Пайрав Сулаймонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 123:
Тадқиқи архиви адиб, омӯхтани вариантҳои гуногуни матни ҳар як асари ӯ имкон медиҳад, ки санаи таълифи асарҳое, ки таърихи навишта шуданашон номаъълум аст, муайян гардад. Агар дар зери дастнависи шоир санаи таълиф гузошта шуда бошад, кори матншинос осон аст. Масалан, санаи таълифи ғазали «парешон» на дар матни Р. Ҳодизода ва на дар «Девон»-и 1971 вуҷуд надорад. Лола Сулаймонӣ онро 1918-1919 тахмин кардааст. Вале дар архиви институт – дар воҳиди ҳифзи 91 зери шеър «Бухоро, 1927» сабт ёфтааст.
Шеъри «Мактуб ба рафиқам» дар ҳамаи маҷмӯаҳои шоир бесана омадааст. Дар архив се нусхаи сиёҳнавис ва як нусхаи покнавис мавҷуд аст. Дар зери нусхаи покнавис, ки рақами 1-ро гирифтааст, «Самарқанд, 1933» навишта шудааст. Мо ин санаро ҳамчун санаи саҳеҳ қабул кардем.
Шеъри дигари Пайрав Сулаймонӣ «Қалам» то соли 1959 ҳам дар маҷмӯаҳои шоир ва ҳам дар асарҳои тадқиқотии адабиётшиносон соли 1928 дониста шудааст. Ва ин дуруст аст. Зеро ин шеър ҳҳам аз ҷиҳати сабку услуб ва камолоти адиб, ҳам аз ҷиҳати фарогирии мароми сиёсию иҷтимоии Пайрав Сулаймонӣ маҳлулимаҳсули соли 1928 аст, насна соли 1920, вале дар «маҷмӯаи осор»-и соли 1959 дар зери ин шеър «Бухоро, октябри соли 1920» навишта шудааст. Ба назари мо ин ҷо иштибоҳан 1920 омадааст ва мураттибу муҳаррир ба он эътибор надоданд. Зеро мураттиби ин маҷмӯа [[Лола Сулаймонӣ]] дар як мақолааш дар бораи қасидаи ҳасбулҳолии «Нишони бенишонӣ» сухан ронда навиштааст:
«Пайрави зиндадилро, ки се-чор сол қабл аз ин «Қаламам умри ҷовидони ман аст» гуфта буд, ба ҳолати маъюсӣ ва ноумедӣ оварданд, ки дар ин қасидаи ҳасбиҳолӣ « нишоне надиҳад ному нишонам» навиштааст».
Муаллифи мақола санаи таълифи «нишони бенишонӣ»-ро 1930-1931 тахмин кардааст, пас «се-чор сол қабл аз ин» гуфта, соли 1928-ро дар назар дорад. Вале мутаассифона, то охирин маҷмӯаи шоир ин иштибоҳ давом кардааст. Ҳатто танқиди адабӣ ба муҳаққиқоне, ки ин шеърро чун маҳсули соли 1928 таҳлил кардаанд, эрод гирифтааст. Дар як мақолаи роҷеъ ба санаи таълифи ин шеър навишта шудааст:
«Дар омади сухан бояд гуфт, ки нисбат ба таърихи иншоди шеъри «Қалам» низ ҳамин иштибоҳ ҷой дорад. Иштибоҳан соли 1928 донистани санаи таълифи ин шеър аз «Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик» (қ. 11, саҳ. 185) сар шуда, баъдан ба нашрҳои гуногуни китоби дарсии «Адабиёти советии тоҷик» низ роҳ ёфтааст. Аслан ин шеър моҳи октябри соли 1920 гуфта шудааст».
Сатри 130:
Аввал ин ки дар нахустин маҷмӯаи Пайрав Сулаймонӣ «Шукуфаи адабиёт», ки худи ӯ таҳия кардааст, санаи таълифи ин шеър октябри 1928 аст.
 
