Африқои Шимолӣ: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
clean up using AWB |
Шухрат Саъдиев (баҳс | ҳисса) навсозӣ |
||
Сатри 2:
{{legend|#346733|Африқои Шимолӣ}}
{{legend|#088733|Ҷуғрофӣ, аз ҷумла дар боло}}]]
'''
== Аҳолӣ ==
Аксари аҳолии Африқои Шимолӣ ба [[забони арабӣ]] ҳарф зада, муътақиди дини
== Таърих ==
Тақрибан 7 ҳазор сол пеш дар Африқои Шимолӣ нисбат ба имрӯз борони зиёд меборид ва [[Саҳрои Кабир]] биёбон набуд. Тамоми ин маҳдудаи бузург дашт (саванна) ва дар он ҳайвоноти гуногун мавҷуд будаанд. Аз оғози ҳазораи чоруми то милод иқлимаш ба хушкӣ табдил ёфта, сокинонаш онро тарк карданд ва ба сарчашмаҳои об (аз ҷумла водии дарёи Нил) кӯч бастанд.
Баҳри Миёназамин чун шоҳроҳи доимии киштигардӣ барои ривоҷи тиҷорату иқтисод ва пешрафту омезиши тамаддунҳо дар Миср, Алҷазоир, Тунис ва дигар кишварҳои Африқои Шимолӣ мусоидат намуд. Дар аҳди давлатдории Ҳахоманишиён, бахусус ҳангоми шоҳаншоҳии Камбуҷия (529–522 то м.) ва Дорои Бузург (522–486 то милод), ба қаламрави Мисру Ҳабашистон (Эфиопия, Куш) тамаддуни мардуми ориёитабор роҳ кушод. Омезиши тамаддуни халқиятҳои Миср, Алҷазоир ва Тунис дар аҳди давлатдории Портҳо ва Сосониён нисбатан вусъат ёфта, баробари корвонҳои тоҷирон ба ин кишварҳо меъморону шаҳрсозон ва диг. намояндагони аҳли фарҳанг сафар карда, барои нуфузёбиву густариши эронитаборон роҳ мекушоданд. Густариши ислом ва кишваркушоиҳои Хилофати исломӣ дар аҳди халифа Усмон ибни Аффон (644–656) дар ҳудуди Осиё, қисмати Африқои Шимолӣ вусъат ёфта, то канораҳои Андалусия (Испания) расид. Хонадони эронитабори Рустамиён муддате (асри 9) дар минтақаҳои шимолӣ ва шарқии Африқои Шимолӣ ҳукумати хоссаи худро доштанд. Муддате ҳам Туркияи Усмонӣ баъзе аз ҳудуди мазбурро дар ихтиёр дошт. Ниҳоят, дар ибтидои асри 20 тақрибан тамоми Африқои Шимолӣ таҳти фармонравоии аврупоиён қарор гирифт. Ва танҳо дар солҳои 50–60 асри 20 аксари кишварҳои африқоӣ тавонистанд, ки истиқлол ба даст оварданд.
== Иқтисодиёт ==
Давлатҳои Африқои Шимолӣ аз ҷумлаи мамлакатҳои мутараққӣ мебошанд (ба ҷуз Судон ва Мавритания). Иқтисодиёти Тунис байни давлатҳои қитъаи Африқо рақобатпазир буда, Алҷазоир ва Либиё бо захираҳои бузурги нафту гази дар мамлакатшон истихроҷшаванда, ки аз маҳсулоти муҳимми бозори ҷаҳонианд, Марокаш бо истихроҷи фосфорит мавқеи мустаҳкамро соҳибанд. Дар мамлакатҳои
Ҳудуди Африқои Шимолӣ аз ёдгорҳои меъморӣ ва табиӣ ғанӣ буда, харобаҳои яке аз шаҳрҳои қадимтарини дунё – Мемфис ва аҳроми Гиза (Миср), маҳаллаҳои дар ҳолати хуб боқимондаи асримиёнагӣ дар шаҳри Фес (Марокаш) ва пуштакӯҳи Тассилин – Анҷер бо нақшҳои рӯисангии асри санг ([[Алҷазоир]]), харобаҳои шаҳри қадими Лептис – Магно (Либиё) ба рӯйхатти Мероси умумиҷаҳонии [[ЮНЕСКО]] дохил шудаанд.<ref>[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]], Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.121-122</ref>
== Манбаъ ==
<references />
[[Гурӯҳ:Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Минтақаҳои Африқо]]
|