Ноҳияи Айнӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 162:
*Радиои маҳаллӣ
*Рӯзномаи "Файзи Зарафшон".
РӮЗНОМАИ “ФАЙЗИ ЗАРАФШОН” СОБИҚ “МЕҲНАТ”
85-СОЛА ШУД
Соли 1934 аввалин маротиба рӯзномаи ноҳия бо номи “Барои чорводори сотсиалистӣ” аз чоп баромад ва дар назди он вазифаҳои хеле муҳим: коллективонаи хоҷагии қишлоқ, ташкили корхонҳои саноатӣ ва ба ҳаёти нав қадам мондани одамон меистад. Баъдан аз соли 1942 номи рӯзнома “Роҳи коммунизм”- ро гирифт. Дар даврони ҶБВ рӯзнома бештар барои сафарбар кардани ҷавонон ба ҷанги хонумонсӯзӣ Германия ва ёрӣ аз ақибгоҳ ба фронт корҳои назаррасро иҷро додааст.
Аз соли 1962 то соли 1966 рӯзнома номи “Зарафшон” – ро гирифта, барои ду ноҳия : -Айнӣ ва Панҷакент хизмат мекард. Яъне мардуми ду ноҳияи водии Зарафшон соҳиби як газета буданд. Дар ин давра рӯзнома бештар аз дастовардҳои партияи коммунистӣ, тарғиби чорводорон, коргарону меҳнаткашон ва саноатчиёнро ба роҳ монда буд. Мутаасифона баъди аз нав ташкил шудани ноҳия рӯзнома бо номи “Зарафшон” дар ноҳияи Панҷакент монд ва то имрӯз фаъолият дорад.
Рӯзномаи “Меҳнат” соли 1966 таъсис дода шуд, ки муҳаррири он шоири шинохта ва ҳаҷвнигори барҷаста, шодравон Мирзо Маҳмуд буданд. Баъд аз соли 1968 то соли 2009 муҳаррир, шоир Субҳон Туйғунов, аз соли 2009 то соли 2014 Холиқдоди Қурбон ва аз соли 2014 то 2019 Муҳаммадносири Насрулло ба ҳайси муҳаррир кору фаъолият кардаанд. Имрӯз ин вазифаи пурмасъул бар дӯши Шамсиддин Халифаев вогузошта шудааст.
То ба имрӯз 5962 шумора рӯзнома дастраси хонандагон гаштааст. Дар даврони таъсис додани тиражи рӯзнома 300-400 нусхаро ташкил медод. Сипас дар охири солҳои 60 –уми асри гузашта то барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ тиражи рӯзнома ба 9 ҳазор нусха расонида шуд. Дар ҳамин давра шумораи коргарони эҷодӣ ба 14 нафар расида буд. Шумораи матбаачиёни ноҳия 8 нафарро ташкил медод.
Дар пешрафти кори рӯзнома солҳои 80-90 –уми асри гузашта саҳми Субҳон Туйғунов, Насриддин Қамаров, Ҷумъа Арбобов, Ғаффор Нуъмонов, Адҳам Ҳусейнов рӯҳи ҳамаашон шод бод, Муин Исоев, Хайрулло Юсуфӣ, Шараф Қоштиев, Шукӯҳи Закотов, Мусо Алиев ва чанде дигарон дар рушди кори эҷодии рӯзномаи “Файзи Зарафшон”(“Меҳнат”) саҳми босазо доранд. Ҳамзамон, заҳмати шабонарӯзии сангини матбуотчиён Зариф Раҳимов, Раҳимҷон Муҳиддинов, Абдузоҳир Розиқов, Зафар Самадов, Фахриддин Қаноатов, Моҳбибӣ Боева, Рисолат Шукурова, Бибибадал Каримова, Салоҳиддин Амаков, Уктам Саидов ва Малик Зарифов хеле назаррас аст. Рӯзномаи “Файзи Зарафшон” собиқ (“Меҳнат”) барои бисёр шахсон, ки солҳои гуногун дар он кор кардаанд, мактаби таҷриба, обутоби идеявӣ-сиёсӣ, мактаби ҳақиқии эҷодӣ гардид. Бисёр шахсони соҳибмаърифат аз мактаби тарбияи рӯзнома гузашта, имрӯз дар органҳои партиявӣ, матбуоту радио ва телевзиони ҷумҳуриявӣ, вилояту ноҳия сарбаландона кору фаъолият менамоянд.
ЭЙ ЗАРБДОРИ МЕҲНАТ
Моро, ки ифтихорест аз ифтихори “Меҳнат”,
Як умр сарфарозем аз шоҳкори “Меҳнат”.
Меҳнат, ки дар дили мо як умр дона дорад,
Хонем хештанро пайваста ёри “Меҳнат”.
Аз мо расон ба ёрон, эй корвон, дуруде,
Вақте гузорат афтад дар раҳгзори “Меҳнат”.
Ёбем ҷони дигар, тобу тавони дигар,
Бо ёди ҷонфишонӣ дар корзори “Меҳнат”.
Дидам, ки сабт гашта бо рангҳои тоза,
Маънии зиндагонӣ андар шиори “Меҳнат”.
Гӯем аз дилу ҷон: бодо муборак идат,
Эй рӯзномаи мо, эй зарбдори меҳнат!.
Доро НАҶОТ
“ФАЙЗИ ЗАРАФШОН”
 
==Ташкилотҳои ғайридавлатӣ==