Дар архив дастнависи шеъри «Қалам» маҳфуз намондааст. Вале дар «Маҷмӯаи шеърҳо» -и соли 1934 дар саҳифаи аввал баъд аз сурати Пайрав Сулаймонӣ акси дастхати ӯ бо ҳуруфи ниёгон оварда шудааст, ки дар зери он «Бухоро – 1928» зикр ёфтааст. Бинобар ин мо бидуни шакку шубҳа дар Куллиёти Пайрав Сулаймонӣ санаи таълифи шеъри «Қалам» -ро «Октябри 1928» зикр намудем.
Дар архиви Пайрав шеърҳое ҳастанд, ки санаи таълифи онҳоро тахмин кардан ниҳоят душвор аст.
Чунон ки маълум аст, аз солҳои панҷоҳум сар карда, ҳамаи маҷмӯаҳои Пайравро духтари шоир, номзади илми филология шодравон ''Лола Сулаймонӣ'' мураттаб сохтааст. Лола Сулаймонӣ солҳои тӯлони бо архивипадарархиви падар сару кор дошт, онро ба тартиб овард, таҳқиқ намуд ва аз рӯи имконият ва тақозои замон баъзе асарҳои ба чоп нарасидаро интишор сохт. Ӯ орзу дошт, ки Куллиёти илмии Пайравро таҳия кунад ва ба ҳамин ният архивро ба Институти забон ва адабиёт, яъне ба ҳимояи давлат супорид ва худаш ҳам ба шӯъбаи мероси адабии ҳамин Институт ба кор омад. Вале афсӯс, ки марги беамон барои ҷомаи амал пӯшидани ин орзуяш имкон надод.
 
Он шеърҳое, ки дар солҳои охир дар натиҷаи кӯшишҳои Лола Сулаймонӣ дар саҳифаҳои маҷалла ва рӯзномҳоирӯзномаҳои ҷумҳурӣ ба табъ расиданд ва он пораҳои нотамоме, ки аз байни қоғазпораҳои архиви Пайрав пайдо шудаанд, тасаввуроти моро дар бораи ӯ, шеъри ӯ, зиндагии ӯ, андешаҳои ин шоири дардошно тағйир медиҳанд.
 
