Воронеж: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 4:
|кишвар = Русия
}}
'''Воронеж''' — [[шаҳр]] дар [[Русия]], маркази [[вилояти Воронеж]]. Дар соҳили д. Воронеж, 12 км дуртар аз резишгоҳи он ба д. Дон воқеъ аст. Аҳолиаш 1, 01 млн нафар (бо атрофаш 1,2 млн нафар, 2014). Аз Воронеж хатти р. о.-и Марказ — Ҷануб, роҳҳои автомобилгарди Маскав — Ростови лаби Дон, Курск — Саратов мегузаранд. Ду фурудгоҳ, аз ҷумла фурудгоҳи байналмилалӣ дорад.
[[Акс:Памятник Петру 1.JPG|thumb|250px]]
'''Воронеж''' — вилоят дар [[Федератсияи Русия]]. Соли таъсисаш 13 июни 1934. Дар Черноземяи Марказӣ воқеъ гардидааст.
 
Дар ҷануб бо вилояти Лугански Украина ва вилояти Ростов, дар ғарб бо вилояти Белгород, дар шимолу ғарб бо вилояти Курск, дар шимол бо вилоятҳои Липеск ва Тамбов, дар ҷанубу шарқ бо вилояти Волгоград, дар шарқ бо вилояти Саратов ҳамсарҳад аст. Ба округи федералии Марказ дохил мешавад. Масоҳаташ 52,4 ҳазор км<sup>2</sup>. Аҳолиаш 2,3 млн нафар (2014). Маркази маъмуриаш — ш. Воронеж, Мақоми олии қонунбарор — Думаи вилоятӣ, иҷроия — маъмурият (ҳукумат)-и вилоят. Воронеж ба 32 ноҳия тақсим мешавад, 15 шаҳр (аз ҷумла 4 шаҳри тобеи вилоят), 21 шаҳрак дорад. Шаҳрҳои бузургаш: Воронеж, Борисоглебск, Россош, Острогожск, Поворино.
 
