Имороти Муттаҳидаи Арабӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
{{Давлат
|Парчам = Flag of the United Arab Emirates.svg
|Номи тоҷикӣ = Имороти Муттаҳидаи Арабӣ
|Номи аслӣ = {{lang-ar2|الإمارات العربية المتحدة}}<br>''ал-Аморот Иморот ал-Араби́я ал-Мутта́ҳида''
|Номи одӣ = Иморот
|Нишон = Coat of arms of the United Arab Emirates.svg
|Шиор = Аллоҳ, Миллат, Президент
|Номи суруди миллӣ = Зинда бод, кишвари ман
|Сохтори давлат = [[монархияи федеративӣ|федератсия]]и [[монархияи мутлақ]]<ref name="atlas">{{книга|заглавие=Атлас мира: Максимально подробная информация|ответственный=Руководители проекта: А. Н. Бушнев, А. П. Притворов|место=Москва|издательство=АСТ|год=2017|страницы=49|страниц=96|isbn=978-5-17-10261-4}}</ref>
|lat_dir = N|lat_deg =24 |lat_min =13 |lat_sec = 0
|lon_dir =E |lon_deg =54 |lon_min =39 |lon_sec = 0
|region = AE
|CoordScale = 2000000
|Дар харита = United Arab Emirates (orthographic projection).svg
|Забон = [[забони арабӣ|арабӣ]]
|Рӯзи истиклолият = [[2 декабр]]и [[1971]]
|Соҳибистиқлол аз = [[Бритониёи Кабир]]
|Пойтахт = [[Абузабӣ]]
|Шаҳри калонтарин = [[Дубай (шаҳр)|Дубай]]
|Вазифаи сарварон = Президент, сарвазир
|Сарварон =
|Ҷой аз рӯи масоҳат= 114
|Масоҳат = 83 600
|Фоизи об = 0
|Ҷой аз рӯи аҳолӣ = 113
|Аҳолӣ = {{афзоиш}}5 473 972
|Соли ба шумор гирифтани аҳолӣ = 2013
|Зичии аҳолӣ = 65
|ММД = 729,043 млрд<ref name=imf2>{{cite web |url=http://www.imf.org/external/pubs/ft/weo/2017/02/weodata/weorept.aspx?pr.x=21&pr.y=7&sy=2018&ey=2018&scsm=1&ssd=1&sort=country&ds=.&br=1&c=466&s=NGDPD%2CPPPGDP%2CNGDPDPC%2CPPPPC&grp=0&a=|title=United Arab Emirates |work=International Monetary Fund }}</ref>
|Соли ҳисоби ММД = 2018
|Ҷой дар ҷаҳон аз рӯи ММД = 32
|ММД ба сари аҳолӣ = 69,896<ref name=imf2/>
|Воҳиди пул = [[Дирҳами Иморот ]] (AED, рамз 784]])
|Домен = [[.ae]], [[امارات.]]
|Коди телефон = 971
|Соат = +4
|Эзоҳот=
}}
'''Иморóти Муттаҳидáи Арабӣ''' ({{lang-ar|الإمارات العربية المتحدة}} — ''ал- Иморот ал-Араби́я ал-Мутта́ҳида''; ихтисора — ''' Иморот ''') — [[давлат]] дар шимолу шарқии [[нимҷазираи Арабистон]], федератсияи ҳафт [[Иморат|иморати]] мустақил: [[Абузабӣ]], [[Дубай]], [[Шарҷа]], [[Ал-Фуҷайра]], [[Раъсу-л-хайма]], [[Аҷмон]], [[Умму-л-Қайвайн]]. То соли 1971 чун Уммони Аҳдӣ тобеъи [[Британиёи Кабир]] буд. Масоҳаташ 83657 км<sup>2</sup>, аҳолиаш 4,8 млн нафар (2010). Пойтахташ [[Абузабӣ]].
 
