Сталина Азаматова: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х викисозӣ
Сатри 18:
|Нақшҳо =
|Намоишҳо =
|Мукофотҳо = [[Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон]] (2005)
|Соядаст =
|Cайт =
Сатри 29:
 
== Эҷодиёт ==
Нақшҳои асосии дар саҳнаи балет иҷро кардааш: Медора, Жизел «Корсар», «Жизел»-и А. Адан, Франческа «Франческа да Римини»-и П.Чайковский, Фонӣ «Бо роҳи раъди ѓуррон»-и Қ. Қароев, Клеопатра «Шабҳои Миср»-и А. Аренский, Ҷулйетта «Ромео ва Ҷулйетта»-и С. Проходйев ва ғ. Ҳамчун балетмейстер балетҳои зеринро таҳия намудааст: «Писарча ва Карлсон»-и Ю. Тер-Осипов (1977), «Марги судхӯр»-и Т. Шаҳидӣ (1978), «Мурғи фурӯзон»-и И. Стравинский (1980), «Вини Пух ва дигарон»-и Ю. Тер-Осипов (1981), «Камони сеҳрнок»-и М. Атоев (1985), филм-балети «Рубоиёти Хайём»-и Т. Шаҳидӣ (1980) ва ғ. Муаллифи либреттои балетҳои «Писарча ва Карлсон», «Марги судхӯр», «Вини Пух ва дигарон», «Дар ёди дил» ва «Камони сеҳрнок» аст. Ба як силсила операҳо «Дон Паскуале»-и Г. Донитсети", «Дон Жуан»-и В. Мотсарт, «Шӯриши Восеъ»-и С. Баласанян, «Қишлоқи тиллоӣ»-и Д. Дӯстмуҳаммадов, «Демон»-и А. Рубинштейн, асарҳои мусиқӣ «Дар оилаи тифоқ»-и Ю.Тер-Осипов, «Талбак Лолаев», Аз рӯзгори «Абӯалӣ Сино»-и Т. Шаҳидӣ ва ғ. рақс таҳия намудааст. Эҷодиёти Азаматова серпаҳлӯ ва гуногунранг буда, бештар мавзӯҳои олами рангини кӯдакон, ривоятҳои қадима, орзуҳои ширини наврасон, қаҳрамонию ватандӯстӣ ва ғ.-ро дар бар мегирад. Азаматова чун балетмейстери бомаҳорату пуртаҷриба дар тарбияи раққосони балет ва равнақи рақси касбии тоҷик хизмати калон кардааст. Дар ҳайати ҳунарпешагони балети собиқ ИҶШС ба Булғория ва Мали сафар намудааст.<ref>Ҳабибов Ш. Азаматова Сталина Азимовна // [[Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик]]. — Душанбе, 1988, ҷ. 1. — С. 109—110.</ref> Ӯ соли 2005 ба унвони фахрии Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон мушарраф гардидааст.
 
== Эзоҳ ==