== Таърих ==
Воронеж дар ҷойи шаҳри қадими рус дар ҳайати князии Рязан бунёд гардидааст. Бори аввал дар солномаҳои соли 1177 ва 1237 дар робита ба ҳуҷуми Ботухон зикр ёфтааст. Солҳои 1585-86 дар он қалъае сохтанд, ки ба ҳайати хатти мудофиавии Белгород дохил мешуд. Дар асри 17 Воронеж маркази бузурги савдо дар қисми ҷанубу шарқии аврупоии Руссия буд. Аз соли 1682 маркази епархия (вилояти тобеи епископ), дар замони роҳпаймоиҳои Азов (1695- 96) маркази киштисозии флотилияи Азов буд. Соли 1696 дар Воронеж корхонаи киштисозӣ ва таъмири киштӣ, баъдтар қалъа ва адмиралитейство сохта шуданд. Аз соли 1711 маркази губ. Азов, аз соли 1725 маркази губернияи Воронеж, солҳои 1779-96 маркази мулки Воронеж. Дар асри 19 маркази бузурги савдову саноат бо корхонаҳои коркарди ашёи кишоварзӣ буд. Баъд тавассути хатти р. о. бо Маскав (1868) ва Ростови лаби Дон (1871) алоқа пайдо кард. 12 ноябри 1917 дар Воронеж Ҳокимияти Шӯравӣ барқарор карда шуд. Дар солҳои панҷсолаҳои пешазҷангӣ дар Воронеж корхонаҳои бузурги мошинасозӣ, кимиё, саноати сабук ва хӯрокворӣ сохта шуданд. Дар солҳои ҶБВ (1941-45) дар натиҷаи ҷангҳои шадид Воронеж (бахусус соҳили чапи он) сахт хароб гардид. 25 январи 1943 аз фашистон озод карда шуд.
Нахустин бошишгоҳҳои одамон дар ҳудуди Воронеж ба ибтидои асри санг тааллуқ дорад. То ташкили давлати Рус дар ин ҷо қабилаҳои бодиянишин: печенегҳо (асрҳои 9-10), половетсҳо (асрҳои 11-12) ва ғ. маскун буданд. Қисми шимолу ғарбии вилояти ҳозира дар асрҳои 12-15 ба ҳайати Хонии Рязан дохил мешуд. Славянҳо дар водии д.-ҳои Воронеж ва Дон зиндагӣ мекарданд. Дар асри 16 заминҳои Воронеж ба ҳайати давлати Рус дохил карда шуданд. Дар охири асри 16 дар сарҳадҳои ҷанубу шарқии давлати Рус (ҳудуди Белгород) силсилаи иншооти муҳофизатӣ бунёд гардиданд. Қарори Пётри I дар бораи бунёди корхонаи киштисозӣ ва таъмири киштӣ дар Воронеж, ки баъд дар заминаи он аввалин флоти рус сохта шуд, омили муҳимми рушди кишвар гардид. Соли 1711 дар ин ҷо губ. Азов ташкил карда шуд, ки он соли 1725 ба губ. Воронеж табдили ном кард. Соли 1779 губерния ба вилоят ва соли 1796 боз ба губерния табдил дода шуд. Дар охири асри 18 — миёнаҳои асри 19 губ. Воронеж ба ноҳияи бузурги кишоварзӣ табдил ёфт, зичии аҳолӣ се баробар афзуд. Дар нимаи дуюми асри 19 махсусгардӣ ба соҳаи аграрӣ боиси аз губерния рафтани қувваи кор шуд. Соли 1928 вилояти Черноземяи Марказӣ (марказаш ш. Воронеж) ташкил карда шуд, ки собиқ губ.-ҳои Воронеж, Тамбов, Курск ва Орёлро муттаҳид мекард. 13.6.1934 вилояти Чернозёмяи Марказӣ ба вилоятҳои Воронеж ва Курск тақсим гардид. 27 сентябр 1937 аз ҳайати Воронеж вилояти Тамбов ҷудо шуд. Воронеж дар қисми марказии ҳамвории Аврупои Шарқӣ, дар ҳавзаи ҷараёни миёнаи д. Дон воқеъ буда, қисми ғарбиаш дар Баландии Миёнаи Рус, шарқиаш дар ҳамвории Окаю Дон ва баландии Калач (то 234 м) ҷой гирифтааст. Дар Воронеж конҳои масолеҳи бинокорӣ (хоро, оҳаксанг, регсанг, ашёи хоми семент) амал мекунанд. Дар ҳудуди ноҳияҳои Семилуки, Хохолский захираи фосфоритҳо мавҷуд аст. Вилоят захираҳои калони никел, бӯр ва платина дорад. Иқлимаш континентии муътадил. Ҳарорати миёнаи январ аз — 8,5 то — 10,5<sup>0</sup>С, июл аз 19,6 то 21,8<sup>0</sup>С. Боришоти солона дар шимолу ғарб 600 мм, дар ҷанбу шарқ то 450 мм. Дар ҳудуди вилоят 738 кӯл ва 2408 ҳавз ҷойгир буда, 1343 дарёи дарозиаш беш аз 10 км ҷорӣ мешавад. Ҳамаи дарёҳои вилоят ба ҳавзаи Дон мансубанд. Шохобҳои асосии Дон: Ведуга, Девитса, Потудан, Тихая Сосна, Чёрная Калитва, Воронеж — Битюг, Осеред. Қариб 10 дарсади майдони вилоят аз бешазор иборат аст. Аз ҳайвонот гург, рӯбоҳ, саги енотмонанд, заргӯш, юрмон ва ғ. вомехӯранд. Дар дарёҳо ва ҳавзҳои вилоят шӯртан, суфмоҳӣ, лаққамоҳӣ, зағорамоҳӣ, моҳии сурхбол, аломоҳӣ, симмоҳӣ ва ғ. ҳастанд.
 