== Ҷуғрофиё ==
Сатри 43:
 
== Сохти давлатӣ ==
Сохти давлатииИморотбадавлатии Иморот ба ҳам омадани сохти республикавӣ ва монархия аст. Конститутсияи амалкунанда соли 1996 қабул шудааст. Раиси давлат — президент (аз рӯи анъанаи ҷоришуда — ҳатман шайхи Абузабӣ ва сардори ҳукумат — сарвазир маъмулан шайхи Дубай) буда, ӯ ҳамзамон Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳ ва Шӯрои олии мудофиа мебошад. Ҳокимияти иҷроия — Шӯрои вазирон, раиси онро президент таъйин мекунад. Мақомоти қонунбарор — Шӯрои Федералии Миллӣ, ки ба ҳайаташ аз ҳар аморатиморат, вобаста ба нуфуси аҳолиаш, шумораи муайяни намояндагон ворид мешаванд. Ҳар аморатиморат интихоботро мувофиқи салоҳдидаш мегузаронад. Дар маҳалҳо ҳокимият дар дасти шайхҳо — ҳокимони аморатҳоиморатҳо мебошад. Ҳокимияти судӣ — Суди олии федералӣ аз раис ва 4 судяи мустақил иборат буда, он масоилу муносибати байни аморатҳоиморатҳо, байни ҳукумати федералӣ ва ҳукуматҳои маҳаллиро танзим мекунад. ДарИморотҳизбҳоиДар Иморот ҳизбҳои сиёсӣ вуҷуд надоранд. ИморотузвиИморот узви СММ, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Лигаи Давлатҳои Араб, ОПЕК мебошад. БайниИморотваБайни Иморот ва Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ 18 ноябри 1995 барқарор гардида, 6 августи 1997 Намояндагии тиҷоратии Тоҷикистон дарИмороттаъсисдар Иморот таъсис дода шудааст.
 
== Табиат ==
ҲудудиИморотазҲудуди Иморот аз ҳамвориҳои паст, кӯҳҳои начандон баланд (то 1127 м, дар шарқ) ва рифҳои марҷонӣ (қад-қади соҳилҳои Халиҷи Форс) иборат аст.
 
=== Наботот ===
Бештари ҳудудиИморотбиёбонҳудуди Иморот биёбон буда, дар ҷануб ва қисми ҷанубу шарқии мамлакат ду воҳаи бузурги сердолударахт мавҷуд аст, ки дар онҳо хурмо, ангур, лиму, норҷил, ақоқиё, буттаҳои тамариск мерӯянд.
 
=== Ҳайвонот ===
Сатри 55:
 
=== Иқлим ===
ИқлимиИморотхушкиИқлими Иморот хушки тропикӣ ва дар соҳилҳои халиҷ субтропикист. Дарёҳои доимӣ надорад, майдони зиёдро шӯразору биёбони регзор ташкил мекунад. Ҳарорати ҳаво аз +10°С (дар моҳи дек.) то +45°С (июл) мебошад. Боришоти миёнаи солона аз 130 мм беш нест. Тӯфони регӣ зиёд рух медиҳад. Муҳимтарин сарвати зеризаминии мамлакат нефт ва гази табиӣ мебошад.
 
== Аҳолӣ ==
Аз миқдори умумии аҳолӣ сеякашро арабҳои этникӣ — асосан яманиҳо, уммониҳо ва мисриҳо, 11 % фоизашро мардуми таҳҷоӣ ва боқимондаро эрониён, ҳиндуҳо, покистониён, филиппиниҳо ташкил медиҳанд. Зиёда аз 85 % фоизи аҳолӣ муҳоҷиронанд, ки дар шаҳрҳо зиндагӣ ва кор мекунанд. Мусулмонон суннимазҳаб (85 %) ва шиъамазҳаб (15 %) мебошанд, муътақидони динҳои масеҳия, ҳиндуия ва буддоия, баҳоия низ ҳастанд. Дар ҳар аморатиморат дар қатори масҷидҳо маъбад ва дайру калисоҳо низ мавҷуданд.
 