Лола Сулаймонӣ дар сарсухани худ навиштааст: {{аввали иқтибос}}«Амакам Яҳёҷон СулайсонӣСулаймонӣ чанде пеш аз вафоташ ба ман як ҷузвдон дастхатҳоро супорида хоҳиш намуд, ки онҳоро ба касе иншон надиҳам. «Аксари ин шеърҳо ба ҷуз яктоаш дар Эрон навишта шудааст. Фаҳмидӣ? Мабодо номи бародарам сиёҳ нашавад…»{{охири иқтибос|сарчашма=}}
Мувофиқи хоҳиши ӯ ман ин ҷузвдонро солҳои зиёд маҳфуз доштам. Ҳоло ки замони ошкоргӯист, ин шеърҳо низ бояд чоп шаванд, зеро ҳеҷ иллате надошта, балки аз сӯзи дили як ҷавони биступанҷсолаи ошиқи раҳдур дарак медиҳанд. Дар дафтаре, ки амакам супорида буданд, ба ғайр аз дастнависи шеърҳои мунташир чанд дастхати шеърҳои номатбӯи Пайрав Сулаймонӣ маҳфуз аст».
Ин шеърҳо ва умуман он тағйироте, ки дар солҳои охир дар ҷомеаи мо ба вуқуъ пайваст, моро водор месозад, ки эҷодиёти Пайравро аз нигоҳи нав тадқиқ намоем, ҳусни шеъри ӯ маҳорати шоирии ӯро нишон медиҳем, роҳи зиндагии пур аз нишебу фарозии ӯро тасвир кунем, сабабҳои ранҷ, дард ва аламҳои ӯро ифшо созем, ки ин кори оянда аст.
Омӯхтани шарҳи шарҳи ҳол ва эҷодиёти адибони охири садаи XIX ва оғози садаи XX назари нави таърихшиносон ва ҷомеашиносонро ба ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ин давра тақозо дорад.
Ҳоло мо мехоҳем танҳо вобаста ба таъйини санаи таълифи он шеърҳои Пайрав Сулаймонӣ, ки тоза ба даст омадаанд, баъзе андешаҳои худро иброз намоем.
Шеърҳои интишорнамудаи Лола Сулаймонӣ 5-то буда, санаи таълифи 3-тои онҳо «ВодоияВидоия бо рафиқони бухороӣ дар ҳини сафари Эрон», «Ҳол ва мозӣ», ғазале дар ҷавоби оқои Алӣ Акбари Гулшан аниқ аст. Ин шеърҳо соли 1924 дар Машҳад иншо шудаанд. Вале кай навишта шудани ду шеъри дигар «Дилам боз аз дасти беғамгусорӣ» ва «Нишони бенишонӣ» маълум нест.
Дар бораи давраи эҷод шудани шеъри «Дилам боз аз дасти беғамгусорӣ» Лола Сулаймонӣ навиштааст:
«Шеъри дигаре, ки бо матлаи «Дилам боз аз дасти беғамгусорӣ» сар мешавад, аз рӯи гуфтаи амакам Яҳёҷон пеш аз [[Инқилоби Бухоро]] ҳангоми аз таъқиби амир хонанишин шудани Пайрав Сулаймонӣ навишта шудааст, ки дар ҳақиқат муҳити ҳамон замонаро инъикос менамояд».
Аз ин гуфтаҳо чунин бармеояд, ки ин шеър солҳои 1918-1919 навишта шудааст.
Дӯсти Пайрав Алӣ Исмоилзода дар мақолаи номатӯиноматбӯи худ доир ба эҷодиёти Пайрав, ки дар архиви шоир маҳфуз аст, дар бораи хонанишин шудани ӯ навиштааст:
{{аввали иқтибос}}«Падари рафиқ Сулаймонӣ Абдукаримҷон гарчи ба ҳаракати ҷадидӣ ба сифати як инқилобпеша фаъолона иштирок накарда бошад ҳам, вале равшанфикр, газетахон ва ғайри [[мутаассиб]] будани вай аз тарафи ҳукумати Бухоро нисбат ба ӯ ба пайдо шудани сӯизансӯизанн сабаб шуда буд. Дар авохир аз тарафи рабоби ҳукумати Бухоро ва муллоёни муттаассиб аз худи Абдукаримҷон зиёдтар ба писари ӯ Отаҷон Сулаймонӣ сӯизансӯизанн ҳосил мешавад. Сахтии таъқибот Пайрав Сулаймониро маҷбур мекунад, ки дар либоси занона чанд вақт дар хона пинҳон шуда биистад».{{охири иқтибос|сарчашма=}}
Аз як тараф, мазмуни қисми аввали шеър ва тарҷумаи ҳоли шоир ҷоиз будани чунин ақида, яъне пеш аз инқилоби [[Бухоро]] навишта шудани онро тасдиқ мекунад. Шеър ҳасби ҳоли Пайрав Сулаймонӣ, оҳу нола ва фарёди ҷонгудози ӯро «дар чордевори беэътиборӣ» аз ҷаври фалак ва бахти рамида ифода намудааст.
 
Сатри 152:
:Гирифтаст расму раҳи беқарорӣ.
:Зи ҷаври фалак балки дар гиря ҳастам,
:Зи харҳар дидаам гашта наҳрест ҷорӣ.
:Ҷаҳаннам шавад меҳмони ман имшаб,
:Гар оҳам бад-ин сон кунад шӯълаборӣ…
Сатри 166:
 
Шоир ба ин пурсиши худ чунин ҷавоб мегӯяд:
:Ҷуз ин казяқазя дигар гуноҳе надорам,
:Ки фикри халоси ватан шуд шиорам.'''''
 
