Ҳодӣ Кенҷаев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
→‎Адабиёт: навсозӣ
навсозӣ
Сатри 31:
Кенҷаев Ҳодӣ Исобоевич 7 ноябри соли 1914 дар деҳоти «Қистакӯз» (ҳозира «Хистеварз»)-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Аз соли 1938 дар сафи Артиши Шӯравӣ хизмат намуда, соли 1939 мактаби командирони хурдро хатм намуда, рутбаи командири хурди расчёти артиллериро гирифтааст. 23 сентябри соли 1943 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ миёни тоҷикон Ҳодӣ Кенҷаев аз аввалинҳо буд, ки бо унвони олӣ — Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушарраф гардонида шуд.
 
Ӯ дар баробари иштирокчии [[Ҷанги Бузурги Ватанӣ]] будан, дар ҷанги зидди Япония низ ширкат намудааст. Баъди ҷанг дар вазифаҳои роҳбарии партиявию давлатӣ кор кардааст.
 
Солҳои 1946—1948 номбурда дар Мактаби партиявии назди КМ ПК Тоҷикистон таҳсил карда, аз соли 1961 раиси Шӯрои деҳоти «Қистакӯз»-и ноҳияи онвақтаи Хуҷанд буд. Як муддат ба ҳайси инспектори Комиссариати халқии маориф, мудири қисми илмии Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолият намудааст.
Сатри 41:
 
== Муҳорибаи Курск ==
Сержанти калон Ҳодӣ Кенҷаев аз рӯзҳои аввали [[Ҷанги Бузурги Ватанӣ]] ҳамроҳ бо дигар тоҷикписарон дар муҳорибаҳо мардонагиву ҷасорат нишон додааст. Моҳи июли соли 1943 дар муҳорибаи шадиди Курск дар ҳайати полки артиллерии қиркунандаи рақами 1177-уми Фронти Воронеж ҷангида, қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон дод. Қисми ҳарбӣ зери фармондеҳии ӯ бар зидди танкҳои фашистӣ, аз ҷумла ба муқобили «шоҳпаланг»-ҳо баромад. Сафи муҳофизон кам мегашт, аммо командири захмдоршуда танкҳои фашистиро пайи ҳам ба нишон мегирифт. Командири полк майор П. Шалимов 10 июли соли 1943 зимни пешниҳод кардани Ҳ. Кенҷаев ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ чунин баҳо додааст: «…Давоми ду шабонарӯз, зери бомбаборони пайвастаи 30-40 самолёти душман ҳамлаҳои сахттарини танкҳои душманро зада гардонид. Ӯ тӯпро моҳирона идора карда, бо расчёти худ ду танки миёна ва ду танки вазнини фашистиро аз кор баровард. Вақте ки ҳайати расчёт пурра аз саф баромад, командири тӯп худ оташфишониро давом дода, боз ду танки миёнаю ду танки вазнинро аз кор баровард. Тӯпи сержанти калон Ҳ. Кенҷаев танҳо дар як рӯз 4 танки миёна ва 4 танки Т-6-и душманро нобуд кард».
 
Бояд гуфт, ки ғалаба дар муҳорибаи Курск ва ба соҳили Днепр баромадани лашкари шӯравӣ гардиши бузурге дар ҷанг буд. Барои қаҳрамониҳо дар ин муҳориба дар баробари Ҳ. Кенҷаев садҳо нафар бо ордену медал сарфароз гардиданд.
Сатри 59:
== Хотира ==
Дар зодгоҳи Ҳодӣ Кенҷаев — деҳоти «Хистеварз» (пештара «Қистакӯз»)-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд нимпайкарааш гузошта шудааст. Дар баробари номгузории кӯчаҳо ва таълифи китоб, чанде пеш дар варзишгоҳи Хистеварзи ин ноҳия мусобиқаи кушод оид ба бокс бахшида ба ҷашни 100- солагии Ҳодӣ Кенҷаев дар сатҳи баланд гузаронида шуд.
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
== Адабиёт ==
* Герои Советского Союза: Краткий биографический словарь / Пред. ред. коллегии И. Н. Шкадов. — <abbr title="Москва">М.</abbr>: Воениздат, 1987. — Т. 1 /Абаев — Любичев/. — 911 с. — <span class="nowrap">100 000 экз.</span>
Line 78 ⟶ 74:
* 2005. – Ҷ.3. – 447 с.
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
== Сарчашма ==
* {{Cite web|url=http://sadoimardum.tj/minta-a-o/viloyati-su-d/odii-tankzani-safshikani-hasmafkan/|title=Садои мардум — нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ҳодии танкзани сафшикани хасмафкан|author=|website=|date=|publisher=sadoimardum.tj|lang=tg|accessdate=2017-07-12}}