== Таърих ==
ҲудудиИморотҳанӯзҲудуди Иморот ҳанӯз ҳазорсолаи 6 то м. маскун буда, дар ҳазораи 4 то м. соҳилҳои Халиҷи Форс маҳали муҳими тиҷорати байни Байнаннаҳрайн ва Ҳинди Қадим буд. Соли 300 то м. дар мавзеи Малейҳа юнониён колонияи тиҷоратии хешро асос гузоштанд. Тиҷорат махсусан бо Сосониён (дар а-ҳои 5 — 6) хуб роҳандозӣ шуда, дар соҳили шарқӣ, дар Дибба то асри 7 европоиёни масеҳӣ ибодатгоҳ ва бандар сохта буданд. Хилофатҳои соҳилҳои ҷан. Халиҷи Форс ва шим. ғарбии Уммон дар ҳайати Хилофати араб буда, ш-ҳои Дубай, Шарҷа, Фуҷайра ҳамон замон бино гаштаанд. Дар а-ҳои 10 — 11 қисми шарқии Нимҷазираи Араб дар тасарруфи қарматиҳо буд ва баъди таназзули ин сулола зери таъсири Уммон афтод. Ох. а. 15 ба минтақа таваҷҷӯҳи европоиён афзуд. Аввалин шуда ин ҷо португалиягиҳо маъво гирифтанд. То а. 12 моҳидорони маҳаллӣ, сокинони ҳудуди ҳозираиИморотбаҳозираи Иморот ба сафарҳои баҳрии тӯлонӣ баромада, то соҳилҳои Кения, Шри-Ланка, Хитой ва Вйетнам мерасиданд. Ширкати Ост-Индияи Британияи Кабир дар а. 18 тиҷорати баҳрии байни бандарҳои Халиҷи Форсро бо баҳонаи хотима бахшидан ба роҳзании баҳрӣ монополияи худ кард ва аҳолии аморатҳороиморатҳоро, ки асосан бо тиҷорат машғул буданд, аз манбаи асосии зиндагӣ маҳрум гардонд. Ин боиси задухӯрдҳои доимии байни ширкати Ост-Индия ва аҳолии маҳаллӣ мешуд (англисҳо арабҳоро роҳзан ва ноҳияи аморатҳороиморатҳоро «Соҳили роҳзанон» номида буданд). Соли 1820 ин ширкат шартномаеро зӯран ба гардани амирон ва шайхони 7 аморатииморати араб бор кард, ки он ибтидои муқаррар шудани назорати Британияи Кабир бар ин сарзамин буд. Ҳамин тариқ, с. 1838 «Соҳили роҳзанон» (АМА), Уммон, Масқат, Баҳрайн ва Кувайт таҳти назорати Англия даромад ва дар халиҷ киштиҳои ҳарбии он ба таври ҳамеша ҷой гирифтанд. Аз миёнаҳои а. 19 ин ҳудуд бо номи Уммони Аҳдӣ тобеи Британияи Кабир шуд. Солҳои 20 а. 20 дар Уммони Аҳдӣ ҳаракати миллии озодихоҳӣ оғоз ёфта, баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939 — 45) хеле авҷ гирифт; таъсири Британияи Кабир дар Халиҷи Форс суст шуд ва 2 дек. 1971 дар қатори дигар давлатҳои халиҷ таъсиси давлати мустақилиИморотэълонмустақили Иморот эълон гардид. Дар аввал аморатииморати Раъс-ул-Хайма ба ин иттиҳод ворид шудан нахост, вале февр. 1972 ба он шомил шуд. Дек. 1971 байниИморотвабайни Иморот ва Иттифоқи Советӣ муносибатҳои дипломатӣ муқаррар гардид.
 
== Иқтисодиёт ==
Аз соли 1956 сар карда паёпай кашф шудани конҳои нефт дар Абузабӣ, Дубай, Шарҷа ва Раъс-ул-Хайма мӯҷиби дар муддати кӯтоҳ ба давлати бузурги истихроҷкунандаи нефт дар Шарқи Миёна табдил ёфтаниИморотгардидёфтани Иморот гардид. Вобаста ба ин дигар соҳаҳои иқтисодиёти кишвар низ тараққӣ карда, он ба маркази иқтисодии байналхалқӣ табдил ёфт. Асоси иқтисодиётиИморотистихроҷиқтисодиёти Иморот истихроҷ ва содироти нефт (2,2 млн баррел дар як рӯз; захираи табииаш дар ҳудуди зиёда аз 7 млрд т; 10%-и захираи нефти олам аст) ва газ (захираи табииаш 5,7 триллион м<sup>3</sup>) буда, вобаста ба ин истеҳсоли масолеҳи нефт, саноати коркардаи нефт, нефту химия, металлургия, истеҳсоли семент тараққӣ кардааст. Савдои беруна хеле рушд карда, маркази тиҷоратӣ — Дубай ва минтақаи савдои озод — Ҷабал Алӣ маблағгузории (инвеститсияи) хориҷиро бештар аз ҳама ҷалб мекунанд. Танҳо бандарҳои Рашид (Дубай) ва Ҷабал Алӣ (Фуҷайра) дар як сол зиёда аз 3 млн контейнерро интиқол медиҳанд. Дар мамлакат инфрасохтори нақлиётӣ (6 аэропорти байналхалқӣ, бандарҳои баҳрӣ, шабакаи роҳҳои автомобилгард, с. 2010 метро ба кор даромад) ва телекоммуникатсия хеле тараққӣ кардааст. Маблағгузориҳои калон ба сохтмони биноҳо ва маҷмааҳои мӯҳташам ҷалб мешаванд. Истихроҷ ва содироти марворид ва маҳсулоти моҳидорӣ низ дар иқтисоди кишвар ҷойи намоён дорад. Аз ҳунармандии анъанавӣ бофтани қолин ва матоъҳои пашмӣ, ҳаккокию зарробии филизот муравваҷ аст. Дар воҳаҳо мевагиҳо, сабзавот, ғалладона ва ғ. парвариш ва кишт карда мешаванд. Чорводории кӯчӣ (бодиягардӣ) маъмул аст. ИморотасосанИморот асосан масолеҳи мошинсозии вазнин ва саноати химия, воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизот, равғанҳои молиданӣ, молҳои сермасраф ва хӯроквориро ворид мекунад. Шарикони асосии тиҷоратиаш — ИМА, Япония, Британияи Кабир, Таиланд, Уммон, Ҳиндустон, Эрон, Сингапур.
 
