Open main menu

Changes

навсозӣ
'''Театри давлатии академии драмаи тоҷикдрамавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ''' — яке аз муассисаҳои театрии тобеи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Театр дар пойтахти [[Тоҷикистон]] – ш. [[Душанбе]] ҷойгир аст.
== Таърих ==
Театри давлатии академии драмаи тоҷикдрамавии ба номи А.Абулқосим Лоҳутӣ яке аз театрҳои аввалини давлатӣ - касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тибқи қарори Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон, Комиссарияти Халқии Маорифи ҷумҳурӣ тобистони [[соли 1929]] ба ташкил намудани аввалин дастаи касбӣ-театрӣ шурӯъ кард. Асоси онро маҳфили ҳаваскорони аскарони сурхи аз артиш ҷавобшуда ташкил медод.
 
Ҳайати театри навбунёд аз ҳафт нафар иборат буд: актёрҳо [[Шариф Бақоев]], [[Гулчеҳра Бақоева]], [[Тӯбиё Бобоева]], навозандагон [[Пӯлод Аҳмадов]], [[Гулмирзо Ҳусейнов]], Михаил Ягудоев, коргардон [[Ҳомид Маҳмудов]] (ӯ вазифаи директорро низ ба ӯҳда дошт).