Бодом: Тафовут байни таҳрирҳо

405 bytes removed ,  3 сол пеш
no edit summary
No edit summary
No edit summary
}}
 
'''Бодом''' ({{lang-la|Prunus dulcis}}, дар гузашта  — ''Prunus amygdalus'' ё ''Amygdalus communis'')  — бутта ва ё дарахти на он қадар бузург. Қариб 50 намудаш маълум аст.
[[Акс:Ametllesjuliol.jpg|thumb| Дарахти бодом]]
 
'''Бодом''' ({{lang-la|Prunus dulcis}}, дар гузашта — ''Prunus amygdalus'' ё ''Amygdalus communis'') — бутта ва ё дарахти на он қадар бузург. Қариб 50 намудаш маълум аст.
 
== Тавсифоти гиёҳшинохтӣ ==
Дарахташ сершохи аҳромшакл, то 6–106-10 м қад мекашад. Шохаҳояш бехор, пӯстлохаш дорчинии сурхтоб ё бӯри хокистарранг. Решааш дароз (5–65-6 м) ва мустаҳкам. Баргаш дарозрӯяи нештаршакл, ғафс, бедандона ё дандонадор; гулаш дуҷинсаи калон, сафеди гулобӣ. Мевааш (дарозиаш 10–6010-60 мм) донакдори гирда, устувонашакл, каҷак; пӯсташ хокистарранг, дорчинии сиёҳтоб, баъди пухтан сахт ва дукафон мешавад. Пӯчоқаш вобаста ба навъ сахт (мас., Сангбодом), мулоим (Қоғотак, Боғӣ), суфта ё чуқурчадор аст. Мағзаш дорчинии зардтоб, таъмаш ширин ё талх; дар таркибаш 50,3–583-58,3 % равған, 6 % қанд, 20–2520-25 % сафеда, 3 % шилм ва 8 % об дорад. Дар мағзи бодоми талх то 2,05–205-2,5 % алкалоиди заҳрнок — амигдалин низ мавҷуд аст, ки метавонад боиси заҳролудии одам шавад.
 
== Густариш ==
Бодом дарахти рӯшноипарвар ва хушкитобовар буда, дар Кабуддоғ, Тиёншони Ғарбӣ, қисми ғарбии қаторкӯҳи Ҳисор, ҳавзаи д. Варзоб, шохаҳои қ-кӯҳи Дарвоз, ҳавзаи д-ҳои Сурхобу Яхсу (дар баландии 800–1600 800—1600 м аз с. бодом) мерӯяд. Ҳамчунин дар Афғонистон, Эрон, давлатҳои Осиёи Хурд паҳн шудааст. Дар Тоҷикистон 3 намуди худрӯйи он — бодомча (A. spinosissima), бодоми бухорӣ (A. bucharica) ва бодоми шириндона (A. Vavilovii) мерӯяд.
 
== Парвариш ==
Навъҳои маҳаллии бодом — Пистабодом, Каҷакбодом, Азимбойбодом, Қоғотакбодом, Арақбодом, Сангбодом, Шафтолубодом ва ғ., ки дар Тоҷикистон парвариш мешаванд, ба бодоми муқаррарӣ (A. commynis) тааллуқ доранд. Бисёр навъҳои бодом — «Десертный», «Лангедок», «Ялтинский», «Дрейк», «Нонпарел», «Дершукуфаки никитӣ» ба шароити иқлими Тоҷикистон мутобиқ карда шудаанд.
 
Бодомро аз донак афзоиш додан мумкин аст. Ниҳоли аз донак сабзидаи бодом хасак буда, ба он навъҳои бодоми шириндонаро пайванд мекунанд. Ба сифати пайвандтак ниҳолҳои хасаки зардолу, шафтолу, олуча, олу истифода бурда мешавад. Барои бунёди бодомзор заминҳои серхоку санглох ва нишебиҳои офтобрӯяи доманакӯҳҳо (ба ғайр аз хокҳои турш) мувофиқ аст. Ниҳоли бодомро аз рӯйи тартиби 6 х 6, 6 х 5 мешинонанд. Замини байни ниҳолҳоро тирамоҳу баҳор ба умқи 25  см шудгор мекунанд, нурӣ андохта, 2–32-3 маротиба об мемонанд. Ниҳоли бодом баъди 2–32-3 сол самар медиҳад (он 60–10060-100 сол умр мебинад). Ба сабаби барвақт (февр–мартфевр-март) гул кардан, гулашро аксар вақт сармо мезанад. Мевааш июл–авгиюл-авг. мепазад. Дар Тоҷикистон аз ҳар га бодомзор 7,8–258-25,0 сентнер ҳосил мегиранд.
 