== Маориф ==
Таҳсил дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ройгон ва то синфи 9 аст. Масъалаи ҷалби духтарон ба таҳсил даҳсолаи охир ба сатҳи зарурӣ расидааст. Солҳои охир дар таълим усулҳои пешқадам, методикаи таълимию таҳсилии Ғарб ҷорӣ шуда истодааст. Ҳоло ба омӯзиши забони англисӣ, ки пештар аҳамият намедоданд, бештар диққат медиҳанд. Барномаи «Муаллими асри 21» тайёр кардани 10 ҳазор омӯзгори сифатан нав ва ҷавобгӯи талаботи замонро (то с. 2020) дар назар дорад. Таҳсили фарзандони хориҷиён дар мактабҳои давлатӣ ва хусусӣ пулакӣ аст. ДарИморотмаълумотиДар Иморот маълумоти олӣ дар ҳамдастӣ бо кишварҳои дигар, дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои машҳур роҳандозӣ шудааст. Дар ДонишгоҳиИморотДонишгоҳи Иморот (с. таъсисаш 1976, Абузабӣ), 4 коллеҷи олии техникӣ (1988), Донишгоҳи тиббии халиҷ (1998, Аҷман), Донишгоҳи занона (1988, кампусҳо — шаҳракҳои иқоматиаш дар Абузабӣ ва Дубай), дар шӯъбаҳои Донишгоҳи технологии Ротчестер (Дубай), Донишгоҳи Ҷорҷ Мейсон (Раъс-ул-Хайма), Донишгоҳи Сорбонна намояндагони миллатҳои гуногун таҳсил мекунанд. Маҷмааи бузурги таълимӣ — шаҳраки донишҷӯён, ки соли 2003 ба истифода дода шудааст, шӯъбаҳои 16 донишгоҳи кишварҳои хориҷӣ (аз ҷумла Донишгоҳи инженерию иқтисодии Санкт-Петербург, Донишгоҳи Маҳатма Гандӣ, Манчестер Бузинес Скул), марказҳои таълимӣ, маркази таълимии электронӣ, марказҳои тадқиқоти илмӣ, хобгоҳҳо ва ғ.-ро муттаҳид кардааст. Китобхонаҳо бештар дар назди муассисаҳои маълумоти олӣ ва марказҳои илмию тадқиқотӣ фаъолият доранд. Китобхонаи марказии ба номи Зоид, китобхонаҳои «Мақом» (барои занон) ва «Фалаҷ» (барои мардон) дорои маводи ғанӣ, махсусан мавод дар мавзӯи илмҳои иҷтимоӣ мебошанд.
 
