==
Номи ин дараҷа дар бисёре аз артишҳо бо «[[дирафш]]» пайванд дорад. Чунончи, ин дараҷа дар нерӯҳои мусаллаҳи [[Тоҷикистон]] ва [[Русия]] «''прапорщик''», [[Лаҳистон]] «''хорунжий''» ({{lang-pl|''chorąży ''}}), кишварҳои пешиниЮгословии Югословӣпешин «''заставник''», [[Бритониё]] «''ensign''», [[Фаронса]] «''enseigne''» ва [[Олмон]] «''Fähnrich''» номида мешавад, ки маънояшон «''парчамдор''» ({{lang-fa|'''پرچمدار'''}}) аст. Дар артишҳои қадим ''парчамдор'' сарбозе буд, ки пешопеши [[ягони низомӣ]] парчами онро мебурд<ref>''Фарҳанги муосиримуъосири форсӣ (якҷилдӣ)''. Ғуломҳусайн Садрии Афшор, Насрин Ҳакамӣ, Настаран Ҳакамӣ. – Теҳрон: Фарҳанги муосирмуъосир, 1381. с. 282. ISBN 978-964-5545-68-8.</ref>. «''Прапорщик''» дақиқан ҳамин «''парчамдор''» аст, ки онро «''дирафшдор''» ҳам мегӯянд.
 
Дар сипоҳи [[Ҳахоманишиён]] ҳар ҳазора ё [[ҳанг]] барои худ парчаме дошт<ref>E. Pottier, ''Douris'', London, 1909, p. 105 fig. 20, Plate XXV.b</ref>, ки ба забони порсии бостон «''drafša-''» номида мешуд (аз «*''drafša-''» дар эронии бостон, ки «''drafšā-''» дар авестоӣ, «''drafš''» дар порсии миёна, «''arδašf''» / «''ərδəšf''» дар забони суғдӣ ва «''λraφo''» дар забони балхӣ аз он рӯидаанд<ref>''Расторгуева В. С., Эдельман Д. И.''. [[Этимологический словарь иранских языков]]. Т.2. b—d. — М.: «Вост. лит.», 2003 г. — 502 с. — стр. 348. ISBN 5-02-018124-2</ref>). Бино ба ривояте, дирафши аждаҳопайкарро [[Куруши Кабир]] аз осуриён вом гирифта буд ва он то поёни подшоҳии Дорои Севум дар сипоҳ ба кор мерафт. [[Искандари Мақдунӣ]] пас аз пирӯзӣ бар Доро ин дирафшро парчами расмии подшоҳии Мақдуния карда буд, аммо пас аз пирӯзии румиён бар мақдуниҳо «''дирафши аждаҳопайкар''» ба дасти фарзандони Ромул уфтод. Ин дирафш дар подшоҳии Руми Шарқӣ низ боз мондаву ба кор мерафтааст<ref>''Арсеньев Ю. В.'' О геральдических знаменах. СПб, 1911, с. 5-6. Цит. по: [http://www.vzmakh.ru/parabellum/n14_s4.shtml ''Дмитриев С. В.'' Знаменный комплекс в военно-политической культуре средневековых кочевников Центральной Азии (некоторые вопросы терминологии и морфологии)]</ref>.