Таҳмина Раҷабова: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ Android app edit
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ Android app edit
Сатри 22:
 
== Зиндагинома ==
Таҳмина Раҷабова 29 июни соли 1982 дар шаҳри [[Душанбе]] ба дунё омадааст. Модараш духтур ва падараш иқтисоддон буданд. Аз соли 1989 то синфи сеюм дар мактаби миёнаи ба номи [[Малика Собирова]] ва ҳамзамон дар бахши мусиқии ([[фортепиано]]) таҳсил мекард. Чун вазифаи хидматӣ падарашро озими Маскав намуд, оилаи онҳо муваққатан ба онҷо рафтанд. Тахмина дар мактабҳои онҷо ду сол ба забони русӣ таҳсил намуд.
 
Баъди бозгашти хонаводаашон ба Тоҷикистон, Таҳмина мактаби миёнаро дар шаҳри Душанбе хатм намуда<ref name=":1">Арафамоҳи САЪДУЛЛО. ''Тахмина Раҷабова: Тавоно ҳаргиз дар нахоҳад монд.'' «Чеҳра» Маҷаллаи иттилоотӣ, фарҳангӣ, фароғатӣ ва рекламавӣ. № 10, 2011. С. 12-13.</ref>, ҳуҷҷатҳояшро ба факултети ҳуқуқи филиали Донишкадаи равобити миллӣ ва минтақавии [[Маскав]] дар Душанбе (Московский Институт национальных и региональных отношений) супурд. Пас аз хатми курси аввал бино бар сабаби оиладор шудан ӯ ба донишгоҳ нарафт ва ӯро хориҷ карданд<ref>{{Cite news|title=Браво Таҳмина!|author=Рустам Азимов|url=https://tajikistantimes.tj/tajikistan/ta-mina-olibiyatro-dar-ozmuni-yagona-az-da-gona-ba-dast-ovard/|work=Tajikistan times|date=|accessdate=2017-12-06|language=tg}}</ref>.
 
Ӯ аз нав ба [[Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон]] дохил шуда, соли 2006 онро бо ихтисоси ҳуқуқшинос бо баҳои аъло хатм кард<ref name=":1" />.
 
== Оила ==