Вишванатан Ананд: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Сарчашма: ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
No edit summary
Сатри 24:
}}
'''Вишваната́н''' ('''Ви́ши''') '''Ана́нд'''<ref>{{cite web|url=http://ru.forvo.com/word/viswanathan_anand/|title=Как произносится Viswanathan Anand, язык: Хинди|publisher=Forvo|accessdate=2011-06-19|archiveurl=https://www.webcitation.org/619jUH5Rf?url=http://ru.forvo.com/word/viswanathan_anand/|archivedate=2011-08-23}}</ref> ({{lang-ta|விசுவநாதன் ஆனந்த்}}; тав. [[11 декабр]]и [[1969]], [[Ченнаи|Мадрас]], ҳозира [[Ченнаи]], [[Ҳиндустон]]) — [[Шоҳмотбозӣ|шоҳмотбози]] машҳури [[Ҳиндустон|ҳинду]], [[Гроссмейстер (шоҳмот)|гроссмейстер]] ([[1988]]), емпиони ҷаҳон аз рӯи версияи Федератсияи байналхалқии шоҳмот (ФИДЕ) ([[2000]]—[[2002]]), чемпиони 15-уми ҷаҳон ([[2007]]—[[2013]]), чемпиони кунунии ҷаҳон аз рӯи рапид<ref>{{Cite news|title=Anand Beats Fedoseev In Playoff, Wins World Rapid - Chess.com|author=Peter Doggers|first=Peter Doggers|last=(PeterDoggers)|url=https://www.chess.com/news/view/anand-beats-fedoseev-in-playoff-wins-world-rapid|work=Chess.com|date=|accessdate=2017-12-29|language=en-US}}</ref>.
 
Вишванатан Ананд (таваллуд 11.12.1969, Мадрас), шоҳмотбози машҳури Ҳиндустон, гроссмейстери байналмилалӣ (1988), чемпиони ҷаҳон байни наврасон (1987), ғолиби мусобиқаҳои байналмилалии шоҳмотбозон, дорандаи Ҷоми ҷаҳон дар шоҳмот (2001, 2002), чемпиони ҷаҳон оид ба намуди сареи бозии шоҳмот (2003), чемпиони ҷаҳон оид ба намуди байналмилалии шоҳмот (2000, 2002), чемпиони 15-уми ҷаҳон оид ба шоҳмот (аз 2007). Ба шоҳмотбозӣ аз 6-солагӣ шурӯъ кардааст; аввалин устоди ӯ модараш буд. Баъд В. пурзӯртарин шоҳмотбози Ҳиндустон гардид. Соли 1983 дар мусобиқаи наврасони Ҳиндустон ғолиб омад. В. ҷавонтарин шоҳмотбози Ҳиндустон буд, ки дар 14-солагӣ унвони устоди байналмилалиро соҳиб гашт. Дар 16-солагӣ чемпиони Ҳиндустон шуд ва дар оянда ин унвонро ду бори дигар ба даст овард. Соли 1988 В. дар Ҳиндустон нахустин гроссмейстери байналмилалӣ шуд. В. пайиҳам дар се мусобиқаи «шоҳмоти пешрафта» (1999, 2000 ва 2001, дар ш. Леони Испания) ғолиб омадааст. Дар чемпионати якум ва дуюми Ҷоми ҷаҳони Федератсияи байналмилалии шоҳмот (ФБШ) ғолиб гардид (2000, Хитой; 2002, Ҳиндустон). Соли 2000 дар чемпионати ҷаҳон оид ба намуди системаи нокаут ғалаба ба даст оварда, чемпиони ҷаҳон дар версияи ФБШ гашт. Октябри 2000 ФБШ мусобиқаи бозии сареи шоҳмотро ташкил кард (Фаронса), ки В. дар даври ниҳоӣ В. Крамникро мағлуб сохта, ғолиби ин мусобиқа гардид. В. 11 бор ғолиби мусобиқаи машҳури бозии сареи шоҳмот шудааст. Ӯ аз соли 2007 чемпиони ҷаҳон тибқи версияи ФБШ буда, дар мусобиқаҳои солҳои 2008 ва 2010 ин мақомро ҳифз намудааст. В. 6 бор ҳамчун шоҳмотбози беҳтарини сол ҷоизаи «Оскари шоҳмот»-ро соҳиб шудааст (1997, 1998, 2003, 2004, 2007, 2008). В. яке аз 6 шоҳмотбози таърихи шоҳмот аст, ки то кунун (2014) ба рейтинги болотар аз 2800 расидааст (ҳамроҳи Б. Фишер, Г. Карпов, В. Топалов, В. Крамник ва М. Карлсон). В. ба қавли гроссмейстер П. Свидлер «дар санъати дифоъ дар ҷаҳон беназир аст».
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
== Адабиёт ==
{{ҷавона}}
* Шахматы. Энциклопедический словарь. М., 1990;
* Калиниченко Н. М. Виши Ананд: Лучшие партии. Серия: Элита современных шахмат. Астрель, 2004;
* Вишванатан Ананд. Мои лучшие партии. Шахматная исповедь чемпиона мира. М., 2009.
 
== Сарчашма ==
* {{ЭМТ|Вишванатан Ананд|4|муаллиф=Н. Шарипов}}
* {{ЭМТ||1}}
{{пайвандҳои беруна}}
 
{{пайвандҳои беруна}}
[[Гурӯҳ:Шоҳмотбозон аз рӯи алифбо]]