Қаламравҳои иттифоқӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
илова
Сатри 1:
''' Қаламравҳои иттифоқӣ''' — як навъи тақсимоти маъмурӣ дар [[Ҳиндустон|Ҷумҳурии Ҳиндустон]] мебошад. Бар хилофи [[иёлат]]ҳои [[Иёлатҳои Ҳиндустон]], ки ҳукуматҳои худро доранд, қаламравҳои иттифоқӣ одатан ҳудудҳои федералӣ мебошанд, ки бевосита аз ҷониби ҳукумати марказии [[Ҳиндустон]] идора карда мешаванд.
 
[[Волоияти қаламрав]]  — яке аз усулҳои идораи ҳудуди [[давлат]], ки дар татбиқи ҳокимияти олии давлат нисбат ба ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ҳудуди он ифода меёбад.
Волоияти қаламрав қисми таркибии истиқлоли давлат ба шумор рафта, дар ҳудуди як давлат фаъолияти ҳокимияти оммавии давлати дигарро истисно мекунад. Давлат дар ҳудуди худ ҳокимияти олиро ба воситаи низоми мақомоти давлатӣ дар соҳаҳои қонунгузорӣ, иҷроия, маъмурӣ ва судӣ амалӣ менамояд. Волоияти қаламрав дар он низ зоҳир мегардад, ки давлат дар ҳудуди худ, мутобиқи қонун, метавонад нисбати шаҳрвандон воситаҳои маҷбуркуниро истифода барад. Волоияти қаламрави давлат бо ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ низ иртибот дошта, ҳуқуқи мақомоти маъмурӣ ва судӣ оид ба баррасӣ ва ҳалли баҳсҳои гуногун дар ҳудуди мушаххас дар доираи ваколати ин мақомот сурат мегирад.<ref>[https://tg.wikipedia.org/wiki/Волоияти_қаламрав Аз википедияи тоҷикӣ Волоияти_қаламрав] </ref>
== Замина ==
Вақте, ки Конститутсияи Ҳиндустон дар [[соли 1949]] қабул карда шуд, танҳо як қаламрави иттифоқӣ буд: [[Ҷазираҳои Ондомон ва Некӯбор]].<ref>{{Cite web|url=http://www.wdl.org/en/item/2672/view/1/9/|title=Original unamended constitution of India, January, 1950|accessdate=17 April 2014}}</ref> [[Деҳлӣ|Ноҳияи миллии пойтахт Деҳлӣ]], [[Чандигар]] ва [[Локшодвип]] тавассути ҷудо кардани ҳар як қаламрав аз иёлатҳои қаблан вуҷуддошта,[[Домон ва Диу]] ва [[Пудучери]] аз қаламравҳои ба даст омада, ки ба Ҳиндустони Португалия ё Фаронса тааллуқ доштанд, ташкил карда шуданд.