Шоҳаншоҳии Ашконӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Сарчашма: ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
No edit summary
Сатри 35:
 
=== Давраи ҳукмронии Фарҳоди V ===
Соли 2 то милод Фарҳоди V ба тахт нишаста, баъди ду сол ба қатл расонда шуд. Тахти портҳо бе подшоҳ монд ва ашрофи порт ба Август муроҷиат карданд, ки яке аз писарони Фарҳоди IV-ро, ки Муза онҳоро дар Рим пинҳон карда буд, барои подшоҳӣ бифиристанд. Барои сарварӣ ба сулола [[Вонони I]] фиристода шуд. Пас аз ӯ соли 12-и милод Артабони III соҳиби тахт гардид. Дар давоми подшоҳии тӯлониаш Артабони III ҳудуди кишварашро хеле васеъ карда, мамлакати мутамарказеро ба вуҷуд овард. Минбаъд набераи Фарҳоди IV (соли 35) Тиридоти III ба тахт соҳиб мегардад, вале пас аз муддате аъёну ашроф, ки хулқу атвори римишудаи ӯро қабул надоштанд, Артабони солҳои қаблӣ дар Гургон (Ҳирканиё) дарвешгардидаро пайдо карда, ба тахт нишонданд. Пас аз фавти Артабон (соли 38) Гударз (Готарз) соҳиби Порт мегардад. Гударз ҳам мисли Артабон мустақиман аз аҷдоду авлоди Ашкониён набуд. Баъдан Порт байни Гударз ва бародараш Вардан тақсим меша­вад, вале ба зудӣ дар шикоргоҳ Вардан ба қатл мерасад. Вонони II – меросбари Гударз фақат чанд моҳ тахт­нишинӣ кард ва фармонбардорона Модро ба бародараш Пакор ва Арманро ба бародари Тиридот бахшид. Дар давраи ҳукмронии Вологези I (соли 80) асосан маданияти портҳо ба тариқи шарқӣ рушд ёфт. Вологез баъди ҷангҳои шадид бо римиён ба тахти Арман бародараш Тиридотро нишонд, ки минбаъд саравлоди Ашкониёни Арман маҳсуб мегардад.
 
=== Ибтидои асри 1 м. ===