== Матбуот, радио, телевизон ==
Воситаҳои ахбори омма бо вуҷуди озод будан, аз ҷониби Шӯро оид ба корҳои ВАО назорат мешаванд, то дар мундариҷаву маводашон мавзӯъҳои номатлуб ва фаҳш набошанд. Рӯзномаҳои «Ал-Иттиҳод», «Ал-Баён», «Ахбор-ал-Араб», «Ал-Халиҷ», «7 Days», «Arabian business.com», «Gulf news», «Khaleej Times» (ба забони англисӣ); маҷ-ҳои «Gulf Marketing Review» (тиҷоратӣ), «Soura maqazine» (инъикосгари санъати аккосӣ ва дигар намудҳои санъати тасвирӣ), «Шабоб-ал-явм» (барои кӯдакон ва наврасон) нашрияҳои намоёниИморотмебошанднамоёни Иморот мебошанд. Ба забони русӣ маҷ-ҳои «Русские Эмираты», «Деловые Эмираты» ва роҳнамои «Ключи Востока» нашр мешаванд. Алҳол (2011) дарИморотназдикидар Иморот наздики 40 шабакаи телевизионӣ ва 8 пойгоҳи радио амал мекунанд. Шабакаи асосии телевизионӣ «Абузабӣ» буда, ҳар аморатиморат пойгоҳи телевизион ва радиои худро дорад. ДарИморотшабакаҳоиДар Иморот шабакаҳои махсусгардондашудаи иттилоотӣ, намоишҳои варзишӣ, пахши барномаҳо барои ақаллиятҳои миллӣ (мас., барои форсизабонҳо), барои давлатҳои дигар (мас., Британияи Кабир, Покистон ва ғ.); фароғатӣ, иҷтимоӣ, мусиқӣ, барои кӯдакон ва наврасон (ройгон), тиҷоратӣ, рекламавӣ ва ғ. фаъолият мекунанд. Радиошунавонӣ ғайр аз дохили кишвар (ба забонҳои арабӣ, англисӣ, франсавӣ, урду ва ғ.) ба кишварҳои дигар — бештар арабзабон пахш мешавад. «Русское радио в ОАЭ» барномаҳояшро ба тавассути мавҷи 96,3 FM пахш мекунад.
 
== Адабиёт ==
Сатри 76:
 
== Маданият ва санъат ==
Ривоҷи санъату маданият дарИморотаздар Иморот аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки он ба тамоми аҳли ҷаҳон нигаронида шудааст. ДарИморотлоиҳаҳоиДар Иморот лоиҳаҳои миқёсашон бузурги тамоми қитъаҳои олам амалӣ мегарданд. Беҳтарин дастовардҳои санъати тасвирӣ, мусиқӣ, театру кино ва дигар намудҳои ҳунар дар ин ҷо намоиш дода мешаванд ва барои ин маҷмааву иншооти мӯҳташам, намоишгоҳҳои фарохмасоҳат, толорҳои консертӣ ва ғ. мавҷуданд. Барои инкишофи санъати меъмории муосир, парвози тахайюли шаҳрсозии нодир ва амалӣ кардани лоиҳаҳои ғарибу тахайюлӣ (фантастикӣ), мас., лоиҳаи бузургтарин музейи а. 21 (пешниҳоди меъмори канадагӣ Франк Герӣ; дар он барои намоиш гузоштани бозёфтҳои археологӣ, намунаҳои саноеи гуногун, дастнависҳо ва ғ-и дар тамоми ҷаҳон эҷодшуда ва аз тамоми олам гирдоваришудаи ҳамаи замонҳо ва ҳамаи тамаддунҳо дар назар аст) ландшафти кишвар — соҳили на он қадар чуқуру нилгуни халиҷ (барои сохтмон дар даруни об) ва паҳнои биёбон имкониятҳои фаровон медиҳад; ва ё нияти Дубайро ба метрополия (модари шаҳрҳо) ва маркази маданияту санъати ҷаҳони араб табдил додани аморатҳоиморатҳо аз ҷумлаи нақшаҳои тарҳрезишудаи кишвар мебошанд. Аморатииморати Шарҷа аз с. 2001 ин ҷониб ҳамчун маҷмӯъкунандаи дастовардҳои санъаткорон ва ҳунармандони мамлакатҳои Халиҷи Форс, Шарқи Наздик ва ҷаҳони боқимонда муаррифӣ шудааст. Дар Музейи бадеӣ, Музейи тамаддуни исломӣ ва музейҳои дигари ин аморатиморат зуд-зуд намоиши осори рассомон ва пайкарасозон (бо ташкили семинар ва курсҳои маҳоратомӯзӣ) баргузор мегардад. Дар Абузабӣ барои ривоҷи санъати тасвирӣ хонаҳои эҷодӣ ташкил шудаанд. ДарИморотНигористониДар Иморот Нигористони санъати муосир (масоҳ. 1817 м<sup>2</sup>) ва Маркази намоишӣ (масоҳ. 15.400 м<sup>2</sup>, с. 2009) ба истифода дода шудаанд, ки дар ҷаз. Саадияти ин аморатиморат ҷойгиранд ва дар онҳо асарҳои рассомон, пайкарасозон ва амали ҳунармандони соҳаи ороиши бадеӣ намоиш дода мешаванд.
 