Баъд аз ин ҷои яъсу ноумедиро изҳори муҳаббати самимона нисбат ба ватан, изҳори садқатисадоқати фарзандӣ, тайёр будан ба шуҷоату мардонагӣ дар роҳи халосии ватан, боварӣ ба ояндаи он мегирад:
 
:Бухоро, ватан, эй ба як қабза хокат
Сатри 181:
 
Пас саволе пеш меояд, ки Пайрав Сулаймонӣ ватани азизаш Бухороро аз дасти кӣ халос карданӣ? Аз истибдоди феодалӣ, зулму ситами амир ва амалдорони вай, рӯҳониёни муттаассиб ё истилои хориҷиён.
Аз рӯи адабиёти мавҷуда маълум аст, ки Пайрав Сулаймонӣ ба ягон созмони зидди аморати бухороБухоро шомил набуд. Пас ӯ ба кӣ ва ба чӣ уммед бастааст?
Солҳои охир дар матбуоти тоҷик доир ба ишқилобиинқилоби [[Бухоро]], мавқеи зиёиёни авохири садаи XIX ва ибтидои садаи XX дар ин инқилоб баъзе асарҳо ва мақолаҳо интишор ёфтанд, ки ахбори то ин дам дастнорас ва андешаҳои тозаеро фаро гирифтаанд.
Дар фаслномаи «Гули мурод» (1997, 7-9) (3)) порчае аз «Рӯзнома»-и Садри Зиё дар таҳияи [[Муҳаммадҷон Шакурӣ]] бо сарсухани эшон ба табъ расид.
Вақто ки лашкари руссияРуссия ба насафНасаф (Қаршӣ) ҳуҷум мекунад, [[Садри Зиё]] қозии онҷо буд. ӯ дар ин порчаи «Рӯзнома» ҳодисаҳои дар роҳ-аз Қаршӣ то Бухоро руҳ додарорухдодаро аз охири августи соли 1920 то оғози сентябри ҳамон сол чун шоҳид тасвир намудааст. Масалан, ӯ навиштааст: {{аввали иқтибос}}«Ҳама аҳли қишлоқ аз бими саллот (сарбоз)–ҳои Руссия фирор карда буданд. Чӣҳо тамоман холӣ аз одам буд. Аҳолӣ ҷумлатан дарак надоштанд. Аз як тараф хавфи саллот буд, ки ба қишлоқ мегаштанд, зирӯҳе (ҷонзоте), ки ба назарашон медаромад, билотаваққуф ба милтиқ мепаррониданд, чизе, ки дошта бошад, мегирифтанд».{{охири иқтибос|сарчашма=}}
Садри Зиё инчунин ба воситаи овардани хобҳои даҳшатбори худ «аз зарбати тӯби қалъакӯб» хароб шудани Бухоро, ба замин яксон шудани қасру кӯшкҳо, ба горатғорат ва яғмо рафтани молу амволи халқ, ба қатл расидани мардуми бегуноҳро нишон додааст, ки ҳама моҳияти «Инқилоби Бухоро»-ро хеле равшан падидор месозад.
 
Шояд Пайрав Сулаймонӣ шеъри худро баъд аз ҳамин воқеаҳо навишта бошад, яъне соли таълифи он на то Инқилоб, балки баъд аз он бошад. Ба ин як порча шеъри нотамоми ӯ, ки санаи таълифаш номаълум аст, низ далолат мекунад:
Сатри 191:
:Мо ба худ кандаем гӯри сиёҳ,
:Гӯри торику танг, гӯри табоҳ.
:РосиРост истодаем бар лаби он гӯр,
:Синаҳо бозу чашмҳо дар роҳ.
:Теғи худро занед, эй қотил!
Сатри 206:
:На зи бегонагон умеду на хеш.
 
