Ибни Сино: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 52:
== Мероси илмӣ ва адабӣ ==
[[Акс:Canon ibnsina arabic.jpg|150px|thumb|Нусхаи арабии Ал Қонун-фит-Тиб]]
Абӯалӣ дар ҷаҳон аз пурмаҳсултарин олимон ва адибон эътироф гаштааст. Фаъолияти эҷодии вай аз 17-18 солагиаш дар солҳои 996-997 шурӯъ шуда, расо 40 сол давом кардааст. Ӯ осори насриву назмиашро ҳам ба [[арабӣ]] ва хам ба [[тоҷикӣ]] эҷод кардааст. Сабаби бисёре аз асарҳои худро ба забони арабӣ навиштани Абӯалӣ он аст, ки забони [[арабӣ|забони арабӣ]] дар он замон ҳамчун забони илму маданият шинохта шуда буд. Ҳамчунин китобҳои зиёди илмию ахлоқии юнонӣ, ибронӣ, ҳиндӣ ва паҳлавӣ ба забони арабӣ тарҷума шуда, истилоҳоте, ки мафҳумҳои илмиро ифода мекарданд, дар ин забон устувор гардида буданд. Забони арабӣ барои ҳамаи донишмандони асрҳои X-XI фаҳмо буда, дарси мадрасаҳо ба ин забон мегузашт.
Осори Абӯалӣ ниҳоят зиёд аст. Аз рӯйи тадқиқ ва ҳисоби донишманди машҳури эронӣ Саид Нафисӣ (1896-1966) миқдори асарҳои Абӯалӣ, ки алҳол маълум шудааст, ба 456 мерасад. Дар китобхонаҳои давлатӣ ва шахсии олам 162 асари у нигоҳ дошта мешавад. Аз ҷумла 23 асари вай бо забони модариаш, яъне [[тоҷикӣ]] эҷод шудааст. Ҳамчунин як миқдор шеърҳои тоҷикии Абӯалӣ низ ба замони мо расидаанд. Асарҳои Абӯалӣ аз ҷихати ҳаҷм хеле гуногун буда, аз рисолаҳои мухтасар то асарҳои чандинҷилда иборат мебошад. Асари «Китобулинсоф», ки аз байн рафтааст, дар 20 ҷилд, «Алҳосил вал маҳсул» дар 20 ҷилд, «Китобушшифо» дар 18 ҷилд, «Лисонулараб» дар 10 ҷилд, [[«Ал-Қонун»-и Абӯалӣ Сино|«Ал-Қонун»]] дар 5 китоб, «Наҷот» дар 3 ҷилд эҷод шудаанд. Кулли ин осор, ки зикрашон рафт, дар инкишоф ва такомили улуми мавҷуда нақши сазовор гузошта, то кунун ба арзиши бузурги таърихӣ, маданӣ ва илмӣ моликанд.
Тамоми асарҳои ӯро метавон ба 4 гуруҳ тақсим кард: