Мирзо Олимов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 25:
 
== Асосгузори осоишгоҳи [[Зумрад]] ==
Дар ташкили осоишгоҳ ӯ асосан ба омилҳои тибиитиббӣ-табобатӣ такя мекард, ки яке аз он "Оби Шифо" буд. Орзуи ташкили осоишгоҳро хамеша дар дил дошт. Акнун шахсе лозим буд, ки ӯро ҳаматарафа дастгирӣ намояд. Ин шахси бузург, ки барои имрӯзи [[Исфара]] хеле корҳои шоёнро кардааст, Ортиқбой Қурбонов гардид. Бунёди осоишгоҳ дар шаҳри [[Исфара]] бо иқдом ва ташаббуси бевоситаи Ортиқбой Қурбонов оғоз шуд, ки барои фардои дурахшон ҳамчун шаҳри курортӣ асос гардид. Дар аввал ин минтақа ҳамчун хонаи истироҳатӣ амал кард. Баъди се соли фаъолияти хонаи истироҳатӣ, ки соли 1972 ташкил шуда буд, бо пешниҳоди кумитаи ҳизбии шаҳр, декабри соли 1975 Мирзо Олимовро сардухтури осоишгоҳи байниколхозии "[[Зумрад]]" тасдиқ намуданд. Ӯ ҳамеша кӯшиш мекард, ки "[[Зумрад]]" ҷойи дӯстдоштаи мардуми [[Тоҷикистон]] гардад. Барои ин заҳматҳои зиёд кашид. Дар муддати роҳбарии ӯ биноҳои нав комат афрохт. [[Чойхонаи Сино]], Қасри "Шифокорон" ва ахиран "ОсрорхониОсорхонаи тиббӣтибби тоҷик" ба намуди осоишгоҳ ҳусни абадият бахшид. Гулу гулзор ва табиати дилфиреб акнун дар ҳақиқат ҷой дӯстдоштаи аҳли [[Тоҷикистон]] гаштааст. Хизмати бузурги сарпизишки осоишгоҳи "[[Зумрад]]" Мирзо Олимов дар он буд, ки уӯ тавонист Исфараи куҳандиёрро дар амал чун макони истироҳату фароғат ба оламиён нишон дода, "[[Зумрад]]"-ро ба ҷойи зеботарини [[Ҷумҳурӣ]] мубуддал гардонад. Имрӯз дар ин ҷо зиёда аз 30 омили табобатӣ, чор шуъбаи муолиҷа, се хобгоҳ барои 500 нафар, Қасри " Шифокорон", [[Чойхонаи Сино]] ва "Осорхонаи тибби тоҷик ба номи Мирзо Олимов"<ref>[http://elint.kunstkamera.ru/catalog/muzej_narodnoj_mediciny_imeni_mirzo_olimova/ Музей народной медицины им. Мирзо Олимова]</ref> барои мардум хизмат карда истодааст. Маҳз бо шарофати кордонии Мирзо Олимов 11 километр болотар дар ҷойи хушбоду ҳаво осоишгоҳи мавсимии "Зумрад-2" ташкил ёфт ва соли 1990 аввалин беморони худро қабул кард.
 
==Осор==
Мирзо Олимов дар тӯли умри худ зиёда аз 50 мақалои илмӣ-оммавӣ, 3 китоби алоҳида бо номи "Курорт Исфара - санаторий Зумрад", "Меҳрномаи Сино", "Уринамуолиҷа" ва ду филми мустанаде дар ситоиши "Зумрад" эҷод намуда, дар бобати омилҳои табобатӣ, усул ва тарзи гирифтани табобатҳо, роҳҳои пешбурди ояндаи кор дар шифогоҳ таври илмӣ маслихатҳои судманд додааст. Дар ҷашни 60 - солагиаш чун эхтиром бар кору бори "Зумрад" ва ахли кормандон ду китоби дигар бо номи "Дуои модар" ва "Ошёни булбулон" нашр шуд.