== Саноат ва кишоварзӣ ==
Воронеж-и муосир бузургтарин маркази саноатӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, шаҳри асосии Черноземяи Марказӣ мебошад. Соҳаҳои асосии саноат: мошинасозӣ (истеҳсоли ҳавопаймоҳо, муҳаррикҳо барои ракетаҳо, таҷҳизоти челонгарию манганакунӣ, экскваторҳо, дастгоҳҳо ва ғ.), радиоэлектроника (истеҳсоли телевизор), кимиё (истеҳсоли каучуки синтезӣ, пластмасса). Соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, истеҳсоли мебел ва масолеҳи бинокорӣ тараққӣ кардаанд.
Воронеж ноҳияи бузурги саноатию аграрӣ аст. Дар вилоят саноати мошинасозӣ (истеҳсоли мошинаҳои оҳангарию манганакунӣ, экскватор, таҷҳизоти саноати маъдантозакунӣ, дастгоҳҳои филиззбурӣ, мошинҳои кишоварзӣ, телевизор, радио, самолёт — аэробусҳои мусофиркаш), электроэнергетика ва кимиё (истеҳсоли каучуки синтезӣ, шинаи мошин, дорувор), масолеҳи бинокорӣ (семент, тахтаҳои сафолӣ, рангҳои минералӣ) ривоҷ ёфтааст. Вилоят корхонаҳои равған, қанд, гӯшт ва ғ. дорад. Соҳаҳои асосии кишоварзӣ: ғаллакорӣ ва чорводорӣ. Бештар гандуми тирамоҳӣ, ҷав, офтобпараст, лаблабуи қанд, инчунин зироати техникӣ, картошка ва сабзавот мекоранд. Барои гӯшту шир гов, хуку гӯсфанд, асп ва паранда мепарваранд.
 
Дар Воронеж Институти давлатии лоиҳакашию технологии мошинасозии оҳангарию манганакунӣ, пажӯҳишгоҳи физикаву кимиё, филиалҳои як қатор ин-тҳои таҳқиқоти илмии умумируссиягӣ, Донишгоҳи давлатӣ (1918), донишгоҳҳои кишоварзӣ, омӯзгорӣ, техникӣ, меъморию бинокорӣ, ин-тҳои ҳарбии авиатсияи муҳандисӣ, радиоэлектронӣ ва дигар мактабҳои олӣ, осорхонаҳои кишваршиносӣ, бадеии ба номи И. Н. Крамский, адабӣ (осорхонаи инфиродии шоир И. С. Никитин), театрҳои драма, опера ва балет, тамошобини наврас, лӯхтак фаъолият доранд. Ёдгориҳои меъморӣ: калисоҳои Успенский (1694—1702) ва Николский (1720), қасри Воронеж (асри 18) ва ғ.
Аз ҳудуди вилоят шоҳроҳҳои автомобилгарди федералии Маскав — Воронеж — Ростови лаби Дон, Тамбов — Воронеж — Курск — Белгород, Воронеж — Саратов мегузаранд. Тӯли роҳҳои автомилгард — 9070 км, р. о. — 1189 км. Дар д. Дон ду бандари дарёӣ — Лисинск ва Воронеж фаъолият доранд, ки киштигардиро бо баҳрҳои Азов, Каспий ва Сиёҳ таъмин мекунанд. Тӯли роҳҳои киштигарди дохилӣ — 573 км. Фурудгоҳи байналмилалӣ дорад. Бузургтарин хатти лӯлаҳои газ: Ставропол — Маскав ва Шебелинка — Острогорск. Дар Воронеж Донишгоҳи давлатии Воронеж, донишгоҳҳои техникаи ҷангал, омӯзгорӣ, техникӣ, академияи тиббӣ, филиалҳои дигар мактабҳои олии Руссия фаъолият доранд. Дар вилоят қариб 50 осоишгоҳу истироҳатгоҳ амал мекунад. Барои муҳофизати ҳайвонот мамнуъгоҳҳои «Воронеж» (31 ҳазор га), «Хопёр» (16,2 ҳазор га), қӯруқи «Каменная стена» (5,2 ҳазор га) ташкил карда шудаанд. Осорхона — мамнӯъгоҳи бостоншиносии «Котёнки», осорхона — мамнуъгоҳи табиии таъриху бостоншиносии «Дивногоре» мавҷуданд.
 
== Эзоҳ ==
Line 21 ⟶ 18:
 
== Адабиёт ==
* Гринко А. И. В боях за Воронеж. Воронеж, 1985; Воронеж в документах и материалах. Воронеж, 1987; Воронеж — колыбель флота русского. Воронеж, 1995; Воронеж: культура и искусство. Воронеж, 2006.
* Гришин Г. Т. ''Воронежская область.'' Воронеж, 1967;
* Загаровский Воронеж П. ''История Воронежского края от А до Я.'' Воронеж, 1982;
* Загаровский Воронеж П. ''История вхождения Центрального Черноземья в состав Российского государства в XVI веке.'' Воронеж, 1991;
* ''Воронежская область: Атлас.'' Новосибирск, 2009.
 
== Сарчашма ==