=== Мусиқӣ ===
МусиқииИморотякМусиқии Иморот як ҷузъи маданияти мусиқии Халиҷи Форс — мусиқии анъанавӣ, суруду рақсҳои мардумии бадавиён ва моҳидорон мебошад. Мусиқии ба ном «лива» оҳангу рақсҳои қабилаҳои аз Африкаи Шимолӣ ҳиҷратнамуда мебошанд. Аввалин сарояндаи машҳури мамлакат, бонуи овози Халиҷи Форс дар услуби «поп» Аҳлам мебошад. Муним ас-Солеҳ оҳангсоз ва сарояндаест, ки дар эҷодиёташ сабки ҳиндӣ, арабӣ ва испаниро ба ҳам омезиш додааст. Самар, Рим, Рувайда ва Абдулло Билхайр низ сарояндагони машҳуранд. Дар гузаргоҳҳои зеризаминии шаҳрҳоиИморотшаҳрҳои Иморот (бештар Дубай) дар қатори рассомон ва ҳунармандони озод, ки офаридаҳояшонро ба намоиш ва фурӯш мегузоранд, сарояндагону мутрибони муҳоҷир ҳунарнамоӣ мекунанд. Онҳоро дар санъатшиносии муосир намояндагони санъати «андеграунд» меноманд. ДарИморотбаДар Иморот ба ин зумра аҳамият медиҳанд. Ширкати эҷодие ҳаст, ки махсус барои дастгирии ин гуна эҷодкорон таъсис ёфтааст. Дар назди Донишгоҳи америкоии Дубай маркази таҳқиқие ҳаст, ки бо гирдоварӣ ва тарғиби ҳунари эҷодкорони «стихиявӣ» — ҳунармандони озоди кишвар машғул аст. Ин ташкилотҳо барои баромади эшон аз тариқи радио ва телевизион, дар рӯи саҳнаҳо мусоидат намуда, диску албомҳояшонро нашр мекунанд. Онҳо бештар дар жанри «рок» ва «металл» ҳунармандӣ мекунанд. Дар ҳаёти мусиқии мамлакат сафарҳои ҳунарии ситораҳои машҳур, коллективҳои нодир, ба мисли Филармонияи Нию Ёрк, Оркестри симфонии бачагона ва ғ. ҳодисаи маъмулист.
 
=== Театр ===
Театр дарИморотнамудидар Иморот намуди санъати анъанавӣ набошад ҳам, барои тарғибу ривоҷи он дар кишвар тамоми шароитҳо фароҳам аст. «Дубай ал-аҳли театер» ва «Дубай фолклор театер» дар саҳнаҳояшон намоиши санъати халқиро барпо мекунанд. Дар аморатииморати Ҷумайра «Мадинат-театер», дар Шарҷа ва Абузабӣ театрҳои миллӣ фаъолият доранд. Театри бадеии ҷавонон (Дубай) асосан пйесаҳои драматургони ҷавони 18 — 35-соларо ба саҳна мегузорад. Дар мамлакат ба спектаклҳои барои бачагон таҳияшуда бештар аҳамият медиҳанд, то дар ҷавонони маҳаллӣ (таҳҷоӣ) завқи театршиносию театрдӯстдориро парваранд. Дар Дубай ҳар сол фестивали «Театр барои ҷавонон» барпо мешавад.
 
=== Синамо ===
Дар соҳаи синамо қадамҳои аввалин гузошта мешавад. Барои тарҳрезӣ кардан ва минбаъд ривоҷ додани санъати кино ва киноиндустрия дарИморотянвдар Иморот янв. 2009 комиссияи ташаббускори АDАСН таъсис дода шуд, ки ба тайёрии касбии ҷавонон дар ин соҳа замина гузошта, барояшон курсҳои омӯзишӣ, озмунҳо, мастер-классҳо (бо симоҳои барҷастаи соҳаи кино) ташкил мекунад. Барпо кардани кинофестивалҳои байналхалқии сатҳи ҷаҳонӣ дарИморотамалидар Иморот амали ҳамасола мебошад.
 
== Эзоҳ ==
Сатри 95:
{{новбарӣ}}
{{пайвандҳои беруна}}
{{^}}{{Мавзуъҳои Иморот }}
 
[[Гурӯҳ:Имороти Муттаҳидаи Арабӣ]]