== Зараррасонҳо ==
 
== Хосияти шифоӣ ==
Мағзи бодом давобахш аст. Дар ин бобат дар бисёр китобҳои табибони гузашта, аз ҷумла дар «Қонуни тиб»-и Абуалии Сино, «Махзан-ул-адвия»-и Муҳаммад Ҳусейн ибини Муҳаммади Оқилӣ, «Захираи Хоразмшоҳӣ»-и Исмоили Ҷурҷонӣ ва ғ. маъулмот дода шудааст. Табибони мардумӣ мағз, равған, барг ва гули бодоми ширинро даво меҳисобанд. Истеъмоли 0,5–25-2,0 қошуқ равғани бодом барои табобати қабзият, газак, халаи музмин ва бемориҳои роҳи нафас (бронхит) муфид мебошад. Табибон бо мағзи бодоми ширин зардпарвинро муолиҷа менамоянд. Бо ин мақсад рӯзи якум истеъмоли 5 дона (2–32-3 маротиба) бодом тавсия мешавад; рӯзҳои баъдӣ миқдори онро 5-донагӣ афзуда, баъди 4–54-5 рӯз тақр. ба 70 дона мерасонанд. Сипас, миқдори истеъмоли мағзро ба ҳамин тартиб кам карда, ба 15 адад меоранд ва ба табобат хотима мебахшанд. Барои муолиҷаи гӯшдард рӯзе 2 маротиба ба гӯш равғани бодом чакондан муфид аст. Молидани равғани бодом пӯстро нарм месозад. Аз мағзи кӯфтаи бодом «шири бодом» таҳия мекунанд, ки дар пардозгарӣ истифода мешавад. Марҳами барги тари бодом барои доғи кунҷидак, думбал ва ҷароҳати фасоддори пӯст нофеъ аст. Агар бодомро то бӯяш баромадан тафсонда, баъд мағзи онро ҷудо карда бихӯранд, меъдаро қавӣ мегардонад, исҳолро мебандад, сустии меъдаро дафъ мекунад, маниро зиёда менамояд. Агар 17,5 г мағзи бодомро кӯфта, бо асал хамир карда, лесида бихӯранд, дарди ҷигар ва сурфаро шифо мебахшад. Ғӯраи бодомро бо пӯсташ бихӯранд, буни  дандонро мустаҳкам мекунад; гули онро истеъмол кунанд, боҳи мардонро ба ҳаракат меоварад. Барги тару тозаи бодоми ширинро кӯфта бихӯранд, дарунро меронад, кирмҳои меъдаро мерезонад. Агар решаи бодоми талхро дар об ҷӯшонда, он обро бинӯшанд, сипурз ва гурдаро аз моддаҳои зарарнок пок мегардонад. Мағзи онро кӯфта, бо сирко ё шароб сиришта гузошта банданд, решҳои кӯҳна ва даванда, обилаҳои тар, шукуфаи пӯст, қӯтур, хориш ва аллергияи пӯстро шифо мебахшад.
 
Дар тибби муосир равғани бодом ба сифати давои рафъи қабзият тавсия дода мешавад. Онро ба таркиби линиментҳо, марҳамҳо, кремҳои гуногун илова мекунанд. Ҷавҳари обии мағзи бодом тарашшӯҳи шираи меъдаро кам мекунад, барои муолиҷаи газаку захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта муфид аст.
 
== Таркиб ==
Дар таркиби бодоми талх эмулсин ном ферменти заҳрнок мавҷуд аст. Бинобар ин дар мавриди истифодаи он бояд эҳтиёт шуд. Зери таъсири вояи зиёди кислотаи сианид, ки ферменти мазкур ҳосил мекунад, фаъолияти маркази нафасгирӣ қатъ мегардад. Ба таъсири ин кислота хусусан кӯдакон ҳассос мебошанд. Мавриди заҳролудӣ то омадани духтур меъдаро бо маҳлули перманганати калий (1:1000) шустан лозим (ба бемор 0,5–15-1,0 л маҳлулро нӯшонда, сипас қай мекунонанд).
 
== Адабиёт ==
* Запрягаева В. И. Дикорастущие плодовые Таджикистана. М., 1964;
 
* ЗапрягаеваБахтеев ВР. И Х. Дикорастущие Важнейшие плодовые Таджикистанарастения. М., 19641970;
* Бахтеев Р. Х. Важнейшие плодовые растения. М., 1970;
* Каталог районированных сортов сельскохозяйственных культур и гибридов тутового шелкопряда по Таджикской ССР. Д., 1984;
* Сильвандер В. Г. (ва диг.). Субтропические культуры Таджикистана. Д., 1989;
* Гулов С.  М.  Меваҳои гармидӯсти Тоҷикистон. Д., 2008.
 
С. Гулов.
 
==Сохти бодом==
[[Акс:Illustration Prunus dulcis0.jpg|thumb|400px|Сохти бодом]]
 
== Сарчашма ==
* {{ЭМТ|Бодом|2|муаллиф=С. Гулов}}
*[https://ru.m.wikipedia.org/wiki/Миндаль Википедияи русӣ]
*[https://uz.m.wikipedia.org/wiki/Bodom Википедияи ӯзбекӣ]
 
[[Гурӯҳ:МеваҳоБодом|*Бодом]]
[[Гурӯҳ:Меваҳо|*]]
[[Гурӯҳ:Растаниҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Дарахтони мевадиҳанда]]
{{ботаника-нопурра}}