Ноҳияи Айнӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 84:
==Мавқеъи Ҷуғрофӣ==
 
==Таърих== Нохияи айни
НОҲИЯИ АЙНӢ.
Аз Бутамон то Тоҷикистон
"Аз Бутамон то Тоҷикистон".
Ноҳияи Заҳматобод (ҳозира Айнӣ) 23 – ноябри соли 1930 ташкил ёфта, моҳи январи соли 1955 ба хотири гиромидошти сардафтари адабиёти муосири тоҷик номи Садриддин Айниро гирифтааст. Маркази маъмурии ноҳияи Айнӣ деҳаи Варз тақрибан аз асрҳои VII-VIII арзи вуҷуд дорад. Пас аз бунёди манора ва дар назди он масҷиди калон, ки дар асрҳои X-XI сохта шудаанд, деҳа номи «Варзи Манор»-ро мегирад.
Ноҳияи Айнӣ дар таърих бо номи Паргар, Парғар, Барғар ё Фалғар ёдоварӣ мешавад. Замоне, (аниқтараш дар асрҳои VII-VIII мелодӣ) Фалғар яке аз ноҳияҳои вилояти Бутамони давлати Панҷ будааст. Мувофиқи ҳуҷҷатҳои аз архиви худи Деваштич ёфтшуда, ў аз солҳои 708 – 722 дар вилояти Бутамони давлати Суғд – Панҷ шоҳигарӣ кардааст. Маркази вилоят шаҳри Панҷ, яъне Панҷакент буд. Болооби Зарафшон дар сарчашмаҳои таърихӣ ва ҷуғрофии асрҳои миёна бо номи Бутамон машҳур аст. Бутамон яке аз бошишгоҳҳои қадимтарини инсон ба шумор меравад. Бошандагони ин сарзамини кўҳан дорои таърихи бою маданияти баланд буданд. Қайд кардан кифоя аст, ки бозёфтҳои хатти суғдие, ки дар яке аз харобаҳои Кушки Абаргар (ҚалъаиМуғ) ба даст омадаанд, аз он шаҳодат медиҳанд. Мо имрўз ба шарофати ин дастхатҳои нодир дар бораи забону адабиёт, хатту савод, санъату маданияти баланд, доду гирифт, - хулоса таърихи мукаммали яке аз халқҳои калонтарини гузаштагони тоҷик – суғдҳо бо ифтихор сухан мегўем.