Пайрав Сулаймонӣ Инқилоби Бухороро бо шеъри «Ба муносибати Инқилоби Бухоро» (2 сентябр 1920) пешвоз гирифт. Дар ин шеър ӯ аз озодии ҷумҳурӣ, партавафшон шудани байрақи сурх изҳори шодмонӣ кардааст. Дастнависи ин шершеър дар архиви шоир маҳфуз аст. Оё шеъри «Ба муносибати Инқилоби Бухоро», дар вақташ дар ягон маҷалла ё рӯзнома чоп шуда буд ё не? Мо имкони тадқиқи ин масъаларо надоштем, зеро маводи заруриро ба даст оварда натавонистем. Тадқиқотчиёни эҷодиёти Пайрав Сулаймонӣ низ дар ин бора чизе нагуфтаанд. Пайрав Сулаймонӣ онро ба ягон маҷмӯаи худ ворид накардааст. Фақат баъд аз вафоти ӯ Раҳим Ҳошим ин шеърро ба «Маҷмӯаи шеърҳо»-и ӯ дохил кардааст.
Тадқиқи шаҳришарҳи ҳоли [[Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ]] – дар мақолаҳои [[Расул Ҳодизода]] «Маҳмуд Хоҷа Беҳбудӣ – тарихи зиндагӣ ва тақдири таърихии ӯ», [[Муҳаммадҷон Шакурӣ]] «Нигоҳе ба поёни умри Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ» («Гули мурод», 1997, 1998, 10-12(4)), хулосаҳои ин муаллифон моро ба чунин андеша водор сохт, ки шояд Пайрав Сулаймонӣ низ Инқилоби Бухороро бо хушнудӣ пешвоз гирифта, гумон карда бошад, ки акнун Осиёи Миёна аз ҷавру зулми ҳукумати амирӣ ва муллоёни мутаассиб раҳоираҳоӣ ёфта, ҷумҳурии мустақил хоҳад шуд ва адлу инсоф ғалаба хоҳад кард. Вале асорати миллӣ, бесару сомониҳо, харобӣ ва куштору ғорат, ҳабскуниҳо ӯро аз нав ба кӯи яъсу ноумедӣ андохт.
Шояд муҳоҷирати Пайрав Сулаймонӣ ба Афғонистону Эрон ба ҷуз гурехтан аз ишқи духтари Чингиз, ки муҳаққиқони эҷодиёти ӯ таъкид кардаанд, минбаъд дигар хел маънидод шавад?
Шеъри Пайрав Сулаймонӣ «Дилам боз дасти беғамгусорӣ» дар пайравии ғазали [[Абдурауф Фитрат]] «Эй модари азизи ман, эй хиттаи Бухоро» навишта шудааст. Шеъри Фитрат бо мисраъҳои зерин шурӯъ мешавад:
Сатри 216:
:Саҳрои маҷд, боғи ҳунар, соҳаи виқор…
----
Устод Айнӣ дар «Таърихи иқилобиинқилоби Бухоро» дар бораи маҷмӯаи «Сайҳа»-и Фитрат, ки соли 1392 ҳиҷрӣ (соли 1911-и мелодӣ) дар Истанбул нашр шудааст, сухан ронда, аз ҷумла навиштааст: «Маҷмӯаи шеърҳо ба форсӣ «Сайҳа» дар ҳаҷми хурд чоп шуда буд. Шоир дар ин маҷмӯа аз ҷабру зулме сухан меронд, ки олами ҷаҳонгирон дар ҳаққи олами олами Шарқ ва ислом мекарданд. Агар бигӯем, ки ин асар ба хонандагон чун қувваи электр таъсири сареъ ва қавӣ дошт, ҳаргиз [[муболиға]] накардаем. «Сайҳа» чунон ки ба Бухоро дар кисаҳо пинҳон оварда шуда буд, дар Бухоро низ пинҳонӣ паҳн карда шуд».
2 Дар бораи ин шеъри Абдурауфи Фитрат устод Шакурӣ дар китоби «Ҷусторҳо: дар бораи забону адаб ва фарҳанги Тоҷикистон», Теҳрон, 1382, саҳ.95 ва С.Табаров дар мақолаи «Ашъори миллӣ ва ватанхоҳонаи Фитрат» (маҷаллаи «Адаб, 2000, №2) сухан рондаанд
Пайрав Сулаймонӣ аз ин маҷмӯаи шеърҳои Фитрат, албатта, огаҳ буд ва он шеърҳо ба дили ҳассоси ӯ таъсири амиқ гузоштанд.
Устод Шакурӣ ин шеъри Фитратро таҳлил намуда, аз ҷумла навиштаанд:
