Осиф Бове: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 3:
 
== Зиндагинома ==
Писари рассоми итолиёӣ Винчентсо Ҷованни Бове. Соли 1782 ба Россия омад. Соли 1802 дар Мактаби меъмории Экспедитсияи сохтани Кремл таҳсил кард. Аз соли 1807 ёвари М. Ф. Казаков ва К. И. Росси дар Маскав ва Твер. Аз соли 1813 меъмор, аз соли 1814 сармеъмори Комиссияи барқарорсозии Маскав. Дар барқарорсозӣ ва таҷдиди Маскав баъди сӯхтори соли 1812 ширкат варзидааст. Бо иштироки Б. Осиф Бове дар Майдони сурх раддаҳои тиҷоратӣ (1815, боқӣ намондааст), солҳои 1816–241816–1924 ансамбли Майдони театрӣ (1816–241816–1924, бо бинои театрҳои Калон ва Хурд), солҳои 1819–221819–1922 Боғи Александровский (дар ҷойи д. Негилинная ва истеҳкомҳои Кремл, 1819–221819–1922; фақат Грот боқӣ мондааст) сохта шуданд. Мавзӯи ватандӯстиро Б.Осиф Бове дар лоиҳаи Тоқи зафар, ки солҳои 1827–341827–1934 ба хотираи Ҷанги ватании с 1812 сохтааст, таҷассум намудааст. Б. Осиф Бове яке аз бунёдгарони шакли махсуси иморатҳои шахсии Маскав мебошад. Дар байни дигар корҳои ҷолиби Б.Осиф Бове маъруфтаринашон Беморхонаи шаҳрии 1-ум (ҳамроҳи бародарон М. И. ва А. И. Бове), Калисои ҷомеи Троитски дайри Данилов ба шумор мераванд.
 
== Эзоҳ ==