Ҳиндуия: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
ислоҳ
→‎Таърих: илова
Сатри 4:
 
Асоси таълимот ҳиндуия дар [[Веда]]ҳо баён шудааст. Он аз чор маҷмўа иборат мебошад: [[Ригведа]] /маҷмӯаи сурудҳои асотирӣ/, [[Самаведа]] /маљмўаи дастурот доир ба маросимҳо/, [[Яҷурведа]] /маҷмўаи қоидаҳои қурбонӣ/ ва [[Атхарваведа]] /маҷмӯа дар бораи қоида ва дуоҳои сеҳрангез/. Яке аз аслҳои муҳими ҳиндуия таълимот дар бораи сапсара /аз санскрит саёҳат, кишваргардӣ/ аз нав тавалудшавӣ, таносухи руҳ мебошад. Руҳ метавонад аз инсон ба растанӣ, ҳайвон ва баръакс мутобиқи қонуни карма /аз санскрит - амал, вазифа/ гузарад. Ҳар кас мувофиқи амалаш мукофот мегирад, вобаста ба он, ки то чӣ андоза талаботи ҳиндуияро иҷро мекунад. Мақсади асосии ҳаёти инсон аз рӯи таълимоти ҳиндуия дарёфти гузариш аз таносух гузариш ба васл бо Браҳма - руҳи ҷаҳонӣ, нафси кулл мебошад.
== Ҷуғрофияи дини Ҳиндуия ==
Ҳиндуия дар замони муосир дар [[Ҳиндустон]], [[Непал]], [[Бангладеш]] ва берун аз қитъаи [[Осиёи Ҷанубӣ]]: Африқои Шарқӣ ва Ҷанубӣ, Амрикои Ҷанубӣ ва Марказӣ, [[ИМА]], [[Канада]], [[Аврупо]], [[Австралия]], [[Зеландияи Нав]], ҷазираҳои Бали ва Ява паҳн шудааст.
 
Муфассал нигаред:
* [https://ru.wikipedia.org/wiki/Индуизм_по_странам Аз Википедияи русӣ/Индуизм по странам]
 
== Эзоҳ ==