«Ин шеър шояд якумин шеъре бошад, ки дар васфи Бухоро гуфта шуда аст. Ин васф ҳам бештар иборат аз суолу ҷавоб аст. Дар адабиёти равшангарӣ вожаи «Ватан» бештар мавҳумимафҳуми иҷтимоӣ гирифт ва мавҳумимафҳуми «Модари Ватан» пайдо шуд, ки онро аз шеършеъри боло мебинем. Ҳисси ватандӯстӣ дар давраи маорифпарварӣ бо шиддат ёфтани муборизаи илмии озодиҷӯӣ зидди имперотурии рус ва гоҳе зидди мустабиддони турки манғит низ то рафт баланд мешуд. Сӯзу гудози мазлумон зери юғи истисмор аз шеъри мазкури фитратФитрат пуртаъсир шунида мешавад».
Ба андешаи мо ба Бухоро ворид шудани аскарони сурх ва ба вуқӯъ пайвастани он бе сару сомониҳо боиси эҷод шудани шеърҳои Пайрав Сулаймонӣ гардида, ифодаи он ҳисси ватандӯстӣ ва муборизаи озодиҷӯӣ зидди хориҷиён аст. Лола Сулаймонӣ санаи таълифи шкъришеъри «Нишони бенишонӣ» -ро 1930-1931 тахмин карда дар ин бора навиштааст:
«Ин қасида маҳсули он солҳоест, ки Пайрав Сулаймонӣ пайдарпай ба фишору танқидҳои муғризонаи чанде ба ном мунақидмунаққид дучор шуда буд».
Чунонки Раҳим ҳошимҲошим дар мақолаи «Пайрав ва тозиёнаи танқид» зикр кардааст, дар солҳои 1930-1931 «дар газетаҳо дар нишастҳои адабӣ танқид кардани вай (Пайрав-Х.О.) давом дошт. Ба мунаққидони гаправтар ҳатто муқаддимаи Бектош (мақаддимаимуқаддимаи Бектош ба китоби «Шукуфаи адабиёт»-Х.О.) ҳам ноқис менамуд. Онҳо тамғаҳои дабдабаноктар ёфта, ба вай часпонданӣ мешуданд».
Раҳим Ҳошим суханашро дар бораи вазъияти он солҳо давом дода навиштааст:
«Давроне буд,ки қобилияти касро не, садоқат ва самимияти касро не, балки пеш аз ҳама чӣ айб доштан, чӣ айбҳо дошта тавонистани касро, на танҳо худи вай, балки падару бобояшро мепурсидандвамепурсиданд ва дар баҳо додан ба кори вай айбҳо ба эътибор гирифта мешуд, маҳак қарор дода мешуд».
Устод Ҷалол Икромӣ гӯё барои тасдиқи ин суханони Раҳим Ҳошим дар мақолаи худ «Душанбе ватанам, Бухоро зодгоҳам» чунин воқеаро ба хотир оварданд:
«Охири тирамоҳи соли 1930, як рӯз дар хонаи аскарони сурх якумин анҷумани комсомолони Тоҷикистон барпо шуд. Дар қатори дигар нависанда ва зиёиёни тоҷик ману айравроПайравро ҳам хабар карда буданд. Аз ин илтифоти болоиҳо мамнуну фараҳманд шудем. Сари вақт ба маҷлиси анҷуман рафта, дар толори калони хонаи аскарони сурх хурсанду шод нишастем, бо ҳам сӯҳбату хушгӯиҳо мекардем. Вале ҳанӯз анҷуман сар нашуда, Бектош ба ману Пайрав Сулаймонӣ омада гуфт, ки оҳиста бархоста, аз зал баромада раветон. Гап ҳаст, ки Ғуломризо Ализода пеш аз сар шудани маҷлис аз минбар баромада мегӯяд, ки фарзандони бойҳо ва қозиҳо, ки дар ин ҷо ҳастанд, зали маҷлисро холӣ кунанд. Мо намехоҳем, ки дар ин маҷлиси ботантанаи мо унсурҳои бегона бошанд».
 
Ҷалол Икромӣ ҳолати рӯҳии ҳар дуяшонро тасвир намуда, чунин хулоса кардаанд:
Сатри 237:
:Афсурдаву пажмурдаву помоли хазонам.
:Нуре, ки яқин доштаму ҷаҳд намудам,
:Норе шуду дар кӯраи гамғам сӯхт чунонам.
:Ҳарчанд ҳақиқат зи ҳақиқат талабидам,
:Ҷуз нақши надомат намуданд нишонам,