Душанбе: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 75:
}}
 
<br />
'''Душанбе''' ({{lang-fa|'''دوشنبه'''}}) — калонтарин [[шаҳр]] ва пойтахти Ҷумҳурии [[Тоҷикистон]] аст.
 
Масоҳати шаҳр то 01.01.2016 — 126,6 км мураббаъ буда, дар он 802,2 ҳазор нафар шаҳрванд зиндагӣ мекарданд<ref>[http://www.dushanbe.tj/capital/passport/ Шиносномаи шаҳр]</ref>. Аммо дар асл аҳолии шаҳри Душанбе зиёда аз 1 миллионро дар бар мегирад. Дарозии умумии кӯча, гузаргоҳҳо, роҳҳои соҳилӣ, пулҳо, роҳҳои зеризаминиаш — 705,6 км аст. Масоҳати фазои сабз ва дарахтонаш — 74800 метри мураббаъ мебошад.
 
Шаҳр дорои чаҳор ноҳияи маъмурӣ: Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Сино мебошад.<ref name="dushanbe.tj">http://www.dushanbe.tj/capital/passport/</ref>
 
Пойтахти Тоҷикистон аз ҷумла — 230 корхонаи саноатӣ, 38 корхонаи таробарӣ, 132 корхонаи сохтмонӣ, 40 банк, 8 [[меҳмонхонаҳои Душанбе|меҳмонхона]], 35 бемористон, 21 масҷид, 121 мактаби таҳсилоти умумӣ, 14 омӯзишгоҳ, 12 коллеҷ, 21 [[мактабҳои олии Душанбе|донишгоҳ]], 7 осорхона ва 7 [[Рӯихати театрҳои Душанбе|намоишсаро]]-ро дорад.
[[Акс:Здание Мерии г. Душанбе.JPG|right|thumb|Ҳукумати шаҳри Душанбе]]
[[Акс:Dushanbe-Plaza.JPG|right|thumb|Бинои баландошёнаи Душанбе Плаза]]
[[Акс:Административное деление Душанбе.png|thumb|Тақсимоти маъмурии Душанбе]]
Нақшаи нави генералии шаҳри Душанбе бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017 тасдиқ гардид, ки тибқи он васеъшавии асосии маъмурию ҳудудии пойтахт ба ҷануб, қисман ба шимол, шарқ ва ғарб амалӣ шуда, зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳр аз 12, 7 ҳазор гектари ҳозира то 18 ҳазор гектар дар соли 2025, то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 ва то 30 ҳазор гектар баъди соли 2040 пешбинӣ гардидааст.
 
Афзоиши шумораи аҳолӣ дар ҳудуди лоиҳавӣ дар марҳалаи аввал то соли 2025 936 ҳазор нафар ва дар муҳлати ҳисобӣ то соли 2040 1 миллиону 176 ҳазор нафар муайян гардидааст.<ref>[http://khovar.tj/2017/10/31-oktyabr-r-zi-umumi-a-onii-sha-r-o-to-soli-2025-simoi-dushanbe-ba-tavri-shinohtanashavanda-ta-jir-meyobad/ 31 ОКТЯБР — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. То соли 2025 симои Душанбе ба таври шинохтанашаванда тағйир меёбад] </ref>
 
== Таърих ==