Эдгар Блоше: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 37:
 
Кори асосии Блоше феҳристнигорӣ буд. Вай дар 4 ҷилд «Феҳристи нусхаҳои хаттии форсии Китобхонаи миллии Фаронса» («Cataloque des manusrits person de la BNF»)-ро тартиб дод (ҷ. 1 с. 1905, ҷилдҳои охираш с. 1934 чоп шудааст). Ин китоби бузург дорои 1740 барг буда, яке аз машҳуртарин феҳристҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад. Баъд аз мурттаб сохтани ҷойҳои китоби мазкур ба Китобхонаи миллии Фаронса китобҳои дигар ба форсӣ, арабӣ, туркӣ ворид гардиданд, ки Блоше феҳристи китобҳои ба тозагӣ воридшуда, инчунин китобҳои арабию туркии ба китобхона ҳадяшуда, феҳристи осори адабиёти пешазисломии эрониро тартиб дода, мунташир намудааст. Наққошиҳои дар нусхаҳои хаттӣ мавҷудбударо низ мавриди омӯзиш қарор додааст («Наққошиҳои нусхаҳои хаттии арабӣ, форсӣ ва туркии Китобхонаи миллии Фаронса», 1911). Ба гурӯҳи асарҳои дар бораи ислом, адабиёти арабӣ ва таърихи кишварҳои Арабистон нигоштаи Блоше «Маъхазҳои шарқии „Мазҳакаи Илоҳӣֺ“-и Данте» (1901), «Парастиши Афродита — Аноҳита дар миёни аъроби ҷоҳилият» (1902), «Институтизории масеҳият дар дигаргунии исломӣ» (1903), «Таъсири масеҳият ва ойини Буддо дар ислом» (1925-26), тарҷумаи асарҳои таърихӣ оид ба кишварҳои араб — Яман, Миср ва ғ. дохил мешаванд. Блоше ҷ. 2 «Ҷомеъ-ут-таворих»-и Рашидуддини Фазлуллоҳро бо муқаддима ба табъ расонидааст. Ӯ асосан, ба омӯзиши осори адабиёти паҳлавӣ (форсии миёна) ва забони паҳлавӣ машғул шудааст, ки унвони баъзе аз онҳо бадин қарор аст: «Мутуни паҳлавии институти шорнаёфтаи марбут ба ойини зардуштӣ» (1895); «Баррасии замоири шахсӣ дар забони паҳлавӣ» (1896); «Баррасиҳои дастури забони паҳлавӣ» (1905); «Баррасии таърихи мазҳабии Эрон» (1898-99); «Баррасии номи туркон дар Авесто» (1915) ва ғ.
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
== Адабиёт ==
Line 49 ⟶ 52:
* {{ЭМТ|Блоше Габриэл Жозеф Эдгар|2|муаллиф=М. Диловаров}}
 
[[Гурӯҳ:Шарқшиносон]]