Open main menu

Changes

Фиристодагони Тоҷикистон барои дифои [[Ватан]] ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории [[Ватан]] - [[Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ]], 21 нафар бо ҳар се дараҷаи [[ордени «Шараф»]] ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз ин ҳисоб 49973 нафари онҳо ба баталёнҳои коргарӣ сафарбар шуданд. Дар муҳорибаҳои шадид тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон доданд. Дар байни онҳо - Қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ [[Неъмат Қаробоев]], [[Ҳодӣ Кенҷаев]], [[Тӯйчӣ Эрҷигитов]], [[Сафар Амиршоев]], [[Исмоил Ҳамзаалиев]], [[Эргаш Шарипов]] ва чандин ҷанговарони тоҷикистониро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.
Меҳнаткашони Тоҷикистон баробари мустаҳкам кардани ақибгоҳ, инчунин ба қисмҳои ҳарбӣ содиқона ёрӣ мерасонданд. ОнҳороБа шароитҳои ниҳоят вазнини корӣ нигоҳ накарда, меҳнаткашон тамоми қувваи худро ба саруон либосравона намуда буданд, озуқаворӣки қатор-қатор вагонҳои пурбор шабу рӯз аз Тоҷикистон ба сӯи фронт дар ҳаракат бошанд. Либосҳои гарму пойафзоли чармин, аслиҳаиғаллаю озӯқаворӣ, маҳсулоти ширию гӯштӣ, меваю сабзавот, абрешим, металҳои рангаву нодир, маъдан, таҷҳизотҳои гуногуни таъиноти ҳарбидошта ва дигар маводу ашёҳои зарурӣ барои таъминоти Армияи ҷангӣСоветӣ таъминфиристонда менамудандмешуданд. Дар давраи ҷанг халқи тоҷик барои фронт 151 [[вагон]], 532500 адад либоси гарм, 123800 килограм пашм, бештар аз 25000 метр газвор ва дигар лавозимот фиристониданд. Ба захираи мудофиавии Ватан 30 миллиону 500 ҳазор сўм пули нақд ва 40750 пуд [[ғалладона]] ҷамъоварӣ карда супурданд. Барои сохтмони танки «Колхозчии Тоҷикистон» зиёда аз 84 миллион сўм ва барои сохтмони эскадрилияи «Тоҷикистони Советӣ» 35,2 миллион сўм ҷамъоварӣ намуданд.
 
Дар оғози ҷанг дар ҷумҳурӣ 20 заводи саноатӣ, 273 корхонаи калону хурд, даҳҳо объектҳои коркарди маъдан сохта шуданд. Танҳо дар солҳои 1941-1943 дар ҷумҳурӣ фабрикаи дӯзандагию трикотажии Ленинобод, заводҳои равғанкашӣ дар ноҳияҳои Шаҳритӯс ва Фархор, фабрикаи ресандагӣ дар Конибодом, комбинати матоъҳои пахтагини пойтахт, комбинати «Огреупоругол» дар Зиддӣ сохта ба истифода дода шуд. Кормандони илми ҷумҳурӣ низ фаъолияти илмии худро ба иҷрои вазифаҳои мудофиа, аз ҷумла ҷустуҷӯи манбаъхои фоиданоки мавриди ниёзи саноати ҳарбии мамлакат, дарёфти роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, самаранокии чорводорӣ ва ғайра равона карда буданд. Шоиру нависандагони тоҷик [[Ҳабиб Юсуфӣ]], [[Ҳалим Карим]], [[Лутфулло Бузургзода]], [[Абдушукур Пирммуҳамадзода]] ҳам бо силоҳ ва ҳам бо қалам зидди душман мубориза бурдаанд. Устод [[Садриддин Айнӣ]] бо мақолаҳои публитсистии худ нақшҳои зишти фашизмро ошкор сохта, дар мисоли қаҳрамонони халқи тоҷик эҳсоси ватандӯстӣ ва озодихоҳии мардумро бедор мекард. Нависандаи ҷанговар [[Фотеҳ Ниёзӣ]] буд, ки маҷмӯи ҳикояҳои ҷанггиашро бо номи «Интиқоми тоҷикон» навишта буд. Асарҳои баъдиҷангии Фотеҳ Ниёзӣ: «Одамони ҷовид», романи «Ҳар беша гумон мабар, ки холист», «Шӯриши Восеъ» саршори ғояҳои ватандӯстӣ буда, имрӯз ва дар оянда ҳам онҳо намунаи иборатомӯзи наслҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.<ref>{{Cite web|url=http://mvd.tj/index.php/tj/az-ta-rikhi-militsiya/23490-sa-mi-khal-i-to-ik-dar-alabai-angi-buzurgi-vatanii-sol-oi-1941-1945|title=Саҳми халқи тоҷик дар Ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945|author=|website=mvd.tj|date=|publisher= |lang=tg|accessdate=2019-06-08}}</ref>
 
==Адабиёт==